МАҚСАД ТАҚДИМ НАМУДАНИ МАЪЛУМОТИ БОЭЪТИМОДУ ХОЛИСОНАИ ОМОРӢ

Дар Маркази матбуоти миллӣ таҳти мавзӯи «Чораҳои боз ҳам такмил додани холисӣ ва рӯзмаррагии ахбори статистика, ки рафти ислоҳотро дар нуқта ва соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ равшан мекунанд» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Ҷонишини раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба омор И.Анварҷонов ва дигарон қайд карданд,  ҳукумат барои истифодабарандагон оиди таъмини кушодӣ, ошкороӣ ва шаффофии маълумотҳои расмии статистика ба дараҷаи максималӣ чораҳо меандешад. Ғайр аз ин аз ҷониби кумита эътиборан аз 1 ноябри соли 2017 шакли нави сайти расмии www.stat.uz кор карда баромада ва мавриди истифода қарор дода шуд. Шакли нави сайт дар интерфейс, ки барои истифодабарандагон қулай аст, барқарор гардид. Тамоми маълумотҳо бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ ҷойгир шудаанд. Бобати равшан намудани ҳолати иҷтимоию иқтисодии мамлакатамон аз инфография, диаграмма, видео, мақола, маводҳои таҳлилӣ барин шаклу усулҳои замонавӣ истифода бурда, бо воситаҳои ахбори оммавӣ ҳамкориҳои наздик ва самаранок ба роҳ гузошта шудаанд, таъкид ёфт дар анҷуман, аз саҳифаҳои нуқтаи иҷтимоии Facebook ва гурӯҳи мессенҷерии Telegram-и Кумитаи давлатии омор низ маълумотҳои даркориро пайдо кардан мумкин. Ҷиҳати такмил додани усул ва услубиёти ҳисоботи статистика ва ҳамоҳангсозии онҳо бо стандартҳои эътирофшудаи байналхалқӣ Кумитаи давлатии омор бо Комиссияи иқтисодии Аврупои СММ, Сандуқи асъори байналхалқӣ, Евростат ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ, институтҳои омор ҳамкориҳоро ба роҳ гузоштааст. Вақтҳои охир, хусусан, мушоҳидаҳои статистикии корхонаҳои хурд, микрофирмаҳо, хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ такмил дода шуданд, доираи ин гуна назоратҳо дар секторҳои гуногуни иқтисодиёт васеъ гашт, услуби нави ҳисобу китоби дараҷа ва мониторинги беқурбшавӣ ҷорӣ гардид.
Аз ҷониби Кумитаи давлатии омор дар муассисаҳои таълими олии пешбар ба таври мунтазам анҷуман ва суҳбатҳои даврӣ гузаронида ва рафти мулоқотҳо дар саҳифаҳои ВАО равшан карда мешаванд.
Дар давоми анҷумани матбуотӣ рафти ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ, ки дар мамлакатамон ба амал бароварда мешаванд, дар намуди таҳлилҳои қиёсии оморӣ тақдим гардонда шуданд. 

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: