МАҚСАД ТАҲКИМИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ

14 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии ду давлат баргузор гардиданд, анҷом ёфт.

 Ба ин муносибат шоми 14 ноябр дар шаҳри Душанбе консерти муштарак таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» бо иштироки ҳунарпешагони тоҷик ва ӯзбек баргузор шуд.
Барномаро муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Одилзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидояти сарони олимақоми ҳарду давлат баргузор шуданд. Тайи чанд рӯзе, ки ҳунармандони ӯзбек дар мамлакати мо ҳунарнамоӣ намуданд, он ба як падидаи гуворои фарҳангӣ мубаддал гардид».
Дар тақвияти суханони муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов  иброз дошт, ки «мардумони тоҷик ва ӯзбек аз қадим дар ҳамсоягиву бародарӣ зиста, урфу одат, анъана, тарзи рӯзгордории ягона доранд. Дар дунё мисли тоҷику ӯзбек дигар ду халқе нест, ки то ин андоза ба ҳам қарин бошанд».
Сипас барномаи муштараки консертӣ бо иштироки ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, ансамбли «Мақом» ва ансамбли рақсии «Тошкент зеболари» ҳунари волои худро манзури бинандагон намуданд.
Аз Тоҷикистон ҳунармандони маъруф Давлатманд Холов, Афзалшо Шодиев, Нигина Амонқулова, Бахтиёр Иброҳимов ва дигарон ба барномаи «Шоми дӯстӣ» таровати тоза зам намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон 11 ноябр оғоз ёфта буданд. Дар ин муддат барномаҳои консертӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва ноҳияи Данғара доир шуданд. Ба ин барномаҳо ҳамчунин намоиши расмҳо ва аксҳо  дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ зам шуд.
Ҳайати Рӯзҳои фарҳангӣ аз ҷойҳои ҷолиби  мамлакат, аз қабили Осорхонаи миллии бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва мавзеъҳои фарҳангиву фароғатии Боғи Ирам, Боғи Алишер Навоӣ ва Боғи Куруши Кабир боздид ба амал оварданд.
11 ноябр дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Бахтиёр Сайфуллоев ва ҳайати расмии Рӯзҳо бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода вохӯрӣ анҷом дод.
13 ноябр ҳайати Рӯзҳои фарҳангӣ бо роҳбарии Сафири Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар намуд.
Ҳамин тариқ, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишвари ҳамсоя бори дувум бомуваффақият гузашт. 

АМИТ «Ховар» – 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: