МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ

ҲАМЧУН ҲУҶҶАТИ РАСМИИ АССАМБЛЕЯИ ГЕНЕРАЛИИ СММ ҚАБУЛ ШУДА, БА 6 ЗАБОНИ РАСМИИ СОЗМОН ПАҲН КАРДА ШУД

Мақсад ва вазифаҳои  Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 ҳамчун ҳуҷҷати расмии иҷлосияи 76-уми Ассамблеяи Генералии СММ қабул шуд.
Ҳуҷҷат дар маҷаллаи созмон ба ҳама забонҳои расмӣ нашр, дар байни давлатҳои аъзо ва воҳидҳои сохтории СММ васеъ паҳн карда шуда, инчунин дар Низоми ҳуҷҷатҳои расмӣ таҳти рақами A/76/684 ҷойгир карда шудааст.
Дар ҳуҷҷати дар СММ нашршуда таъкид меёбад, ки Ҳукумати Ӯзбекистон оид ба иҷрои мақсадҳо дар соҳаи рушди устувор андешидани чораҳои амалиро идома медиҳад. Ба татбиқи Стратегияи пешинаи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди мамлакат дар солҳои 2017-2021, ки дар доираи иҷрои он қариб 300 қонун, беш аз 4 ҳазор қарори Президент, ки ба ислоҳсозии куллии  тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷамъият нигаронда шудааст, қабул шуданд, баҳои мусбат дода шуд. 
Ба корҳои низомнок оид ба таъмини ҳуқуқи инсон, пурзӯр гардондани ҳисобдорӣ ва шаффофияти мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани нақши ниҳодҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ, фаъолнокии сиёсии аҳолӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ эътибор дода шуд. 
«Дар натиҷаи ислоҳоти панҷ соли охир дар мамлакат асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию маърифатии барои бунёди Ӯзбекистони Нав зарурӣ фароҳам оварда шуданд», гуфта мешавад дар ҳуҷҷати СММ.  
Дар он мақсад ва вазифаҳои Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 ва Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи он «Дар соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол» баён шудааст.  Гуфта мешавад, ки Стратегия ба идома ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ислоҳот дар соҳаҳои боз ҳам баланд бардоштани некӯаҳволии мардум, рушди соҳаҳои иқтисодиёт, соҳибкорӣ, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои инсон нигаронида шудааст.
Аз ҷумла, самтҳои афзалиятноки Стратегияи нав номбар шудаанд, ки бунёди давлати инсонпарвар бо роҳи баланд бардоштани шаъну шарафи инсон, табдили принсипҳои адолат ва волоияти қонун, рушди босуръати иқтисодиёти миллӣ, гузарондани сиёсати одилонаи иҷтимоӣ, таъмини рушди маънавӣ, муносибат ба мушкилоти ҷаҳонӣ  дар асоси манфиатҳои миллӣ, таҳкими иқтидори амният ва мудофиавии кишвар, пешбурди сиёсати хориҷии ошкоро, прагматикӣ ва фаъол мебошад.
Дар ҳуҷҷат оид ба татбиқи мақсадҳои дар доираи Стратегия муайяншуда, ки ба таҳкими нақши парлумон, такмил додани асосҳои ҳуқуқии барҳам додани коррупсия, минбаъд пурзӯр гардондани нақши ВАО, баланд бардоштани маданияти ҳуқуқӣ ва ҳуқуқшиносии аҳолӣ, инчунин ҳалли муҳимтарин вазифаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар нигаронда шудааст, маълумоти муфассал дода шудааст.  
Таъкид гардид, ки дар қатори ҳадафҳои асосии Стратегия рӯзномаи экологӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад, ки дар он маҷмӯи пурраи корҳо, аз ҷумла бунёди 500 ҳазор гектар майдони сабзи иловагӣ дар қаъри хушки баҳри Арал, то охири соли 2026 то ба 2,5 миллион гектар расондани майдони умумии онҳо, дар Арал татбиқ намудани лоиҳаҳо оид ба ҳифзи биогуногунӣ, пешгирии тағйирёбии иқлим ва эрозияи хок пешбинӣ шудааст. 
Таъкид мешавад, ки Стратегия густариши ҳамкориҳои зичро дар бахшҳои амният, тиҷорат, энергетика, нақлиёт ва фарҳангию гуманитарии Осиёи Марказӣ, инчунин идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо тамоми шарикон ҷиҳати пешбурди ташаббуси СММ “Даъват ба амал барои ҳуқуқи инсон” пешбинӣ мекунад. 
«Умуман татбиқи пайвастаи вазифаҳое, ки Ҳукумати Ӯзбекистон муайян кардааст, бояд бомуваффақият ба ноил шудан ба ҳадафҳои дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ва маърӯзаи Дабири кулли СММ «Рӯзномаи умумии мо», инчунин ба баланд шудани дараҷаи некӯаҳволии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои таъхирнопазири иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ мусоидат намояд», — кайд карда мешавад дар ҳуҷҷати расмии Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид.

АИ «Дунё»,
НЮ-ЙОРК

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: