МАҚСАДИ АСОСӢ – ТАТБИҚИ НЕРӮИ НАҚЛИЁТИВУ ТРОНЗИТИИ ӮЗБЕКИСТОН

Дар тӯли солҳои охир дар ҷумҳурӣ бино бар навсозӣ, рушди техникиву технологии инфрасохтори нақлиётӣ ва афзун гардондани ҳаҷми боркашонии нақлиётӣ ислоҳоти васеъмиқёс татбиқ мегарданд.

Барои ҳеҷ кас сир нест, ки инфрасохтори нақлиётӣ яке аз рагҳои асосии иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Барои кӯмак расондан ба рушди соҳаи мазкур «Барномаи рушд ва навсозии инфрасохтори муҳандисиву коммуникатсионӣ ва роҳу нақлиётӣ барои солҳои 2015-2019» қабул шуда буд. Барнома коркарди стратегияи маҷмӯии ягонаро дар соҳаи рушди ҷабҳаи миллии нақлиётӣ, ки ба талабот ва андозаҳои баланди байналхалқӣ ҷавобгӯ мебошад, инчунин таъмин кардани ҳамгароии васеи онро дар низоми байналхалқии нақлиётӣ бо назардошти эҳтиёҷоти пешомадноки истеҳсолгарони ҷумҳурӣ дар пеш бурдани маҳсулоти худ ба бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пешбинӣ менамояд.
Дар барнома ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва даҳлезҳои тронзитӣ, мустаҳкам кардани ҳамкории тамоми намудҳои нақлиёт, аз он ҷумла аз ҳисоби кушодани роҳҳои нави нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, инчунин хатсайрҳои нақлиёти ҳавоӣ нақши алоҳида дода шудааст.
Чӣ хеле ки маълум аст, иқтидори нақлиётиву тронзитии Минтақаи Осиёи Марказӣ бо мавқеи геостратегии он дар маркази Роҳи бузурги абрешим муайян карда мешавад, ки таърихан байни Шарқу Ғарб, Шимолу Ҷануб ҳамчун кӯпрук хидмат кард. Маҳз ба воситаи ин минтақа хатсайрҳои кӯтоҳтарин мегузаштанд, ки байнашон бозорҳои бузурги байналхалқиро мепайвастанд.
Бо дарназардошти таҷрибаи таърихӣ, имрӯз мо татбиқи лоиҳаҳои нақлиётиву коммуникатсиониро, ки онҳо Осиёи Марказиро бо бандаргоҳҳои бузургтарини баҳрӣ ва бозорҳои ҷаҳонӣ мепайвандад,  ба сифати афзалият муайян намоем.
Масъалаҳои ташаккул додани даҳлезҳои нави нақлиётӣ ва тронзитӣ дар Осиёи Марказӣ, ки имконияти ҷалб намудани боркашонии иловагӣ, таҷрибаи пешқадамро оид ба тайёркунии кадрҳо дар соҳаи нақлиёт ва логистика, фароҳам овардани шабакаи марказҳои байналхалқии логистика, ба кор бурдани усулҳои самарабахш истифода бурдани бандаргоҳҳои баҳрӣ ва хушкии мамлакатҳои хориҷӣ барои рушди иқтидори нақлиётиву логистикии минтақа, дар Осиёи Марказӣ таъсис додани хаби ягонаи нақлиётӣ, ки он ҳамчун пайвасткунандаи асосии тронзитии байни мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, Аврупо, Шарқи Наздик ва Миёна хидмат мекунад, фароҳам меорад, барои минтақа муҳим мебошад.
Дар ҷанбаи стратегӣ ин ба Ӯзбекистон имконияти иштирок намудан дар боркашониҳои байналхалқии тронзитии самтҳои минтақаи Осиёву океани Ором ва Чинро бо баромадан ба бандаргоҳҳои океани Ҳинд (Покистон, Ҳиндустон) ва ИА, Русия, Кавказ бо баромадан ба бандаргоҳҳои океани Ҳинд (Покистон, Ҳиндустон), инчунин дар созмон додани даҳлези нави нақлиётии Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Уммон ва муттаҳид гардондани саъю кӯшиши ҳукуматҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бино бар татбиқи лоиҳаҳои нави пешомаднок, коркарди масъалаҳои истифода бурдани тарифҳои якшакла (беист) барои боркашонии тронзитӣ дар ҳудудҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ фароҳам меорад.
Алоҳида қайд кардан ҷоиз аст, ки масъалаҳои сохтмони роҳҳои оҳани Ӯзбекистон – Қирғизистон – Чин мавриди ҳаллу фасл аст.
Лоиҳаи мазкури нақлиётӣ дар фазои СҲШ аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки баҳрабардории он имконияти афзун ва васеъ гардондани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии на танҳо байни иштирокдорони лоиҳа, балки байни тамоми мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Чинро фароҳам меорад. Роҳи оҳан имконияти кашондани борҳоро аз Чин ба воситаи Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва Шарқи Наздик фароҳам меорад ва яке аз хатсайрҳои кӯтоҳтарини кашондани борҳои чинӣ ба мамлакатҳои Аврупо гардида, инчунин имкони ривоҷ додани инфрасохтори нақлиётиву логистикии мамлакатҳои Осиёи Марказиро медиҳад.
Дар хотима қайд кардан ҷоиз аст, ки фароҳам овардани шароитҳои зарурии зикршуда барои рушди минбаъдаи иқтидори нақлиётиву тронзитӣ имконияти баланд бардоштани қобилияти гузариши низоми нақлиётӣ, барҳам додани саддҳои барои тронзити бемамониат ба воситаи ҳудуди Ӯзбекистон мавҷударо медиҳад, ки барои рушди даҳлезҳои байналхалқии нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад.

Хидмати ахбори Вазорати иқтисодиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: