МАҚСАДИ АСОСИИ ТАТБИҚСОЗИИ ИСЛОҲОТИ НИЗОМИ МУДОФИА МУСТАҲКАМ КАРДАНИ АМНИЯТИ МАМЛАКАТ, ТАЪМИН СОХТАНИ ҲАЁТИ ОСУДАИ ХАЛҚ МЕБОШАД

28 ноябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев дар машқгоҳ (полигон)-и Чирчиқ машқҳои махсуси тактикии қисмҳои ҳарбиро, ки дар дараҷаи баланди тайёрии ҳарбӣ гузаронида шуданд, муоина кард.

Шавкат Мирзиёев дар суханрониаш, ки 10 январи соли равон дар ҷамъомади васеи Шӯрои амният эрод кард, корҳои бобати минбаъд баланд бардоштани иқтидори мудофиаи мамлакат ва тайёрии ҳарбии артиши миллӣ амалишудаистодаро таъкид намуда, вазифаҳои муҳимро барои минбаъд муайян сохта буд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки қӯшунҳо бояд барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда ҳамеша омода бошанд, мунтазам тайёрии ҳарбиро дар пояи усулҳои нав баланд бардоранд, ҳар кадом хидматчии ҳарбӣ бояд кори худро ҳамаҷониба донад ва донишҳои ҳарбиро пурра аз худ намояд.
Мувофиқи супоришҳои додашуда, бинобар таъмин кардани таъйёрии мунтазами ҳарбии қӯшунҳо, баланд бардоштани ихтисоси касбии хидматчиёни ҳарбӣ ва муваффақ шудан ба иҷрои дақиқи вазифаҳои муайянгардида чораҳои васеъмиқёс қабул гардиданд. Барномаҳои тайёрии ҳарбӣ таҷдиди назар шуданд, дар ин маврид ба тайёрии рӯҳӣ ва тоқатпазирии хидматчиёни ҳарбӣ эътибори бештар дода шуд. Бобати муҷаҳҳаз сохтани қӯшинҳо бо яроқу аслиҳаҳои замонавӣ ва техникаи ҳарбӣ тадбирҳо андешида шуданд. Ҳамаи ин ба мақсади таъмин сохтани тайёрии доимӣ барои аксуламали сазовор ба таҳдидҳои эҳтимолӣ, рушди орому муттасили кишвари мо дар шароити пурзӯр гардидани терроризми байналхалқӣ, экстремизм ва радикализм дар тамоми ҷаҳон ва хориҷи наздик амалӣ мешаванд.
Бино бар супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев барои санҷиши тайёрии ҳарбии қӯшунҳои Вазорати мудофиа субҳи 26 ноябр мувофиқи даъвати «Бонги хатар!» қисмҳои ҳарбӣ ба дараҷаи олии омодабоши ҳарбӣ оварда шуданд.
Таҳлил ва баҳодиҳӣ ба коре, ки аз ҷониби мақомоти идораи қӯшунҳои Вазорати мудофиа дар соли равон иҷро шудаанд, мақсади асосии ин санҷиши ногаҳонӣ ба шумор меравад. То имрӯз дар артиши Ӯзбекистон чунин санҷишҳо гузаронида нашуда буданд.
Пас аз даъват дар дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, тамоми ҷузву томҳои ҳарбӣ чораҳои зарурии ташкилиро иҷро карданд. Гурӯҳҳои қӯшун барои гузаронидани машқҳои махсуси тактикӣ ба машқгоҳ сафарбар гардиданд. 
Дар ин  маврид ба ташкил ва дастгирӣ намудани идораи муттасил ва мунтазами қӯшунҳо эътибори асосӣ дода шуд. Дар тамоми давраҳои санҷиш қоидаҳои амният қатъиян риоя гардида,  коршоямии яроқу аслиҳа ва техникаҳо таъмин карда шуд. Ҳаракати қӯшунҳо дар ҷараёни санҷиши ногаҳонӣ аз ҷониби комиссияи кории байниидоравӣ, ки махсус созмон ёфт, назорат ва таҳлил гардид. 
Машқҳои махсуси тактикии шуъбаҳо бобати бартараф сохтани таҳдиди эҳтимолӣ дар машқгоҳи Чирчиқ низ гузаронида шуд.
Дар машқҳо қисмҳои қӯшунҳои  амалиёти махсуси ҳавоиву десантӣ, артиллерӣ, тирандозии мототсиклӣ, танкӣ, ҳамчунин Қӯшунҳои ҳарбиву ҳавоӣ, ки мувофиқи сенарияи машқ бояд рақиби эҳтимолиро, ки дар наздикии Сарҳади давлатӣ бо нияти халалдор кардани вазъияти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат, татбиқ намудани амалиёти диверсионӣ дар иншооти соҳаҳои иқтисодиёт, иншооти фавқулодда муҳим ва дар ҷойҳои ҷамъоии аҳолӣ, ҳамчунин барои ба миён овардани бетартибиҳои оммавӣ дар шаҳрҳову нуқтаҳои аҳолинишин амал мекард, муайян ва безарар намоянд, иштирок карданд. 
Самолётҳои тирандози «МиГ-29» ва «Су-25», чархболҳои «Ми-24»-и Қӯшунҳои ҳарбиву ҳавоӣ ба пойгоҳ ва мавқеъҳои рақиби эҳтимолӣ зарба заданд. Дар бораи аз ҷониби қувваҳои дивизиони артиллерӣ зарба задан ба гурӯҳҳои эҳтимолии ғайриқонунӣ, ки мехостанд аз тариқи Сарҳади давлатӣ бо истифода аз амалиёти ҷалбкунанда якбора ба мамлакат ворид шаванд, қарор қабул гардид. 
Сипас шуъбаҳои танкӣ ба набардгоҳ ворид шуданд. Онҳо монеаҳои обӣ, эскарп ва пулҳои сохта — саддҳоро, ки дар задухӯрдҳои танкӣ истифода мешаванд, гузашта, мавқеи пешбинишударо ишғол карданд, усули ҳарбии «карусели танкӣ» истифода гардид. 
Ҳаракатҳо бобати аз майдони ҷанг берун овардани ҷанговарони эҳтимолӣ, ки дар ҷараёни амалиёт ҷароҳатҳои вазнин гирифтаанд ва дар ин кор истифода бурдан аз чархболҳо татбиқ шуданд. 
Чархболҳои замонавии ҳарбӣ барои ба мавқеи муайяншуда расондани ҳайати шахсӣ корҳои махсусро иҷро намуданд. Батальони парашютиву десантӣ бо кӯмаки қӯшун ва воситаҳои захиравии умумиқӯшунӣ вазифаҳоро бинобар нобуд кардани рақиби эҳтимолӣ, ки ба мавқеъҳои ҳарбӣ ворид шудаанд, бомуваффақият иҷро карданд. 
Машқҳои махсуси тактикӣ тахассуси олӣ ва омодагии баланди ҳарбии аскарони мо ва ҳамчун воҳиди ягона амал карда тавонистани онҳоро намоиш доданд.
Роҳбарони секторҳои ҳарбиву маъмурии вазорату идораҳои дахлдор низ машқҳоро муоина намуданд. 
Президент Шавкат Мирзиёев бо шароити қисмҳои ҳарбӣ, ки дар шафати машқгоҳ ҷойгир шудаанд, шинос гардид, яроқу аслиҳа ва техникаҳоро тамошо кард. Вай таъкид намуд, ки мақсад аз ислоҳоте, ки дар низоми мудофиа татбиқ мегарданд, мустаҳкам намудани амнияти кишвари мо,  таъмин сохтани ҳаёти осудаи халқамон ба шумор меравад. 
Ба полковник Қодир Турсунов, ки бо кордонии худ тафриқа зоҳир намуд, автомобил, ба як гурӯҳ аскарон планшетҳо туҳфа карда шуданд. Дар худи ҳамин ҷо бо роҳбарони секторҳои ҳарбиву маъмурӣ, вазорату идораҳо машварат баргузор гардид. 
Худи ҳамон рӯз дар Академияи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъомади васеи Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вуқӯъ пайваст.
Роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев дар машварат таъкид сохт, ки мувофиқи Стратегияи амалиёт доир ба рушди кишвари мо дар соҳаи сохтори ҳарбӣ низ корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд.
Вазифаҳое, ки дар ҷамъомади Шӯрои амният 10 январи соли равон гузошта шуда буданд, муттасил татбиқ мегарданд. То ин вақт 46 ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқӣ, ки ба ислоҳсозӣ ва инкишоф додани Қувваҳои Мусаллаҳ нигаронида шудаанд, қабул гардиданд.
Дар муҳлати кӯтоҳи сипаришуда сохтори қисмҳои ҳарбӣ куллан таҷдид шуд, қисмҳо ва муассисаҳое, ки ғайрисамарабахш буда, кори якдигарро такрор мекарданд, ихтисор гардиданд. Дар натиҷаи ин хароҷоти маблағ барои нигоҳ доштани қӯшунҳо коҳиш ёфт. Дар таъминоти озуқаворӣ низоми аутсорсинг ҷорӣ гардид, ки имкон дод тайёрии ҳарбии қисмҳои ҳарбӣ беҳтар ва нишондиҳандаҳои муваққатӣ ду баробар кам карда шаванд. 
Он чиз шаҳодати дурустии корҳои татбиқшудаистода ба шумор меравад, ки дар тӯли як сол артиши кишвари мо дар рейтинги ҷаҳонии иқтидори қувваҳои мусаллаҳ нӯҳ мавқеъ боло баромад, ҳамчунин ҳарбиёни мо дар озмуни «Патрули Кембри», ки дар Британияи Кабир бо иштироки 123 гурӯҳ аз нӯҳ кишвар баргузор шуд, ҷойи аввалро ишғол карданд. 
Барои таъмин сохтани ягонагии артиш ва халқ дар тамоми минтақаҳо секторҳои ҳарбиву маъмурӣ таъсис дода шуданд, ки алҳол фаъолияти самарабахш доранд. Бори аввал бо иштироки роҳбарони мақомоти  идораҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ, ҳокимони вилоятҳо ва муовинони онҳо ҷамъомадҳо гузаронида шуданд. 
Дар саноати мудофиа, ки тамоми корхонаҳои соҳавиро муттаҳид мекунад, Кумитаи давлатӣ таъсис ёфт. 
Ба ҳифзи иҷтимоии хидматчиёни ҳарбӣ, оилаҳои онҳо ва собиқадорони соҳа эътибори махсус дода мешавад. То ҳол барои онҳо 56 манзил сохта шуданд, зиёда аз 1,5 ҳазор аскарон соҳиби хона гардиданд. Сохтмони боз 74 манзил идома дорад.
Дар ҷамъомад масъалаҳои таҳкими минбаъдаи иқтидори ҳарбии кишвари мо, рушди саноати мудофиа ва таълими ҳарбӣ, таҷдиди яроқу аслиҳа ва техникаҳои ҳарбӣ, такмил додани низоми идораи қӯшунҳо аз тариқи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ баррасӣ гардиданд. 
Шавкат Мирзиёев ба масъалаҳои тарбияи ҳарбиву ватанпарварии ҷавонон эътибори махсус дод.
Роҳбари давлат таъкид намуд, ки аскарон, хидматчиёни ҳарбӣ бояд дар бораи таърихи шуҳратманди мамлакати мо, ҳаёт ва корномаҳои қаҳрамонон ва саркардаҳои бузург, ки  сарзамини муқаддаси мо парвардааст, соҳиби донишҳои амиқ бошанд, бо онҳо ифтихор кунанд.
– Ҳамаи мо дар бораи Амир Темур бо ифтихор сухан меронем, вале биёед, софдилона эътироф намоем, оё асари Соҳибқирони бузург «Тузукоти темурӣ»-ро бисёр аскарони мо хондаанд? – пурсид Шавкат Мирзиёев. – Оё аскарон дар бораи ҳаёт ва маҳорати ҳарбии саркардаи номӣ Ҷалолиддини Мангубердӣ огоҳӣ доранд? Ҳол он ки роҳи зафар, стратегия ва тактикаи гузаштагони мо то ҳол дар бисёр мактаб ва академияҳои ҳарбии ҷаҳон омӯзонида мешаванд. 
Роҳбари давлат қайд намуд, ки аскарон бояд пеш аз савганди ҳарбӣ бино бар таърихи Ӯзбекистон ва асари «Тузукоти темурӣ» имтиҳон супоранд. Ӯ бобати ба қисмҳои пешқадами ҳарбӣ додани номҳои саркардагони бузурги мо, баргузор кардани тадқиқотҳои илмӣ, нашри китобҳои бадеӣ ва ба навор бардоштани филмҳо оид ба саркардагони машҳури ҳарбӣ супоришҳо дод. 
Бобати пурзӯр намудани эътибор ба таълими ҳарбӣ, ки таъминоти муътамади сулҳ ва амнияти мамлакат бевосита ба он вобаста аст, ба машғулиятҳои оид ба тайёрии тодаъватии мактабҳо ҷалб намудани афсароне, ки дорои сифатҳои баланди инсонӣ ва касбӣ мебошанд, ба роҳ мондани сафарҳои хонандагон ба қисмҳои ҳарбӣ, бевосита шинос кардани онҳо бо ҷараёни адои хидмати ҳарбӣ супоришҳо дода шуданд.

Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: