МАҚСАДИ АСОСИИ БУНЁДКОРИҲО – БАЛАНД БАРДОШТАНИ ОСУДАҲОЛИИ АҲОЛӢ

Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев 10 август барои шинос шудан бо корҳои созандагӣ ва ободонӣ дар шаҳри Тошканд, мулоқот оростан бо мардум ба ноҳияҳои пойтахт ташриф овард.

Дар тӯли солҳои охир дар Тошканд корҳои созандагии мислаш диданашуда татбиқ мегарданд. Имрӯз пойтахт ба майдони бузурги сохтмон табдил ёфтааст. Иншоотҳои нав, корхонаҳо, муассисаҳои тиббӣ ва таълим, маҷмӯъҳои варзишӣ, роҳҳо, кӯпрукҳо, гузарҳои маҳаллаҳо, бозорҳо, боғҳо ва хиёбонҳо ба истифода супурда мешаванд. Корҳо дар ин самт пайваста идома доранд.
Сарвари давлатамон даставвал бо кӯпруки замонавие, ки дар чорроҳаи кӯчаҳои Бунёдкор ва Чӯпонотаи ноҳияи Чилонзор бунёд ёфтааст, шинос шуд.
Дар пойтахтамон ба мақсади таъмин кардани бехатарии ҳаракати роҳ, пешгирӣ намудани тирбандии мошинҳо, фароҳам овардани қулаиҳо барои мусофирон кӯпруку гузаргоҳҳои зиёд бунёд карда мешаванд. Кӯпруки замонавии дар чорроҳаи кӯчаҳои Бунёдкор ва Чӯпонота бунёдёфта яке аз онҳост.
Иншооти нав, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев сохта шудааст, бино бар беҳтар гардондани инфрасохтори роҳи Тошканд бо нигоҳ доштани қиёфаи таърихии он, ба мегаполиси замонавӣ табдил додани шаҳр, фароҳам овардани қулаиҳо ба аҳолӣ қисми муҳими корҳои васеъмиқёс ба ҳисоб меравад.
Дарозии умумии кӯпрук, ки корхонаи «Кӯприк қурилиш трест»-и назди ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» сохтааст, 667,5 метр, дарозии қисми гузаргоҳӣ – 488,5 метр, бараш – 24,5 метр ва баландии он 8 метрро ташкил медиҳад. Дар кӯпрук нақлиёти автомобилӣ дар шаш қатор ҳаракат мекунад. Инчунин ду кӯпруки рӯизаминии пиёдагарди дарозии ҳар якаш 124 метрӣ сохта шуд. Барои фароҳам овардани қулаӣ ба ногироҳо ва куҳансолон лифту эскалаторҳо гузошта шуданд.
Сарвари давлатамон бо корҳои созандагие, ки дар ин ҷо татбиқ гардиданд, шинос шуда, бо бинокорон суҳбат орост.
– Дар мамлакатамон мактаби ба худ хоси кӯпруксозӣ офарида шуд, – гуфт Президент. – Ба бинокорони кӯпруки мазкур миннатдории алоҳида изҳор менамоям. Иншоотҳои минбаъда бояд хушсифат ва мустаҳкам бошанд. Хуллас, кӯпрукҳо бояд ба рамзи иқтидори бунёдкории мо табдил ёбанд.
Дар сохтмони объект қариб 50 адад техника, беш аз 250 коргарон иштирок карданд. 35,7 ҳазор метри мукааб корҳои регӣ ва 42,6 ҳазор метри мукааб корҳои  бетонӣ иҷро шуданд. Дар ҳудуд корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ амалӣ шуда, дарахтҳои манзаравӣ шинонда шуданд.
Ҳангоми лоиҳакашии иншооти нав ба низоми равшаникунӣ эътибори алоҳида дода шуд. Ба кӯпрук чароғакҳои ҷавобгӯи андозаҳои ҷаҳонии каммасраф васл карда шуданд.
Шавкат Мирзиёев зарурати аз нуқтаи назари қулаӣ ва бехавфӣ, таъмин кардани сифати сохтмони кӯпрукҳо мувофиқи талаботи замон пухта кашида шудани лоиҳаи иншоотҳоро таъкид намуд. Бино бар минбаъд баланд бардоштани қулаии истифодаи инфрасохтори маҳаллӣ тавсияҳо дод.
Дар ин ҷо ба сарвари давлатамон дар бораи ҳолати кӯпрукҳои дар пойтахт ва минтақаҳо ҷойдошта, навгониҳо ва нақшаҳои минбаъдаи соҳа маълумот доданд. Лоиҳаи таъмири кӯпрукҳо бо ёрии техникаи махсуси истеҳсоли ширкати «CRAFCO» (ИМА) намоиш дода шуд. Ширкати мазкур бино бар технологияҳои инноватсионии сохтмон ва истифодабарии кӯпруку роҳгузарҳо дар ҷаҳон пешсаф ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат бо лоиҳа шинос шуда, бино бар истифодаи самарабахши технологияи ширкати «CRAFCO», баланд бардоштани ихтисоси мутахассисон супоришоти дахлдор дод.
Президентамон инчунин ба боғи маданият ва истироҳати ба номи Ғафур Ғулом ташриф оварда, бино бар мувофиқи талаботи замон аз нав сохтани он, дар ин ҷо ташкил намудани аквапарки пӯшида ва кушод супориш дод. Қайд намуд, ки дар ин боғ набояд ягон дарахт бурида шавад.
Шавкат Мирзиёев бо рафти сохтмони манзилҳои бисёрошёнаи маҳаллаи Камолони ноҳияи Шайхонтаҳур шинос шуда, бо шоирон ва нависандагон суҳбат орост.
Мувофиқи қарори сарвари давлатамон «Дар бораи барпо намудани Хиёбони адибон дар Боғи миллии ба номи Алишери Навоии Ӯзбекистон» аз 18 апрели соли 2017 ба мақсади ба маҷмӯи беназири таърихиву маданӣ табдил додани Боғи миллӣ, ки ба баланд бардоштани дараҷаи мадании аҳолӣ, пеш аз ҳама ҷавонон, абадӣ гардондани хотираи устодони барҷастаи сухан, ки дар ҳаёти маънавии халқамон нақши дурахшон боқӣ мондаанд, мусоидат менамояд, дар ин ҷо Хиёбони адибон ташкил карда шуда, бинои нави Иттифоқи нависандагон қад рост намуд.
Дар рӯ ба рӯи хиёбон сохтмони маҷмӯи истиқоматӣ идома дорад, ки хонаҳои мазкур ба нависандагону шоирон дода мешаванд. Дар ошёнаи якуми яке аз ин манзилҳо ташкил намудани муассисаи таълими томактабӣ ва поликлиникаи оилавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Шавкат Мирзиёев яке аз хонаҳои манзили сохташударо аз назар гузаронда, бино бар фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҳаёти осоиштаву фаровони оилаҳо, баркамол тарбия намудани бачаҳо супориш дод.
– Мо бояд ҳамеша зиёиён, эҷодкоронро дастгирӣ намоем, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Ҷавонон асару шеърҳои ибратпазири онҳоро ҳар чӣ бештар мутолиа намоянд, маънавияту маърифаташон баланд гардида, хуллас ба ватанпарварон табдил меёбанд. Ватанпарварон ҳар чи қадар зиёд бошанд, мамлакатамон низ тез ривоҷ меёбад. Сарвари давлат бо шароитҳое, ки дар боғчаи бачагона фароҳам оварда шудаанд, шинос шуд.
– Мо ҳамеша ба таълими томактабӣ эътибори баланд медиҳем, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Бачаҳо маҳз дар синну соли боғча донишро тез ва осон азхуд менамоянд, онҳоро як умр дар хотир нигоҳ медоранд. Аз ин рӯ, масъалаҳои ба рушди низоми мазкур алоқаманд бояд ҳамеша дар маркази эътибори мо қарор дошта бошад.
Президент зарурати алоҳида эътибор додан ба коркарди аёниятҳои методиро барои муассисаҳои таълими томактабӣ, ба ин ҷараён ҷалб намудани эҷодкорони пуртаҷрибаро таъкид намуд.
Дар ин ҷо маросими тақдимоти лоиҳаҳо оид ба сохтмони маҷмӯъҳои замонавии манзилӣ, марказҳои тиҷоратӣ, ҷойҳои истироҳат ва сайру гашт дар ноҳияҳои Тошканд, беҳтар гардондани хидматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ба амал омад.
Президент инчунин хиёбони дар соҳили канали Бузсув сохташударо аз назар гузаронд.
Сарвари давлатамон бо лоиҳаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Шайхонтаҳур шинос шуд.
Дар мамлакатамон ба татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ намудани коркардҳо, ки ба баланд бардоштани самарабахшии соҳаҳои истеҳсолот нигаронда шудаанд, эътибори алоҳида дода мешавад. Онҳо ба такмил додани ҷараёни истеҳсолӣ, таъмин кардани бепартов кор кардани онҳо, ба дараҷаи назаррас коҳиш додани хароҷот ва маҳсулоти корношоям ҳангоми истеҳсолот мусоидат менамоянд.
Дар ин бобат технопаркҳо, ки вазифаи асосии онҳо аз фароҳам овардани шароит барои тадқиқотҳои инноватсионӣ, фаъолияти корхонаҳои хурди инноватсионӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти баландтехнологӣ, дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ серхаридори рақобатпазир иборат мебошанд, нақши муҳим мебозанд. Ба технопаркҳо инчунин бино бар роҳандозии ҳамкории байни муассисаҳои таълими олӣ, доираҳои академикӣ ва истеҳсолгарон барои баланд бардоштани самарабахшии тадқиқотҳои илмӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ вазифаҳо гузошта шудаанд.
Созмон додани яке аз чунин технопаркҳо дар маҳаллаи Оқилони ноҳияи Шайхонтаҳур ба нақша гирифта шудааст. Дар ин ҷо бо иштироки бонкҳои тиҷоратӣ ташкил намудани корхонаи истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ, либоси тайёр ва молҳои варзишӣ пешбинӣ шудааст. Татбиқи лоиҳа имконияти бошуғл фаро гирифтани занон ва ҷавононро фароҳам меорад.
Дар доираи лоиҳаи ҶММ «Кӯкча текстил», ки аз ҷониби бонки «Асака» бо маблағ таъмин карда мешавад, бино бар истеҳсоли матоъ ва маҳсулоти дӯзандагӣ ду ҳазор ҷойи корӣ созмон дода хоҳад шуд. Бо кӯмаки молиявии бонк дар шаҳри Нурафшони вилояти Тошканд ҶММ «Тӯйтеппа текстил» бино бар истеҳсоли калоба ва матои ҷинсии «индиго» лоиҳаи нав татбиқ менамояд.
Аз ҷониби ҶММ «Кӯкча текстил» бино бар сохтмони манзили бисёрошёна барои кормандон ва маҷмӯи савдо лоиҳа намоиш дода шуд.
Дар ноҳияи Шайхонтаҳур дар айни ҳол 185 корхонаи саноати бофандагӣ фаъолият нишон медиҳад. Дар солҳои 2018-2019 дар ноҳия дар ин самт татбиқ намудани боз 8 лоиҳа ва созмон додани беш аз 1300 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Лоиҳаи ташкил кардани истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ, ки аз ҷониби ҶММ «Certus textiles» татбиқ мегарданд, бо кор таъмин намудани 100 нафарро пешбинӣ менамояд. Барои татбиқи лоиҳа 5,6 миллиард сӯм маблағ харҷ хоҳад шуд.
Бо ташаббуси ҶММ «Genesis Innovation» ва бо маблағи «Алоқабанк» бино бар ташкил кардани маркази тиҷорат дар соҳаи ТАК лоиҳа татбиқ мегардад. Дар доираи он маркази панҷошёнаи арзиши лоиҳавиаш 55,5 миллиард сӯм сохта шуда, 200 нафар бо кор таъмин хоҳад гардид.
Инчунин маросими тақдимоти лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, бонкҳои «Ӯзпромстройбанк» ва «Ипотекабанк» бо маблағ таъмин карда мешаванд, ба амал омад. Дар бораи лоиҳаи ташкил кардани минтақаи хурди саноатии замонавӣ дар ноҳияи Шайхонтаҳур, маҷмӯи серсоҳа оид ба хидматрасонӣ ба автомобилҳо таҳти бренди «AVTO RITET», ҷалб намудани сармоя ба саноати сабук, сохтмони манзили замонавӣ, маркази тиббиву ташхисӣ ва муассисаҳои таълими томактабӣ, ба роҳ мондани азнавкоркард ва банду басти асал маълумот дода шуд.
Сарвари давлат бино бар рушди саноат дар асоси инноватсия, омӯхтани таҷрибаи пешқадам, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва рақобатпазирӣ супоришот дод. Лоиҳаҳои инноватсионии соҳибкоронро дастгирӣ кард.
Шавкат Мирзиёев ба боғи маданият ва истироҳати ба номи Абдулло Қодирӣ ташриф оварда, бо лоиҳаи навсозии он шинос шуд.
Зарурати гузоштани ҳайкали муҳташами Абдулло Қодирӣ дар маркази боғ, ба он додани қиёфаи нотакрор ва инъикос намудани даврае, ки дар он адиб зиндагӣ кардааст, таъкид намуд. 
Бино бар ободонии бозори Чорсу ва маҳаллаи Гулбозор, рушди сайёҳӣ дар ин ҷойҳои таърихӣ супоришот дода шуданд.
Дар ин ҷо Президент бо фаъолони маҳалла ва намояндагони зиёӣ суҳбат орост.
Сарвари давлатамон бино бар масъалаҳои рушди иқтисодиёти ноҳияи Шайхонтаҳур, ҳалли мушкилоти соҳаи манзиливу коммуналӣ ҷамъомад баргузор намуд.
Барои рушди истеҳсолот ва инфрасохтори иҷтимоӣ аз Буҷаи давлатӣ маблағи зарурӣ ҷудо карда мешавад. Мадохилоти аз прогноз зиёди андоз дар ихтиёри буҷаҳои маҳаллӣ мемонанд, бино бар харҷи онҳо ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ ваколатҳои васеъ дода шудаанд.
Масалан, соли ҷорӣ дар Тошканд андоз нисбат ба прогноз аз 2 триллион сӯм бештар афтида, аз онҳо дар буҷаи маҳаллӣ 1,5 триллион сӯм мемонанд, ки нисбат ба соли 2017-ум 10 баробар зиёд мебошад.
– Ба Тошканд пештар ҳеҷ гоҳ ин қадар маблағ дода нашуда буд. Мо барои чӣ 1,5 триллион сӯмро ба ихтиёри шаҳр вогузор менамоем? То ки мушкилоти ғунгардидаро ҳаллу фасл намуда, шароитҳои зисти одамонро беҳтар карда, манзил, боғчаҳои бачагона сохта, ҷойҳои корӣ созмон диҳем. Модоме ки ҳамин тавр аст, роҳбарон дар маҳалҳо бояд ҷонашонро коҳонда, бо садоқат кор кунанд. Ин корҳоро ҳеҷ кас аз берун омада барои мо анҷом намедиҳад, – гуфт Президент.
Пеш аз ҷамъомад вазъияти иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Шайхонтаҳур мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар рафти он мушкилоту камбудиҳои зиёд зоҳир гардиданд. Президент таъкид намуд, ки мушкилоти мазкур бояд барои ҳокими ноҳия, фаъолони маҳалла ва роҳбарони идораҳои марказӣ сабақ гардад.
Ба мақсади барҳам додани мушкилоти зоҳиргардида ва беҳтар гардондани шароити зисти аҳолӣ супориш дода шуд, ки бино бар 51 маҳаллаи ноҳия «харитаҳои роҳ»-и мақсаднок тасдиқ гардида, назорати иҷрои онҳо таъмин карда шавад.
– Дар ин бобат бояд ба рушди соҳибкорӣ, ободонии маҳаллаҳо, сохтмони майдонҳои варзишӣ ва бачагона, додани ёрии моддӣ ба аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор эътибори алоҳида дод. Бояд бино бар таъмин кардани шуғли 20 ҳазор сокинони ноҳия дар қисмати 4 сектор барномаи мақсаднок таҳия намуд,– гуфт сарвари давлатамон.
Шавкат Мирзиёев бо соҳибкороне, ки дар ҷамъомад иштирок карданд, суҳбат орост. Ба шахсони масъул бино бар ҳаллу фасл намудани мушкилоти соҳибкорон, дастгирӣ намудани нақшаву таклифоти онҳо супориш дод.

Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Алоуддин ҒАФФОРОВ,
мухбирони махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: