МАҚСАДИ АСОСӢ — ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ АЗ ИМРӮЗА ҲАМ ФАРОВОН ВА ХУШБАХТОНАИ ХАЛҚАМОН

Перомуни қарзи хориҷии давлатҳо баҳсҳои зиёде мавҷуданд, андешаҳои гуногун ба назар мерасанд.

Перомуни қарзи хориҷии давлатҳо баҳсҳои зиёде мавҷуданд, андешаҳои гуногун ба назар мерасанд. Вақте дар ин хусус сухан меравад, пеш аз ҳама, метавон қарзи хориҷиро ба маъное ҳамчун «қарзи эътимод»-и давлат фаҳмид. Зеро, мисли рӯз рӯшан аст, ки қарз ё сармояҳо на ба ҳамаи давлатҳо дода мешаванд.
Пас аз эълон шудани маълумоти расмӣ оид ба  қарзи хориҷии Ӯзбекистон ва таркиби он, баъзе шаҳрвандон ба вазъият дуруст баҳо надода, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои интернетӣ изҳори назарҳои танқидӣ карданд. Дар асл ин ҳам вазъияти мусбат аст. Чунки дар Ӯзбекистони навшудаистода дар ҳама соҳа  рӯшодӣ, шаффофият ба сифати меъёри алоҳида муайян шудааст. Аммо қабл аз шарҳ додан ё паҳн кардани як хабар оид ба масъалаҳои марбут ба манфиатҳои давлат ва халқ масъаларо муфассал таҳлил карда, баъд изҳори назар карда шавад, дуруст хоҳад буд.
Қарзи берунаи давлатӣ набояд ба маънои қарзи оддие, ки ба туфайли муҳтоҷӣ гирифта шудааст, фаҳмида шавад. Қарзи беруна воқеан маънои онро дорад, ки қарзҳои мақсаднок, сармояҳо ва дигар маблағҳо ба иқтисодиёти кишвар ворид мешаванд. Барои таъмини некӯаҳволӣ ва рушди устувори иқтисоди мардуми мо, пеш аз ҳама, рушди инфрасохтор тақозо мегардад. Барои рушди инфрасохтори энергетикӣ, таъминоти об, нақлиёт ва коммуникатсия, ки барои зиндагӣ, бо истеҳсолот ва соҳибкорӣ шуғл варзидани аҳолӣ заруранд, маблағгузории калон талаб карда мешавад.
Қарзи хориҷии давлатӣ бо маҳдуд гардондани имкониятҳои дохилӣ, асосан ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ, саноатӣ ва кишоварзӣ равона карда мешаванд. Мо бояд дарк кунем, ки якум, сатҳи ҳозираи қарзи хориҷии Ӯзбекистон хеле паст ба ҳисоб меравад. Дуюм, қарзи беруна боиси нигаронӣ нест. Агар ин қарз нодуруст харҷ гардад ё ки ба воситаи ҷараёнҳои ношаффоф азхуд карда шавад, пас нигаронӣ саривақтӣ ва асоснок хоҳад шуд.
Солҳои охир мо таҳти роҳбарии Президентамон ба амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои азим дар соҳаи некӯаҳволии зиндагии халқ шурӯъ кардем. Ҷалби устувори сармояҳо ба қатори ин вазифаҳои муҳим ворид мегарданд. Мо медонем, ки сармоя худ аз худ ворид намегардад. Барои ин дар мамлакат бояд инфрасохтор ривоҷ дода шавад.
Аз ин ҷиҳат, қарз гирифта, бо тарозуи ақл баркашида, бо илм асоснок карда, бо ҳисобу китоби дақиқ харҷ кардан, сипас зина ба зина пӯшондани он аз роҳҳои дурусттарин аст. Мақсади ниҳоӣ якто — таъмин намудани зиндагии аз имрӯза ҳам фаровон ва хушбахтонаи халқамон аст. Таъмини аз сафи мамлакатҳои ҷаззобтарин оид ба пеш бурдани тиҷорат ва воридкунии сармоя ҷой гирифтани Ӯзбекистон низ аз вазифаи муҳими мо ба ҳисоб меравад. Зеро, ба таҷрибаи кишварҳои пешрафта назар афканем, мебинем, ки амалиёти мазкур худро комилан сафед кардааст.
Бояд қайд кард, ки дар айни замон масъалаи қарзгирии хориҷии Ӯзбекистон муҳим аст. Сабаб дар он аст, ки қарзҳои хориҷии ҷалбшудаи давлат ба чунин соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, аз қабили энергетика, нақлиёт ва инфрасохтори нақлиёт, кишоварзӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, химия, таълим ва тандурустӣ равона карда мешавад. Агар аз берун маблағ ҷалб карда нашавад, ислоҳот бояд аз ҳисоби буҷети давлатӣ амалӣ карда шаванд.
Аз ин нуқтаи назар, равона кардани қарзи хориҷӣ пеш аз ҳама ба маблағгузории барномаҳои давлатӣ ва ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат мувофиқи мақсад аст. Ғайр аз он, ба таъмин кардани шаффофият дар истифодаи мақсаднок ва самараноки қарзи беруна, инчунин ба оммаи васеъ паҳн кардани иттилоот  ҳамчун як қадами мусбат баҳо додан лозим.
Умуман, бояд ба қарзҳои хориҷӣ ҳамчун эътимоди ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ ба кишвари мо баҳо дод. Аммо такрор бошад ҳам бояд қайд кард, ки қарз на ба ҳар давлат дода мешавад. Пеш аз ҳама, эътимоднокӣ, имкониятҳои иқтисодӣ ва дурнамои қарзгиранда ҳамаҷониба омӯхта мешаванд. Дар асоси таҳлилҳои мавҷуда, бо назардошти захираву имкониятҳои дохилии кишвар, инчунин натиҷаҳои ислоҳоти нав бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар бобати қарзи берунаи давлатӣ ҳеҷ гуна асос ба рӯҳафтодагӣ ё нигаронӣ нест. Ҷараёни мазкур бо такя намудан ба таҳлил ва ҳисобҳои возеҳ пеш бурда мешавад.
 
Актам ҲАИТОВ,
муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
роҳбари фраксияи ӮзЛиДеП.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: