МАҚСАДИ АСОСӢ – БУНЁДИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕАИ БА МЕЪЁРҲОИ БАРОБАРИИ ИҶТИМОӢ ВА ДЕМОКРАТИЯИ ХАЛҚӢ ҶАВОБГӮ

Аҳолӣ бояд ҳар сол аз муоинаи ройгони тиббӣ гузаронда шавад

Аҳолӣ бояд ҳар сол аз муоинаи ройгони тиббӣ гузаронда шавад
Дар байни мардуми мо мақоли маъмуле ҳаст: ӯзбек то аз пойи худ мондан  ба духтур намеравад. Ба ин омили аввал хуб набудани  вазъи иҷтимоиву иқтисодии одамон бошад, омили дуввум  хуб ба роҳ монда нашудани  корҳои тарғиботӣ, ки ба ташаккули фарҳанги тиббии мардум хидмат мекунад, мебошад. Ташкилоту муассисаҳои низоми тандурустӣ низ барои ташаккул ва вусъат додани фарҳанги тиббӣ масъул мебошанд.
Дар кишварҳои пешрафта ба саломатии инсон ба сифати масъалаи аввалиндараҷа эътибор дода мешавад. Зеро, бузургтарин сарвати ҳар гуна кишвар халқи он аст. Дар ҳар ҷо, ки одамон солим бошанд,  ба рушди соҳаҳои мухталиф саҳм мегузоранд ва ин барои ин кишвар ҳамчун фоидаи бузург арзёбӣ мешавад. Аз ин рӯ, ба мақсади дар мамлакатамон  ҳифз намудани саломатии одамон бояд ҳар сол аз муоинаи тиббӣ бепул гузарондани аҳолӣ ташкил карда шавад.
Ба воситаи ин ҷони  инсонҳоеро, ки саривақт бемориашон аниқ карда нашуда, бо мурури вақт ноилоҷ вафот кардаанд, наҷот додан мумкин. Дар воситаҳои ахбори оммавӣ,  шабакаҳои иҷтимоӣ, мо шоҳиди он мегардем, ки иқдомҳои зиёди кӯмак ба хотири ниёз ба пули калон бинобар гузаштани вақт бар асари бемориҳои онкологӣ ё бемориҳои ҷигар ташкил карда мешаванд. Аммо, ба гуфтаи коршиносон, ҳар беморие, ки дар вақташ ошкор шудааст, табобат мешавад. Агар бемориҳо саривақт ошкор карда шаванд, он барои бемор, ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам аз ҷиҳати моддӣ судманд хоҳад буд.
Хуб, то он даме, ки одамон фарҳанги тиббӣ надоранд ва намехоҳанд мустақилона ба духтур муроҷиат кунанд, ташкили муоинаи ройгони тиббиро, ки ҳар сол гузаронда мешавад, бидуни таъхир оғоз кардан муҳим аст. Ин корро асосан тавассути истифода бурдан аз фаъолияти поликлиникаҳои оилавӣ, инчунин бо фиристодани гурӯҳҳои сайёри тиббӣ ба ноҳияҳои дурдаст метавон анҷом дод. Бояд гуфт, ки вазифаи аввалиндараҷаи поликлиникаҳои оилавӣ пешгирии бемориҳо ва табобати бемории муайяншуда, пешгирии асорати беморӣ мебошад.
Инчунин бояд қайд кард, ки барои пурзӯр гардондани ҳисси масъулияти мардуми мо барои саломатии худ роҳҳои самараноки баланд бардоштани фарҳанги тиббиро таҳия карда, ба амалиёт татбиқ намудан лозим аст. Ин ҳам тавре ки дар боло зикр кардем, яке аз вазифаҳои низоми  нигаҳдории тандурустӣ аст. 
Дар ин сурат ҷалби воситаҳои ахбори оммавӣ, пеш аз ҳама, телевизион ва радио, ки аз ҷониби қисми зиёди аҳолӣ истифода мешаванд, натиҷаҳои хуб хоҳанд дод.
Бинобар мавзӯи мавриди назар ҳаминро илова кардан мехостам, ки айни замон ваксиназанӣ бар зидди коранавирус идома дорад. Ин низ як намуди профилактикаи тиббӣ мебошад. Ба гуфтаи коршиносон, шахси ваксинагирифта ба беморӣ мубтало намегарданд, ё сироят кунад ҳам дар шакли сабук паси сар мекунанд. Ин, албатта, омили муҳими ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад. 
Дар хотима метавон гуфт, ки ҳар сол аз муоинаи ройгони тиббӣ гузарондани аҳолӣ бевосита ба рушди кишвар хидмат мекунад.

Манфиат ва ҳуқуқи шаҳрвандоне, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, бояд ҳимоя карда шаванд
Дар бисёр кишварҳои рӯ ба тараққӣ қисми зиёди аҳолиро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд. Ба монанди ин, қисми муайяни аҳолии ниёзманд ба кори мамлакатамон дар кишварҳои хориҷӣ кор мекунанд. 
Ҳамзамон бо дарназардошти он, ки имкониятҳои фароҳам овардани ҷойҳои кории кофӣ барои коргарон дар кишвар вуҷуд доранд, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои коргарони мо, ки дар хориҷа кор мекунанд, бояд яке аз вазифаҳои устувори сиёсати давлат бошад.
Дар ин бобат аз ҷониби ҳукумат якчанд корҳо анҷом дода шуданд ва анҷом дода мешаванд. Аммо корро дар ин соҳа пурзӯр кардан лозим аст. Зеро мо аксар вақт дар воситаҳои ахбори оммавӣ ё шабакаҳои иҷтимоӣ гувоҳи поймол шудани ҳуқуқи коргарони мо, ки дар хориҷ кор мекунанд, мегардем.
Пас, чӣ гуна метавон ба шаҳрвандоне кӯмак кард, ки ҳангоми кор дар хориҷа аз зӯроварӣ, меҳнати маҷбурӣ ва табъиз ҷабр дидаанд, ҳуқуқашон поймол шудаанд, дар ҳолати вазнини молиявӣ қарор доранд ва ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ маҷрӯҳ шудаанд? Албатта, ин масъалаест, ки бояд ҷиддӣ баррасӣ шавад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки бунёди дастгирии шаҳрвандоне, ки фаъолияти меҳнатиашонро дар хориҷ анҷом медиҳанд ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва департаменти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар хориҷ муваққатан меҳнат мекунанд ва масъалаҳои ҳамкории байналмилалии иқтисодии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавҷуд мебошанд, ки дар кишварамон ба муҳоҷирони меҳнатие, ки ба ҳолатҳои дар боло зикршуда дучор шудааанд, кӯмак мерасонад. Ин ташкилотҳо бояд фаъолияти худро дар ин соха аз нуқтаи назари танқидӣ аз нав дида бароянд.    
Мо барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони мо, ки дар хориҷа кор мекунанд, амалӣ гардондани инҳоро мувофиқи мақсад медонем.
Якум, бунёди дастгирии шаҳрвандоне, ки фаъолияти меҳнатиашонро дар хориҷ анҷом медиҳанд ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва департаменти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар хориҷ муваққатан меҳнат мекунанд ва масъалаҳои ҳамкории байналмилалии иқтисодии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз болои иҷрои вазифаҳои ба онҳо гузошташуда назорати қатъии давлатӣ ва аҳли ҷамъият муқаррар карда шавад. Ҳар моҳ барои воситаҳои ахбори оммавӣ оид ба корҳои аз ҷониби онҳо анҷом додашуда додани маълумот ташкил карда шавад. 
Дуюм, дар назди сафоратхонаҳо, консулгарӣ ва намояндагиҳои кишвари мо дар хориҷа, хусусан дар кишварҳое, ки муҳоҷирони ӯзбекистонӣ бештар мераванд, марказҳо кушодан лозим аст, то ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатиро ҳимоя кунанд ва ба онҳо дастгирии моддию маънавии зарурӣ расонанд. Илова бар ин, таъсиси марказҳо дар назди сафоратхонаҳо, ки бо мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ машғул мешаванд, самараи мусбат хоҳад дод.
Сеюм, консепсияро таҳия кардан лозим аст, ки ба дастгирии муҳоҷирони корӣ дар хориҷа ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо нигаронида шудааст. Консепсия бояд таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвари моро, ки дар гӯшаҳои гуногуни  ҷаҳон кор мекунанд, фаро  гирад. Консепсия инчунин бояд нақшаи вохӯриҳои намояндагони созмону идораҳои масъули муҳоҷиратро бо муҳоҷирони ӯзбекистонӣ дар хориҷи кишвар дар ҳар семоҳа дар бар гирад.
Мо бовар дорем, ки татбиқи вазифаҳои дар боло зикршуда вазъи коргарони моро, ки дар хориҷа кор мекунанд, куллан тағйир медиҳад. 
Мо набояд фаромӯш кунем, ки муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекистон, новобаста аз он ки дар кадом гӯшаи ҷаҳон кор мекунанд, ҳамватанони мо ҳастанд. Бинобарин, ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо бояд ҳифз карда шаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: