МАҚСАДИ АСОСӢ БАРҲАМ ДОДАНИ МЕҲНАТИ МАҶБУРӢ

Дар як хабари маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ омадааст, ки 26 январ — 5 феврали соли равон аъзои коалитсияи ширкати бузурги хориҷии “Cotton Campain” дар Ӯзбекистон меҳмон буданд.

 Мақсад аз ин ташриф ошноӣ  бо фаъолияти кластерҳои пахтакориву бофандагӣ мебошад. 
Дар оғози ин ташриф вакилони “Cotton Campain” дар ноҳияи Бектемири шаҳри Тошканд бо фаъолияти корхонаи бофандагии  “Global textile solutions” аз наздик ошно шуданд. Баъд фаъолияти корхонаи  кластери бофандагии “Fergana global textile”-и ноҳияи Қӯштеппаи вилояти Фарғонаро мавриди тадқиқ қарор додаанд.
Дар ҷараёни боздидҳову мулоқотҳо таъкид шудааст, ки  зимни истеҳсоли ашёи хоми пунба ва ҷамъоварии он истифода аз механизимҳои кори ихтиёриро бояд бештар корбаст намуд. Дар кластери бофандагии «Fergana global textile»-и ноҳияи Қӯштеппа аз ҷониби намояндагони  ширкати “Cotton Campain” якчанд пешниҳод ва тавсия низ сурат гирифтаанд. Дар ин корхона ба шаффофияти кор таваҷҷӯҳи бештар дода мешавад, ҳамчунин, ҳангоми пеш бурдани корҳои марбут ба бизнес истифода аз  усулҳои кӯҳна истифода намекунанд. Ҳангоми ҷамъоварии ҳосил чинакчиён аз роҳи қонунӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. 
Ба ин тартиб, корхонаи кластери бофандагии «Fergana global textile» заминаҳои мусоидеро фароҳам овардааст, ки он ба яке аз корхонаҳои пешрафтаи ҷумҳурии мо табдил ёбад.
Яке аз ҷиҳатҳои хосе, ки зимни боздид аз ин корхона ба аъзои ҳайати эътилофи ширкати хориҷӣ мақбул афтодааст, ба даст овардани ҷавобҳои мушаххасу пухта ба саволҳое мебошад, ки  аъзои ҳайати мазкур дар миён гузоштаанд. Ин саволҳо ҷиҳати аз меҳнати маҷбурӣ даст кашидан, пиёда кардани чораҳои мушаххаси мубориза ба муқобили меҳнати маҷбурӣ, тарзҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва ҳокимияти маҳаллӣ мебошад.
Интизор меравад, ки вакилони ширкати “Cotton Campain” барои гузаронидани мониторинги фаъолияти корхонаи кластери бофандагии «Fergana global textile» ба таври хоса ташриф меоранд.
– Фикр мекунам, ки ҳусни таваҷҷӯҳи “Cotton Campain” ба корхонаи мо масъулият ва ҷавобгариамонро низ дучанд гардонид, – гуфтааст роҳбари  “Global textile group” М.Раззоқов. – Мо ба оламиён нишон хоҳем дод, ки Ӯзбекистон  дар бобати барҳам задани меҳнати маҷбурӣ роҳи хеле дурустро пеш гирифтааст. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: