Зиндагӣ дар давлати мустақил нишон дод, ки танҳо мутахассисон ва одамони чашмикордон ба тараққиёти мамлакат саҳм гузошта метавонистаанд.
Аз ин рӯ, дар низоми имтиҳони қабул ба муассисаҳои таълими олии кишварамон як қатор дигаргуниҳо дохил карда шуданд. Қарорҳои аз ҷониби Президент «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба такмил додани низоми қабул тавассути имтиҳонҳои тест ба муассисаҳои таълими олӣ» ва Девони Вазирон «Дар бораи ба амал татбиқ намудани низоми сертификатҳои баҳогузории миллӣ ва байналхалқӣ ҳангоми қабул ба муассисаҳои таълими олӣ» ин гуфтаро тасдиқ менамояд.
Чанде пеш ба мақсади бо мазмуну моҳияти ҳамин қарорҳо ошно намудани ходимони воситаҳои ахбор ва ба воситаи онҳо шинос кардани аҳли ҷомеаи васеъ дар Маркази матбуоти миллии пойтахт бо иштироки ходимони Маркази давлатии тест нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ қайд гардид, ки аз соли ҷорӣ барои дохил шудани абитуриентон ба бакалавриати муассисаҳои таълими олии давлатӣ танҳо тавассути Маркази хидматҳои давлатӣ ё портали хидматҳои давлатии интерактиви ягонаи Ӯзбекистон муроҷиат карда мешавад. Имтиҳонҳои тест аз рӯйи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ моҳҳои июл-август баргузор хоҳад шуд. Аз оғози соли хониши нав абитуриент метавонад дар як вақт барои дохил шудан ба муассисаи таълими олӣ мутобиқ ба маҷмӯи фанҳо ҷамъ дар се озмуни самти таълими бакалавриат иштирок намояд. Аз довталабоне, ки солҳои хониши гузашта муассисаҳои таълими миёнаро хатм намудаанд, барои иштирок дар озмунҳои тест дар баробари ними маоши камтарин маблағ рӯёнда мешавад.
Маълумот, оиди холҳои бадастдаровардаи абитуриент дар имтиҳонҳои тест, субҳи рӯзи дигар ба ӯ пешниҳод карда мешавад. Ҳамчунин ӯ маълумоти зарурро доир ба дохил шудан ё нашудан ба ин ё он муассисаи таълими олӣ, баъди як ҳафта, тавассути веб-сайти Маркази давлатии тест гирифта метавонад.
Аз қабули соли хониши 2020-2021 сар карда маҷмӯи фанҳои тестшаванда ба ду гурӯҳ тақсим мешавад. Ба гурӯҳи якуми тестсупоранда се фанни маҷбурӣ – забони модарӣ, математика ва таърихи Ӯзбекистон дохил карда мешавад.
Таъкид гардид, ки оянда дар марказҳои маъмурии Қароқалпоқистон, шаҳри Тошканд ва вилоятҳо барои баргузории имтиҳонҳои тест бино ва иншоотҳои бузургҳаҷм сохта мешаванд.
Баромадкунандагон ҳамчунин изҳор доштанд, ки бунёд кардан, ҷиҳозонидани биноҳо ва баргузории имтиҳонҳои тест маблағи зиёдро тақозо мекунад. Бо вуҷуди ин давлатамон ба мақсади таъмин намудани шаффофият дар имтиҳонҳои қабул, пешгирии қонуншиканиҳо саъю кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳад.
Ба фикри мо, аз баргузории чорабиниҳои гуногун мақсад якто – қабули ҷавонони бодонишу боистеъдоду муносиб ба муассисаҳои таълими олӣ ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакат мебошад.
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».