МАҚСАДИ АСОСӢ – ТАЪМИНИ ИҶРОИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ

Дар мамлакатамон барои таъмини иҷрои барномаҳои давлатии “Деҳаи обод” ва “Маҳаллаи обод” корҳои зиёд ба сомон расида ва домани ин корҳо фарохтар мегардад.

Инро метавон дар мисоли ноҳияҳои дурдасте дид, ки нисбат ба минтақаҳои дигар дар ҳалли масъалаҳо ва муаммоҳо ба душвориҳо мувоҷеҳ мешаванд. Ин масъалаву муаммоҳо асосан соҳаи иҷтимоиро фаро гирифтаанд.
Аъзои як Гурӯҳи корӣ дар раъси ноиби вазири маҳалла ва пуштибонӣ аз оила Ботир Парпиев дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Чегара”-и шаҳри Тирмиз шуда, бо вазъияти он аз наздик ошно шуданд. Маълум шуд, ки ин маҳалла ба барномаи маҳаллаи обод шомил шудааст.
– 14 кӯчаву хиёбони ин ҷамоат аллакай мумфарш карда шудааст. Барои таъмини аҳолии он бо гази табиӣ хобонидани лӯлаҳои газ бо суръат идома дорад. Аммо то замони интиқоли гази табиӣ тавассути ин лӯлаҳо сокинони бархе аз манотиқи маҳаллаи мазкур бо балонҳои гази моеъшуда таъмин карда мешаванд, – мегӯяд раиси Гурӯҳи корӣ Ботир Парпиев.
Гуфта мешавад, ки корҳои хобонидани лӯлаҳои газ мебоист то ин муддат ба иҷро мерасид. Вале адами эҳсоси масъулият ин кор дар вақти муқарраршуда ба анҷом нарасидааст. Барои ҳамин Ботир Парпиев ба дастандаркорони идораҳои марбута супориш додааст, ки ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаҳо дар вақту замони худ чораҳои фаврӣ пиёда кунанд.
Дар ҷараёни сафари аъзои Гурӯҳи корӣ ба шаҳри Тирмиз дидору мулоқот бо сокинони маҳаллаи “Чегара” низ роҳандозӣ шудааст. Дар ин мулоқот мардум аз аъзои ин гурӯҳ ҷиҳату ҳалли як қатор масъалаҳои иҷтимоӣ кумак хостаанд. Яке аз масъалаҳои матраҳшуда беҳбуд бахшидан ба ҷараёни таълим дар мактаби таълимоти умумии рақами 21 будааст. 
– Мо бо директори мактаб М.Эгамбердиев дар ин бора суҳбат кардем ва ба вай фаҳмонидем, ки кори таълиму тарбия кори осон нест, бо вуҷуди ин бояд ҳар як омӯзгор ба кори таълиму тарбия бо эҳсоси масъулият бархурд намоянд. Зеро ҷавонону наврасон ояндаи мамлакатанд. Агар  мо аз ӯҳдаи иҷрои вазифае, ки аз фароҳам овардани шароити созгор ба онҳо иборат аст, набароем, сарвари давлатамон моро намебахшад, – изҳор намуд Ботир Парпиев.

Фарҳод ЭШМӮЪМИНОВ,
сармутахассиси бахши матбуоти Вазорати маҳалла ва пуштибонӣ аз оилаи ҷумҳурӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: