МАҚСАД – ЁРИИ БОСИФАТИ ТИББӢ

Президент Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон таъкид намуд, ки Самарқанд чун бузургшаҳри дунё ба маркази саёҳӣ ва тиҷорати байналхалқӣ табдил меёбад.

 Аз ин рӯ он ба сифати воҳиди алоҳидаи маъмуриву ҳудудӣ ба тобеияти ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Бешубҳа, дар рушду нумӯи шаҳри азизамон ба роҳ мондани хидмати шоистаи тиббӣ низ хеле муҳим аст. Бинобар ҳамин ҳам ҳоло дар шифохонаи марказии шаҳр корҳои ободонӣ ва тармиму таъмир авҷ гирифтаанд.
Чанде пеш шуъбаи реаниматсияи беморхона аз таъмири хушсифат баромад ва аввалин беморонро қабул кард. Мо ба ҳамин муносибат бо дигаргуниҳои ҷолиби диққати шуъба шинос шудем.
– Дар мо бист сол боз корҳои таъмиру тармим гузаронида нашуда буданд, – гуфт мудири шуъба Мансур Бекмуродов. —Хушбахтона, ҳоло он рӯҳи тоза ва чеҳраи дилнишину гуворо гирифт. Шумо, ба мақоли «шунидан кай бувад, монанди дидан» амал карда, атроф ва дохили онро як давр занед ва баъд  таассуроти худро нависед.
Мо бо роҳбаладии собиқ мудири ин шуъба, шифокори соҳибтаҷриба Ҳабибулло Муртазоев хонаҳои табобат ва ташхисро аз назар гузаронида, ба устоҳои гулдаст тасанно хондем. Зеро долону хонаҳо воқеан зебо буданд. Аз ҳама муҳимаш бо асбобу анҷоми тиббии замонавӣ аз хориҷа муҷаҳҳаз шудаанд.
– Шуъба пештар ҳамагӣ шаш кати табобатӣ дошт, – гуфт Ҳабибулло Муртазоев, – ҳоло ба 15 адад расидааст. Ба як бемор як табиб ва ду ҳамшираи шафқат вобаста мебошанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мувофиқи сиёсати дурандешонаи сарвари давлат ба саломатии мардум диққати махсус дода мешавад.
Ба суҳбати мо сарпизишки беморхонаи марказии шаҳр Аҳмадҷон Бобоҷонов ҳамроҳ шуд.
– Камина аз рӯйи вазифа ва ҷадвали кор ҳар рӯз шуъбаҳои табобатхонаро давр мезанам, – гуфт ӯ баъди салому алейк. 
Бояд таъкид кард, ки дар шифохона 574 нафар, аз он ҷумла 102 пизишки соҳиби маълумоти олӣ, 280 ҳамшираи шафқат кор мекунанд. Танҳо соли гузашта мо беш аз 18 ҳазор корафтодагонро қабул кардем, қариб 2 ҳазор амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.
Дар акс: Аҳмадҷон Бобоҷонов ва Мансур Бекмуродов дар шуъбаи реаниматсия.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: