МАҚСАДИ АСОСИИ ИСЛОҲОТ – РОЗӢ КАРДАНИ АҲОЛӢ, БЕҲТАР НАМУДАНИ ШАРОИТИ ЗИНДАГӢ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 июн бо ислоҳоте, ки дар вилояти Тошканд амалӣ мегарданд, лоиҳаҳои бузург ва корҳои бунёдкорӣ шинос шуд.

Роҳбари давлатамон аввал  ба шаҳри Ангрен ташриф овард.
Дар асоси вазифаҳои ҳангоми ташрифи аввалаи роҳбари давлатамон муайяншуда дар Ангрен корҳои бузурги бунёдкорӣ амалӣ шуданд. Аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» вокзали роҳи оҳани Ангрен барпо карда шуд.
Ангрен аз ҷиҳати коммуникатсияи нақлиёт шаҳри муҳими стратегӣ ба ҳисоб меравад. Баъд аз сохта шудани роҳи оҳане, ки Тошкандро бо водӣ мепайвандад, аҳамияти он боз ҳам афзуд. Аммо аз сабаби набудани вокзал мусофирон маҷбур мешуданд, ба истгоҳҳои дур раванд. Вокзали нав барои аҳолии шаҳр ва сайёҳон қулайиҳои зиёдро фароҳам меорад.
Дар вокзал имконияти дар як вақт ба 100 мусофир хидмат расондан ҳаст. Дар толори интизорӣ, хонаи модару кӯдак, пункти тиббӣ, шохобчаҳои хӯрокхӯрӣ ва савдо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Роҳбари давлатамон вокзали навро аз назар гузаронд.
Дар ин ҷо маросими тақдимоти лоиҳаҳои пешомадноки соҳаҳои сайёҳӣ, энергетика, кимиё, металлургия гузаронда шуд.
Вилояти Тошканд дар соҳаи сайёҳӣ дорои салоҳияти бузург аст. Дар вилоят 930 объекти сайёҳӣ, 155 меҳмонхонаи дорои 10 ҳазору 185 ҷой ва маскани истироҳатӣ мавҷуд. соли гузашта ба вилоят 1 миллону 368 сайёҳ омадааст. Ин нисбат ба солҳои пештара 3 баробар зиёд аст.
Дар соли 2018 дар вилоят 12 меҳмонхона ва маскани истироҳатӣ, 7 маҷмӯи варзишиву солимгардонӣ, 5 боғи тематикӣ барпо карда шуд. Ба мақсади минбаъд ривоҷ додани салоҳияти сайёҳӣ ва инфрасохтор соли ҷорӣ татбиқи 50 лоиҳаи арзишаш 432,9 миллиард сӯм ба нақши гирифта шудааст. 
Шавкат Мирзиёев ба лоиҳаҳои дар минтақаи озоди сайёҳии «Чорбоғ» барпо намудани масканҳои байналхалқии истироҳатӣ, дар ҳудудҳои Белдирсой, Чимён ва Нанай бо иштироки консорсиуми ширкатҳои Фаронса бунёд намудани курорти лижатозии кӯҳӣ аҳамияти алоҳида дод. Дар айни ҳол татбиқи лоиҳаҳои мазкури сармоягузорӣ оғоз ёфтааст.
Аз гӯшаҳои зебоманзар ва дунёи гиёҳҳои шифобахш самарабахш истифода бурда, масканҳои ноанъанавии тиббӣ, санаторияҳо ва марказҳои солимгардонии спа ташкил карда мешаванд. Самтҳои нави мазкури сайёҳӣ, инчунин хатсайрҳои саёҳати якрӯза ба воситаи электропоезд дар оянда вилоятро барои сайёҳон ҳудуди дар минтақа оммабоп табдил медиҳад.
Ба мақсади васеъ истифода бурдан аз имкониятҳои рекратсионии вилояти Тошканд барпо намудани объетҳои сайёҳӣ чун дар мамлакатҳои мутараққӣ, васеъ ривоҷ додани экосайҳӣ ва намудҳои дигари сайёҳӣ бо зарар нарасондан ба заминҳои фонди ҷангал ва муҳити табиӣ ва олами ҳайвоноти ҳудудҳои салоҳияти сайёҳиашон баланд ба нақша гирифта шудааст.
Дар вилояти Тошканд дар тӯли давоми сол сайёҳат кардан мумкин. Зиёратгоҳи Зангиота, моҳиҳои Чиноз, таъомҳои бомаззаи Бӯка, ёдгориҳои археологии ноҳияи Оҳангарон, ҳудудҳои экстремалии Паркент ва Ангрен, зиёрати табиати нотакрори ноҳияи Бӯстонлиқ имкони ба роҳ мондани сайёҳии гастрономӣ, агро, эко, экстремалро фароҳам меорад. Аз имкониятҳои мазкур истифода бурда, дар вилоят ташкил намудани самти сайёҳии «ҳалқаи тиллоӣ», ки ба сайёҳон дар чор фасл истироҳат намуданро пешбинӣ менамояд, ба нақша гирифта шудааст. Ин самти сайёҳӣ ба меҳмонони пойтахтамон дар шинос шудан бо имкониятҳои нотакрори вилоят ва истироҳат намудан қулиҳои бузург фароҳам меорад.
Президентамон ба самарабахшии иқтисодии лоиҳаҳо эътибор дод. Бино бар минбаъд васеъ гардондани лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, тарғиб намудани салоҳияти сайёҳии вилоят супоришот дод.
Президент шуъбаи корҳои дохилии рақами 2-юми шаҳри Ангренро аз назар гузаронд.
Барои шуъба бинои нав барпо карда шуд. Қисми навбатдории тезкор ва хонаҳои хидмат бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шуданд. Шуъбаҳои профилактика, тафтишот, ҷинояту ҷустуҷӯ, хидмати шиноснома, фаъолияти рӯҳшинос ба роҳ монда шуданд.
Мувофиқи қарори давлатамон аз 29 майи соли ҷорӣ дар соҳаи профилактикаи ҳуқуқвайронкунӣ ва мубориза бар зидди ҷинояти вилояти Тошканд  низоми сифатан нави идоракунии қувваву воситаҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҷорӣ карда мешавад. Дар доираи эксперименти мазкур сохторҳои дараҷаҳои вилоят, ноҳия ва шаҳр мақбул гардонда шуда, 86 фоизи кормандон ба зинаи поёнии хидмат фуроварда шуданд. Дар шаҳри Ангрен низ дар ин бобат корҳо оғоз ёфтанд.
Агар пеши роҳи ҷинояткорӣ гирифта шавад, халқамон хотирҷамъ шуда, аз давлат розӣ мегардад. Барои ин тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боз ҳам якдилона кор карда, ба аҳолӣ наздик гарданд. Танҳо ҳамон вақт пеши роҳи қонуншиканиҳо гирифта шуда, ба ҷиноят ҷой намемонад, гуфт Президент.
Оид ба пурзӯр гардондани ҳамкории корҳои дохилӣ, гвардияи миллӣ, прокуратура, суд ва мақомоти дигар, баланд бардоштани фаврӣ эътино намудан ва таъмин кардани зудҳаракатии зершуъбаҳо супоришот дода шуд.
Шавкат Мирзиёев Маркази хидматҳои давлатии шаҳри Оҳангаронро аз назар гузаронд.
Дар шаҳр беш аз 37 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунад. Дар тӯли соли 2018 аз ҷониби Маркази хидматҳои давлатӣ ҷамъ 7382 хидмати давлатӣ расонда шуда бошад, ин нишондиҳанда дар семоҳаи якуми соли 2019 зиёда аз 6 ҳазорро ташкил дод. Ин аз дар ҳаёти иҷтимоии халқамон рӯз аз рӯз баланд гардидани эҳтиёҷу талаб ба хидматҳои давлатӣ далолат дода, ҷиҳатҳои фоиданоки муносибати нав дар амал ифодаи худро меёбад.
Дар айни ҳол намуди хидматҳое, ки дар марказ ба шахсони ҷисмониву ҳуқуқӣ расонда мешаванд, аз сад адад гузашт. Дар ин ҷо хидматҳои ба намунаи нав иваз намудани гувоҳномаҳои куҳнаи ронандагӣ, нотариус, суғурта, кадастр, САДШ ва дигар хидматҳо мавҷуд мебошад.
Ба мақсади қулайиҳо фароҳам овардан ба мизоҷон дар бино майдончаи бачаҳо, хонаи тиббиёт, китобхона, ошхона, хонаҳои махсус барои сармоягузорон, инчунин ҳудуди бепули WI-Fi ташкил карда шудааст. 
Мувофиқи фармони роҳбари давлатамон «Дар бораи чораҳо оид ба куллан такмил додани дастгирӣ ва ҳифзи фаъолияти соҳибкорӣ» аз 14 майи соли 2019 дар ин марказ фаъолияти қабулхонаи Сарвазир ба роҳ монда шуд.
Президент зарурати омӯхтани масъалаҳое, ки аҳолӣ бештар муроҷиат менамоянд, ба онҳо беҳтар гардондани шароити зарурӣ, пайваста кам кардани миқдори ҳуҷҷатҳое, ки барои хидматрасонӣ талаб карда мешаванд, таъкид намуд. Бинобар такмил додани кор бо ҳуҷҷатҳо дар ҷамоатҳои маҳаллаҳо бо истифода бурдани имкониятҳои марказҳои хидматҳои давлатӣ тавсияҳо дода шуданд.
Шавкат Мирзиёев ба муассисаи давлатии таълими томактабии «Қалдирғоч»-и шаҳри Оҳангарон ташриф овард.
Ин боғчаи замонавӣ муҷаҳҳазгардондашудаи маҳаллаи «Нӯғойқӯрғон» барои 160 нафар бачаҳо пешбинӣ шудааст. Он ба қарибӣ ба истифода супурда шуд. Барои корҳои бунёдкорӣ беш аз 4 миллиард сӯм маблағ харҷ шудааст. Дар муассиса ҳ гурӯҳи асосӣ ва 3 гурӯҳи кутоҳмуддат фаъолият нишон медиҳад. Дар ин ҷо айвони тобистона, ҳавз, майдони футбол, толорҳои варзишӣ ва мусиқӣ мавҷуд мебошад. Дар ин ҷо 32 нафар педагог ва мураббӣ меҳнат мекунанд.
Эътиборро бояд ба таълими томактабӣ пурзӯр гардонд. Бачаҳо маҳз дар синни боғчаравӣ ҳама чизро бо тезиву осон азхуд карда, ба як умр дар ёд нигоҳ медоранд. Дар нақли халқии «бачаи шуданӣ аз аввал маълум» маънои амиқ ниҳон аст. Аз ин рӯ, масъалаҳои ба ин сохт вобаста бояд таҳти эътибори доимиамон қарор гиранд. гуфт Президент.
Нуфузи ноҳияи Оҳангарон беш аз 94 ҳазорро ташкил медиҳад.  Шароити муносиб фароҳам овардан ба онҳо, таъмин намудани шуғл аз масъалаҳои асосӣ ва доимии рӯзнома маҳсуб меёбад. Хусусан, дар ноҳия корхонаҳои нави истеҳсолӣ сохта, ба истифода супурда мешаванд.
Дар арафаи ташрифи роҳбари давлатамон дар ноҳия сохтмони корхонаи «Bulding innovation» ба охир расид. Акнун шуғли 250 нафар аҳолии ҳудуд таъмин карда мешавад. Дар ин ҷо якчанд намуди маҳсулот, аз хишти пухта сар карда то блокҳои сафолӣ истеҳсол карда мешаванд.
Ба корхонаи арзиши умумиаш 36,1 миллион доллар таҷҳизоти замонавии Олмон, Австрия, Юнон, Испания, Ҷопон барин мамлакатҳо васл карда шуданд. Корхона қодир аст соле беш аз 112 миллион дона хишти ороишӣ истеҳсол намояд. Ҳаҷми содироти солона 3 миллион долларро ташкил медиҳад.
Корхона бинобар ҳаҷми истеҳсол ва сифати маҳсулот дар Осиёи Марказӣ пешсаф ба ҳисоб меравад. Боз як ҷиҳати қулаяш дар он аст, ки техникаву таҷҳизоти корхона сарфакор мебошанд. Яъне корхонаи мазкур нисбат ба дигар корхонаҳо 10, 15 фоиз кам энергия сарф мекунад. Ашёи хом низ аз ноҳия гирифта мешавад. Аз ин рӯ нархи маҳсулот низ нисбат ба дигар корхонаҳо арзон мебошад. 
Бинобар фикри мутахассисони корхона хиштҳои ороишии онҳо солҳои дароз рангашро гум намекунад. Маҳсулоти мазкур дар боз ҳам ободу зебо гардондани қиёфаи деҳотамон хидмат мекунанд. Дар зинаи навбатӣ истеҳсол намудани блокҳои сафолӣ ва панелҳо ба нақша гирифта шудааст.
Президентамон ҷараёни кори корхонаро аз назар гузаронда, бо коргарон мулоқот кард. Бинобар зиёд гардондани номгӯйи масолеҳи корхона тавсияҳо дод.
Дар ин ҷо барномаи рушди иҷтимоии вилояти Тошканд, як қатор лоиҳаҳо оид ба беҳтар гардондани инфрасохтор, рушди саноати бофандагӣ ва дӯзандагиву трикотажӣ дар вилоят дар солҳои 2019-2022, азнавкоркарди пойафзор ва пашм, истеҳсоли симон аз ҷониби ҶС «Оҳангаронсемент» тақдим карда шуданд.
Чӣ хеле ки маълум карда шуд, дар ҳамкорӣ бо ширкати «Евросемент груп»-и Русия дар «Оҳангаронсемент» лоиҳаи иқтидори солонааш 3 тонна татбиқ мегардад. Арзиши лоиҳа 160 миллион доллар мебошад.  Баъди амалӣ шудани лоиҳа 200 ҷойи кории доимӣ фароҳам оварда шуда, соле ба андозаи 17 миллион доллар маҳсулот содир карда мешавад. 
Ба ғайр аз ин, бинобар азнавкоркарди чарм, пойафзор ва пашм 18 лоиҳаи пешомаднок татбиқ мегардад.
Президент ба мутасаддиён оид ба сари вақт ва хушсифат ба анҷом расондани лоиҳа супоришот дод.
Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Бӯка саҳрои пахта ва ғаллаи хоҷагии фермерии «Саркор»-ро аз назар гузаронд.
Роҳбари давлат бо фермерон, мутасаддиёни хоҷагии қишлоқ суҳбат намуд. Таъкид гардид, ки дар солҳои охир азнавкоркарди нахи пахта дар мамлакат аз 30 фоиз ба 70 фоиз зиёд карда шуд, ки ин инқилобе дар соҳа аст.
Мо аз сабаби он ки дар хоҷагии қишлоқ аз илм ва инноватсия истифода набурдем, заминро «монда карда», ҳосилнокиро аз даст додем. Барои ҳамин ҳам хоҷагии қишлоқро таркибан тағйир дода, нархи хариди маҳсулотро зиёд намудем. Фақат манфиат бошад, кӯшиш ва натиҷа низ мешавад, гуфт Президент.
Дар тақдимоти ба амал ҷорӣ намудани лоиҳаҳои соҳаи хоҷагии қишлоқ дар солҳои 2019-2020 дар вилоят дар бобати боғдорӣ, чорводорӣ, маркази логистика ва бароҳандозии низоми кластери меваву сабзавотпарварӣ, ташкил намудани яхдонҳои боргир сухан рафт. Нисбат ба он дар ин давр 366 лоиҳа ба амал татбиқ гардида, беш аз  14,5 ҳазор ҷойи корӣ ташкил намудан ба нақша даромадааст.
Дар вилоят саноати озуқаворӣ бо суръати баланд равнақ меёбад. Дар натиҷаи азнавкоркарди меваву сабзавот ва маҳсулоти гӯшту шир ҳаҷми содирот ба таври назаррас афзуда, дар соҳа даромад меафзояд.
Президент намунаҳои маҳсулоти кластери агросаноатии тухмипарварии бисёрсоҳавии «Solanum agro»-ро аз назар гузаронд. Ин кластер, ки асосан ба парвариши картошка, сабзавот, маҳсулоти полиз, парвариши соя ва тухмипарварӣ ихтисос ёфтааст, соҳиби 4,5 ҳазор гектар замин мебошад, беш аз 500 нафар коргар меҳнат мекунад. Соле 14 ҳазор тонна фрии картошка, 4 ҳазору 400 тонна хокаи картошка, 5 ҳазор тонна маҳсулоти зарфбандӣ таҳия намуда, ба хориҷ низ содир мегардад.
Дар ноҳияи Паркент маркази азнавкоркарди маҳсулоти меваву сабзавот, аз онҳо омода намудани пюре ва шарбати қадоқшуда ташкил мегардад. Барои ин 5 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд. Дар ин ҷо соле 20 миллион дона пюре ва шарбат таҳия мегардад.
Роҳбари давлат то чӣ андоза муҳим будани ба амал татбиқ кардани лоиҳаҳои мазкур дар хоҷагии қишлоқ, зудтар ба амал ҷорӣ намудан ва васеъ гардондани низоми кластерро таъкид намуда, зикр кард, ки ин соҳаҳо сердаромад буда, дар бобати сари вақт ва босифат ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳо ба мутасаддиён супоришҳо дод.
Ноҳияи Бӯка дар ба амал татбиқ намудани панҷ ташаббуси муҳими Президент ба ҳаёт – дар асоси низоми нав роҳандозӣ намудани корҳои иҷтимоӣ, маънавиву маърифатӣ чун намуна қабул гаштааст. Имрӯз корҳое, ки аз рӯи иҷрои ин ташаббусҳо оғоз гаштаанд, ба ҳаёти аҳли Бӯка ба маънои асл рӯҳи нав ворид намуд.
Дар доираи ташаббуси якум зиёд намудани таваҷҷӯҳи ҷавонон ба мусиқа, рассомӣ, адабиёт, театр ва дигар намудҳои санъат, ба мақсади ифшо намудани истеъдоди онҳо қариб 280 маҳфил ташкил гаштааст. Марказҳои маданият, китобхонаҳое, ки як вақтҳо аз кор мондаанд, дубора фаъол гардонда шуданд. Чораҳои бо асбобҳои мусиқӣ таъмин намудани маҳфилҳои мактабҳо андешида мешавад. Ба василаи ин қариб 10 ҳазор нафар ҷавонони ноҳияро дар самти санъат фаро гирифтан чун мақсад гузошта шудааст.
Дар асоси ташаббуси дуюм барои обутоби ҷисмонии фарзандон, бо мақсади дар варзиш нишон додани қобилияти худ шароити муносиб ба вуҷуд овардан маҳфилҳои варзишии мактабҳо аз 35-то ба 64-то расонда шуд. Майдончаҳои варзишии маҳаллаҳо таъмир гардида обод карда мешаванд. Дар маҳаллаҳои Ровот, Катта Ровот, Навобод аз ҷониби соҳибкорон майдонҳои замонавии футбол ва волейбол барпо мегарданд.
Аз рӯи ташаббуси сеюм дар ноҳия тамоми мактабҳоро бо техникаи компутер ва интернети баландсуръат таъмин намудан чораҳо андешида мешавад. Дар маркази ноҳия ба қарибӣ маркази таълимии технологияи рақамӣ ташкил гардид, ки барои бо компутер ошно намудани ҷавонон ва умуман аҳолӣ хидмат менамояд.
Дар доираи ташаббуси чорум дар ноҳия чорабиниҳои «Корвони китоб» ташкил гардида, беш аз 20 ҳазор китоби бадеӣ ба аҳолӣ, аз он ҷумла ба ҷавонон туҳфа карда шуд. Панҷ китобхонаи маҳалла ташкил гардид. Озмунҳои «Китобхони ҷавон», «Оилаи китобхон» баргузор мегардад. 
Ташаббуси панҷум, ки бо кор таъмин намудани духтарону занонро дар бар мегирад, мавриди эътибори алоҳида қарор мегирад. Бо ин мақсад дар маҳаллаҳои Бӯстон, Чавлисой, Рамадон, Катта Ровот барои 300 ҷойи корӣ 4 корхонаи дӯзандагӣ барпо карда шуд. Боз дар ду сехи дӯзандагӣ оғоз намудани кор дар назар дошта шудааст.
Занони ҳунарманд ба 585 нафар занону духтароне, ки шароити зиндагиашон мураккаб аст, аз рӯи анъанаи «устод-шогирд» вобаста карда шуданд. Дар доираи барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор» ба 452 нафар занону духтарон ба миқдори 9,7 миллиард сӯм кредити имтиёзнок ҷудо гардида, беш аз 1,3 ҳазор ҷойи корӣ ба вуҷуд оварда шуд. Бинои «Маркази занону духтарони соҳибкор» таъмир гардида, ба баҳрабардорӣ супурда шуд.
Роҳбари давлат дар мисоли маҳаллаи Бӯстон бо корҳое, ки дар ҳамоҳангӣ бо панҷ ташаббуси муҳим ба амал ҷорӣ гаштаанд, шинос гардид.
Дар Бӯстон низ мисли деҳаи Манас ва шаҳраки Гагарини вилояти Ҷиззах бунёдкориҳои бузург иҷро гаштанд. 
Дар Боғи ҷавонони маркази маҳалла ҷавонон бо волейбол, баскетбол, шоҳмоту шашка, тенниси рӯи миз машғул мегарданд, дар арғунчак, майдони рақс нуқтаҳои интернет вақти холии худро пурмазмун мегузаронанд. Дар боғ гӯшаи ватанпарварӣ ташкил гаштааст, ки он барои дар қалби ҷавонон тарбия намудани ҳисси фидокориву ҷасурӣ хизмат менамояд.
Дар маҳалла Китобхонаи халқӣ ташкил гардид, гузари маҳалла низ қад афрохт. Варзишгоҳи «Бӯстон-арена» аз нав таъмир гардид. Дар ин ҷо беш аз 100 нафар хонандагони ҷавон бо футбол машғул мегарданд.
Пештар аҳолии ҳудуд барои ташхисгузории оддӣ 15 километр роҳро паймуда, водор мегардид, ки ба маркази ноҳия равад. Поликлиникаи 7-уми оилавии деҳот, ки соли 1960 сохта шудааст, мукаммал таъмир гардида, бо асбобу дастгоҳҳои зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз гардид, ки ҳамзамон ин муаммо ҳаллу фасл карда шуд. Маскани шифо ба беш аз 14 ҳазор аҳолии маҳалла хидмат мерасонад. 
Шавкат Мирзиёев дар ҳоле ки поликлиникаро аз назар мегузаронд, алоҳида таъкид намуд, ки пурра фаро гирифтани аҳолӣ бо хидмати тиббӣ, хона ба хона гашта муҳофизат намудани саломатии одамон зарур мебошад.
Роҳбари давлат дар сехи дӯзандагие, ки марбути ҶММ «Бӯстон барака чеварлари» буда, дар маркази маҳалла ташкил гаштааст, бо занону духтарон суҳбат кард.
Нияти ман розӣ кардани шумо, чашмони дурахшони занони хушбахтро дидан аст. Шумо хурсанд бошед, оилаҳои шумо хурсанд, ҷаҳонбинӣ ва маънавияти фарзандҳо тағйир меёбад, гуфт Президент.
Дар гузар бинои кинотеатри бепарастормонда таъмир гардида, ба маркази замонавии маданият табдил дода шуд. Дар ин ҷо маҳфилҳои рақс, доиранавозӣ, рубобнавозӣ, санъати тасвирӣ, фортепиано ташкил карда шуд. Дар натиҷа бачаҳои аз 7 то 17-солаи маҳалла фаро гирифта шуд. Дар маҳфилҳо ҳунармандони халқӣ, санъаткорони маъруф дарсҳои маҳорат хоҳанд гузашт.
Президент бо бачаҳои маҳфили санъат суҳбат намуд. Толибаи синфи сеюми мактаби таълими ҳамагонии 27-уми ноҳия Фазилат Ёқубова шеъри худро бахшида ба панҷ ташаббуси муҳим қироат кард.
Роҳбари давлат  гуфт, ки ба падари Фазилат, ки барояш муҳити хуби таълиму тарбия, эҷод ба вуҷуд овардааст, автомобил туҳфа менамояд. Барои Фазилат бошад, дар хонааш китобхона кушода, онро «Фазилат» номиданро пешниҳод кард. Барои бачаҳое, ки дар қасри маданият тарбия меёбанд, гурӯҳи ҳунарии «Келажак ниҳоллари» ташкил гардида, барои  ҷамоаи он автобус туҳфа намуданро супориш дод.
Бӯка дар давоми солҳо аз назари эътибор дур афтода буд. Дар зарфи ду моҳ дар ин ҷо корҳое ба амал омаданд, ки ноҳияро ба ҳама шиносонд. Бигзор, ин оғози корҳои бузурги хайр бошад, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент аз Экопарки маънавият ва маърифат, ки дар маркази ноҳияи Бӯка Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ ташкил намудааст, боздид ба амал овард.
Дар Экопарк амфитеатр барои 400 ҷой, китобхонаи молики 10 ҳазор нусха китоб, чатрҳо барои мутолиаи китоб, майдонҳои варзиш, «book-сafe», маркази киберспорт, даҳлезҳои тохтан ва велосипед, бозигоҳҳои бачагона, ҳудудҳои Wi-Fi барпо гаштааст. Экопарк, ки  соҳиби замонавитарин шароит аст, барои аҳли Бӯка туҳфаи муносиб гардид.
Дар натиҷаи кӯшишҳои вақтҳои охир чоп намудани китоб зиёд гардид. Вазифаи оянда бошад, тарбия намудани китобхон аст. Дар деҳоту маҳаллаву ноҳияҳо китобхонаҳо месозем. Аммо китобро ба оилаҳо чӣ гуна ворид мекунем? Ин масъалаи мушкил аст. Аз ин сабаб методикаи ба хонанда муносиби синну солаш тавсия намудан ва чӣ гуна китоб расонданро таҳия бояд кард. Агар миллатро эъзоз намоем, ҷавононро ба китоб унс медиҳем, гуфт Президент.
Таъкид гардид, ки дар экопарк ташкил намудани машғулот барои бомазмун гузарондани вақти холии ҷавонон, тамоми сол шабҳои шеърхонӣ,чорабиниҳои маданӣ ташкил намудан ба мояи ифтихори ҷавонон табдил додани панҷ ташаббус зарур мебошад.

Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Матназар ЭЛМУРОДОВ,
Улуғбек АСРОРОВ,
хабарнигорони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: