МАҚСАД ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

ё худ эътибор ба намудҳои техникӣ ва амалии варзиш

Тавре ки маълум аст, имрӯз дар мамлакат оид ба инкишоф, тарғибу ташвиқ ва оммавӣ гардондани намудҳои техникӣ ва амалии варзиш, аз ҷумла картинг, автокросс, автораллӣ, мотокросс, триатлон, дуатлон, бисёрҳарбаи ҳарбию амалӣ, биатлони тобистона, тирпарронӣ, авиамодел, ракетамодел, киштимодел ва ғайра корҳои зиёде амалӣ мешаванд. Бинобар ин намудҳои варзиш ҳамватанони мо дар мусобиқаҳои миқёси байналхалқӣ ба комёбиҳои беназир муваффақ мегарданд. 
Бояд гуфт, ки ҳоло дар кишвар ба мақсади таъмини иҷрои Қарори Сарвари давлат аз 12 декабри соли 2018 «Дар бораи минбаъд такмил додани чораҳои рӯҳан ватанпарварӣ ва ҷисмонан солим тарбия кардани ҷавонон ва такмил додани тартиби тайёркунии даъватиён ба ихтисоси ҳарбию техникӣ» аз ҷониби ташкилотҳои масъул корҳои васеъмиқёс татбиқ мешаванд. Ба мақсади таъмини иҷрои банди 16-уми қарори номбурда бо ташаббуси Шӯрои марказии ташкилоти ба мудофиаи Ӯзбекистон кӯмакрасон – «Ватанпарвар» якҷо бо Оҷонсии ахбори миллии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радио, Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурӣ бобати дар доираи васеъ равшан кардани намудҳои техникӣ ва амалии варзиш, ҳамчунин оммавӣ гардондани онҳо тавассути воситаҳои ахбори оммавии ҷумҳурӣ медиа-нақша имзо шуда, аз ҷониби Девони Вазирон тасдиқ гардид. Ба ҳамин муносибат дар Маркази матбуоти миллии пойтахт нишасти матбуотӣ баргузор шуд. 
Таъкид гардид, ки медиа-нақшаи мазкур аз 26 банд иборат буда, барои дар байни ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон тарғиб кардани намудҳои техникӣ ва амалии варзиш, ҳамчунин оммавӣ гардондани тарзи ҳаёти солим хидмат мекунад. Мувофиқи дастури номбурда тӯли сол барномаи шабакаҳои телевизионии кишвар, ширкатҳои телевизион ва радиои ҳудудӣ намоиши корҳои вобаста ба инкишоф додан ва оммавӣ гардондани намудҳои техникӣ ва амалии варзиш, мазмуну моҳият ва вазифаҳои дар қарори Президенти кишвар баррасишуда, ташкил ва баргузор намудани мусобиқаҳо роҳандозӣ ва ба таври ҳамешагӣ намоиш дода мешаванд. 
Шоистаи қайд аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти «Ватанпарвар» инкишоф додан ва оммавӣ гардондани намудҳои техникӣ ва амалии варзиш, дар байни шаҳрвандон ва наврасону ҷавонон оммавигардонӣ ва тарғиб кардани онҳо мебошад. Ҳамчунин, ташкилот ба баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, таъмини иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналхалқӣ масъулияти хосса дорад. Алҳол дар байни ҷавонон ва ҳаваскорон аз ҷониби ташкилоти  «Ватанпарвар» картинг, мотокросс, триатлон, пойгаҳои автомобилӣ, бисёрҳарбаи автомобилӣ, тирпарронӣ, биатлони тобистона, авиамодел, дуатлон барин намудҳои техникӣ ва амалии варзиш оммавӣ гардонда мешаванд. 

М.МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: