МАҚСАДИ АСОСӢ – ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР РӮҲИ ВАТАНПАРВАРӢ

Имрӯзҳо 1 мактаби техникии муттаҳида, 1 маркази намудҳои варзишии амалӣ ва техникии вилояти Самарқанд, 19 клуби техникӣ-варзишии хонишии шӯрои вилоятӣ, 13 клуби шӯроҳои ноҳиявӣ ва 1 клуби шӯрои шаҳрӣ дар асоси ҷамоатӣ амал мекунанд.

Дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12-уми декабри соли 2018 самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти «Ватанпарвар»-и ёрирасони мудофиаи Ӯзбекистон нишон дода шудааст.
Бо мақсади дар рӯҳи ҳарбии ватанпарварӣ, ахлоқиву маънавӣ тарбия намудани шаҳрвандон ва ҷавонон, ки яке аз вазифаҳои асосии ташкилот ба шумор меравад, зиёда аз 800 тадбири ҳарбии ватанпарварӣ, маънавӣ-маърифатӣ гузаронида шуда, дар онҳо зиёда аз 110 ҳазор нафар ҷавонон ва шаҳрвандон иштирок карданд. Аз ҷумла, дар доираи «Моҳонаи ватанпарварӣ» зери шиори «Ватан – муқаддас, ҳимояи он вазифаи пуршараф аст», ба муносибати «Рӯзи хотира ва қадршиносӣ» – «Ба ёд овардани аҷдод арзиши муқаддас аст», «Эътибор ва ғамхорӣ – вазифаи инсонӣ», «Автокорвони хотира» ва вохӯрии «Се авлод», дар арафаи иди истиқлол барои фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ, ки аснои иҷрои вазифа ҳалок шудаанд, оилаҳои камбизоат, шаҳрвандоне, ки муддати ҷазоро адо мекунанд, ба ҷойҳои сазовори диққати шаҳр, «Мактаби Темурбекҳо» ва қисмҳои ҳарбӣ зери шиори «Мо Ватанпарваронем!» тадбирҳои маънавӣ-марифатӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ гузаронида шуданд.
Яке аз самтҳои асосии ташкилот таъмини рушд ва оммавигардонии намудҳои техникӣ ва амалии варзиш мебошад.
Ташкилот дар корҳои афзунсозиву оммавигардонӣ, тарғиби намудҳои техникӣ ва варзиш дар байни шаҳрвандон ва ҷавонони ноболиғ, гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, таъмини иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ҳиссаи муносиб мегузорад.
Имрӯзҳо аз ҷониби ташкилот намудҳои техникӣ ва амалии варзиш ба монанди картинг, автокросс,  пойгаҳои ҳалқаи автомобилӣ, мотокросс, триатлон, дуатлон, чавандозӣ, биатлони тобистона, тирандозӣ, авиамодел, ракетамодел, киштимодел, радиоалоқа ва телеграф оммавӣ гардонида шудааст. Инчунин, оиди ривоҷдиҳии варзиши парашют (пуфаки ҳавоӣ) корҳои ташкилӣ бурда мешавад. 
Дар сохтори шӯрои вилоят 28 маҳфили варзишӣ амал намуда, дар онҳо зиёда аз 700 варзишгар шуғл меварзанд. Дар байни ҷавонон оиди намудҳои техникӣ ва амалии варзиш дар асоси нақша мусобиқаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ (шаҳрӣ) гузаронида мешавад.
Дар шаҳри Самарқанд чемпионати ҷумҳурӣ доир ба автокросс, триатлон, авто ва киштимодел бо ҳамкории ҳокимияти вилоят дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.
Дар натиҷаи ин сафи варзишгарони бомаҳорат афзуда, рақобат байни ҷамоаҳои миллӣ пурзӯр мешавад. Варзишгарон дар чемпионатҳои қитъа, ҷаҳон ва дигар мусобиқаҳои байналхалқӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
Дар 21 муассиса ва клуби варзишӣ-техникии хонишии ташкилот соле дар 466 гурӯҳи хонишӣ беш аз 9500 нафар ронандагони воситаҳои автонақлиёти тоифаи гуногун, радиотелеграфистҳо ва дигар мутахассисон тайёр карда мешаванд.
Ғайр аз ин, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи бехатарии ҳаракати роҳи Садорати корҳои дохилии вилоят дар муассисаҳои таълимии ташкилот зиёда аз 500 тадбири тарғиботии «Қоидаи роҳ – фоидаи умр», «Диққат, пиёдагард» гузаронида шуданд. Дар онҳо 70 ҳазор нафар ҷавонону хонандагон иштирок карданд.
Ташкилоти «Ватанпарвар» дар корҳои бобати тарбияи ҷавонони мамлакат ба рӯҳи ҳарбии ватанпарварӣ ҳамаро ба фаъолӣ даъват менамояд. Чунки ватанпарварӣ яке аз арзишҳои олитарини халқи Ӯзбекистони бисёрмиллат аст.

Алишер ЭГАМБЕРДИЕВ, 
раиси Шӯрои вилоятии ташкилоти ба мудофиаи Ӯзбекистон ёрирасони «Ватанпарвар».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: