МАҚСАДИ АСОСИИ ИСЛОҲОТ – ХИДМАТ БА МАРДУМ

Дар солҳои охир ислоҳоти васеъмиқёс тамоми ҷабҳа ва самтҳои ҳаёти мардуми мамлакати моро фаро гирифтааст.

Аз ин раванд Агентии рушди хадамоти давлатии назди Президент низ орӣ нест. Ин матлаб зимни нишасти хабарӣ дар миён омад, ки бо ширкати роҳбарони ин агентӣ ва мутахассисон баргузор гардид.
Тавре ки гуфта шуд,  барои татбиқи ислоҳоти доманфарох пеш аз ҳама, кадрҳои соҳибмалакаву боистеъдод, масъулиятшинос, фидокори соҳаи худ ва бохабар аз технология ва таҷҳизоти замонавӣ нақши муассир мебозанд. Бешубҳа, барои таъмини идораву муассисаҳо ва ташкилотҳо дар мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда мешавад ва дар ин замина роҳбари давлат ташаббускори асосӣ мебошад.
Мудири департаменти кадрҳои Агентии рушди хадамоти давлатӣ Илҳом Қурбонов изҳор кард, ки  суръати ислоҳот ва марҳилаҳои пешниҳодшудаи рушди минтақаҳо таҷдиди куллии аз нав дида баромадани сохторро дар ҳар самти хизмати давлатӣ ҷиддан тақозо мекунад. Хусусан, ҳоло бо усулҳои кӯҳнаи хоҷагидорӣ бунёди Ӯзбекистони Нав ғайриимкон мебошад. Ба иборае, имрӯз аз ҳар як сохтор ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ тақозо карда мешавад.
– «Халқ ба идораҳои давлатӣ не, балки идораҳои давлатӣ ба халқ бояд хидмат кунанд» – принсипи асосии Ӯзбекистони Навро ташкил мекунад. Аз ин бармеояд, ки роҳбарон нафақат манфиатҳои давлатро ҳимоя мекунанд, дар қадами аввал ба мардум ва оила хидмат кардаву манофеи қонунии онҳоро мадди ҳифозат қарор медиҳанд,– гуфт Илҳом Қурбонов. 
– Масъалаи тараннуми арзишҳои миллӣ дар меҳвари ислоҳоти кунунӣ қарор гирифтааст. Дар асоси вазифаҳои афзалиятноке, ки агентӣ дар назди худ гузоштааст, пешбурди сиёсати кадрҳо дар соли гузашта аз самтҳои асосӣ унвон дода шуд, – иброз дошт мудири департаменти ҳифзи ҳуқуқи хизматчиёни давлатӣ ва муҳайё кардани шароит барои онҳо Абдиҳамид Тамиқаев.
Агентӣ дар самти такмили ихтисос низ корҳои зиёдро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, 68 ҳазору 788 нафар кормандони идораҳои давлатӣ аз такмили ихтисос гузаштаанд. Дар баробари ин, беш аз 90 курси тайёрӣ ташкил карда шудааст. Системаи арзёбии салоҳият барои хизматчиёни давлатӣ ҷорӣ гардида, тақрибан 20 ҳазор нафар аз санҷиши равонӣ гузаронида шудаанд.  
Бо мақсади амалӣ намудани ташаббуси роҳбари давлат оид ба ташаккули насли нави кадрҳои захиравӣ аз ҳисоби ҷавонони боистеъдод – «Пешвоёни оянда» дар байни 6 ҳазору 246 нафар ҷавонони лаёқатманд озмуни марҳилаи 4-ум баргузор гардидааст. Инчунин, бо ибтикори агентӣ бо мақсади мусоидат намудан ба ташаккули захираи кадрҳои роҳбарикунанда барномаи «Пешвоёни оянда» амалӣ гардидааст. Дар чаҳорчӯби барнома аз миёни беш аз 7 ҳазор ҷавонони боистеъдоди то 30-сола 50 нафар мувофиқтарини онҳо интихоб ва ба раҳбарӣ пешбарӣ шудаанд.
Таъкид гардид, ки яке аз тағйироти муҳим дар низоми хизмати давлатӣ – Қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ» қабул гардидааст. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: