МАҚСАДИ АСОСӢ – ХУШНУДИИ КӮДАКОН

Дар ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи «Раҳимсӯфӣ»-и ноҳияи Косони вилояти Қашқадарё ба шарафи Иди байналмилалии ҳифзи кӯдакон боғчаи замонавие сохтаву ба истифода дода шуд, ки дорои 120 ҷой аст.

Кунун шодии бошандагони маҳаллаи мазкурро ҳаду каноре нест. Дар ин ҷо қаблан як боғчаи оилавӣ амал мекард, ки як теъдоди хурди кӯдаконро фаро мегирифт. Бо сохтаву ба истифода дода шудани боғчаи нав ниёзи аҳолӣ дар ҳадди ақал сода гашт. Ин муассисаи давлатии таълими томактабӣ таҳти рақами 47 сабти ном гашта, барои сохтмонаш 6 миллиард сӯми буҷа сарф гардидааст. Боғча дар асоси технологияи охирин барпо шуда, бо кулли таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст. Назар ба маълумотҳо, дар қаламрави вилоят  боз 45 боғчаи давлатӣ, муассисаи томактабии асосашон шарикии давлативу хусусӣ ва соф оилавӣ дари худро ба рӯйи кӯдакон боз хоҳанд кард. Аз ин се боғчаи комилан нави замонавӣ сохта шуда ва 28 боғчаи амалкунанда аз таъмири кул берун хоҳанд омад. Ҳукумати вилоят ният дорад, барои ин корҳо 185 миллиард сӯм сарф намояд.
Бояд таъкид кард, ки аз ибтидои сол то ҳол 454 боғча ба фаъолият шурӯъ карда, таълим ва тарбияти 16100 нафар кӯдаконро фаро гирифтаанд. 430-тои ин муассисаи томактабӣ  дар шакли оилавӣ арзи ҳастӣ намуда, ки имрӯз дар байни аҳолӣ маъруфият доранд.   
Назар ба маълумоти оморӣ соли 2017 дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят ҳамагӣ 326 кӯдакистон амал мекард, ки онҳо 13 дарсади кӯдаконро фаро мегирифт. Пас аз ислоҳоти куллӣ ва эътибори махсуси ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин соҳаи хеле муҳим шумори боғчаҳо хеле афзуда, дар байни ҳафт соли баъдӣ ба 4061 расидааст, ки назар ба соли 2017 12,5 маротиба афзунтар аст. Ҳоло дар тамоми вилоят 63 фоизи кӯдакон бо муассисаҳои томактабӣ таъмин гардидаанд. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: