МАҚСАДИ ИСЛОҲОТҲО РОЗИ КАРДАНИ ОДАМОН

Солҳои охир дар мамлакати мо пурзӯр кардани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ва кам кардани нодорӣ ба самтҳои устувори сиёсати давлат табдил ёфтанд.

. Бо ҷойҳои нави корӣ ва манбаи кафолатноки даромад, ҳамчунин бо шароити муносиби зисту зиндагӣ таъмин сохтани аҳолӣ аз ҷиҳати сифат ба зинаи нав бардошта шуданд.
Бобати кам кардани нобаробарии иқтисодии байни ҳудудҳо, дар як маром инкишоф додани тамоми ноҳия ва шаҳрҳо аз тариқи ҷорӣ намудани нуқтаи назари нав бо дарназардошти шароити мавҷудаи ноҳия ва шаҳрҳо, салоҳият ва имкониятҳо онҳо ба 5 тоифа ҷудо карда шуд.
Ҳоли ҳозир бинобар тоифаҳои мазкур пешрафти иқтисодии ноҳияҳо мушаххас карда мешаванд. Ба соҳибкорон субсидия, вом ва ҷубронпулиҳо мувофиқи ин тоифаҳо ҷудо мегарданд. Дар натиҷаи ин саъю ҳаракатҳо таи се соли охир бобати кам кардани нодорӣ низоми махсус ҷорӣ карда шуд. Ба ҳар як ноҳияе, ки ба панҷ тоифа ҷудо карда шудааст, бо дарназардошти шароит сабукиҳо дода мешаванд.
Ҳамчунин ҳар сол барои соҳибкории оилавӣ 13 триллион сӯм вом ва 1,85 триллион сӯм субсидия ҷудо мегардад. Дар натиҷа соли гузашта 1 миллион нафар, дар семоҳаи аввали соли 2023-юм бошад, 210 ҳазор аҳолӣ аз нодорӣ халос хӯрданд.
Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки бино бар кам кардани нодорӣ ва бо шуғл таъминкунии аҳолӣ таҳти раёсати Президенти кишвар гузаронида шуд, ба масъалаи мазкур эътибори махсус дода, таклиф ва ташаббусҳои муҳим пеш гузошта шуданд. 
Ҳамаи мо хуб медонем, ки  нодориро танҳо бо маблағдиҳӣ аз байн бардоштан имконнопазир аст. Барои ин дар маҳалҳо бояд бо соҳибкорон ҳамкории судбахш ба роҳ монда, онҳо аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ карда шаванд. Ба мақсади бо шуғл таъмин кардани аҳолӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибихтисос ташаббуси ба соҳибкорӣ фароҳам овардани имкониятҳои беш аз пеш, аз ҷиҳати молиявӣ рағбатнок сохтани онҳо амали хеле саривақтӣ гардид.
Чунончи, аз 1 июни соли равон барномаи «20 ҳазор соҳибкор – 500 ҳазор мутахассиси соҳибмалака» ба амал ҷорӣ карда мешавад. Дар доираи ин барнома бошад, барои солҳои 2023-2024 дар маҷмӯъ 1 миллиард доллар ҷудо гардид. Аз ҳисоби ин маблағ, вобаста аҳамияти лоиҳа оид ба касбомӯзонӣ ва бо таъмин намудани аъзои оилаҳои камбағал, дар фоизҳои ками дарамал ва ба муддати дарозтар вом дода мешавад.
Ғайр аз ин, ба соҳибкороне, ки дар ин барнома иштирок мекунанд, барои андоз имтиёзҳои махсус дода мешавад. Аз ҷумла, агар дар давоми як сол 20 фоиз аъзои оилаи нодор бо кор таъмин карда шавад, соҳибкор аз андози амвол ва замин озод карда хоҳад шуд. Агар узви оилаи камбағал аз андози даромад озод карда шавад, ба соҳибкороне, ки то 5 миллион сӯм маош медиҳанд, миқдори андози иҷтимоӣ 2 баробар кам карда хоҳад шуд. 
Он чиз боиси эътибор мебошад, ки ба соҳибкорони дар ин барнома иштироккунанда ҳангоми расмикунонии гумрук тартиби «гузаргоҳи сабз» истифода мешавад, барои соҳибкороне, ки ба барнома дохил гардидаанд, бобати бо инфрасохтор, замин ва иншоот таъмин кардан сабукиҳои иловагӣ дода мешаванд.
Дар соҳаи кам кардани нодорӣ ба омӯхтани таҷрибаи Чин эътибори махсус дода мешавад, ки бесабаб нест. Зеро ба ин мақсад дар байни Чин ва соҳибкорони кишварамон вохӯриҳои амалӣ гузаронида шуданд, бинобар натиҷаи қарордодҳо як қатор шартномаҳо ба имзо расиданд. Дар пояи табодули тарафайни коршиносони соҳибтаҷриба дар 18 самт лоиҳаҳои мушаххас тайёр карда шуданд. 
Дар доираи лоиҳаҳои мазкур бошад, бо дарназардошти таҷрибаи Чин дар ҳар як вилоят бобати аз нодорӣ баромадан барномаҳои махсус амалӣ хоҳанд шуд. Дар ин бобат дар ноҳияҳое, ки дар онҳо дараҷаи нодорӣ баланд аст, инфрасохтори роҳу нақлиёт, электр, алоқа ва сайёҳӣ беҳтар карда, ба рушди шаҳрҳои хурду миёна, саноатикунонии маҳаллаҳо эътибори зиёд дода мешавад.
Хулоса, ислоҳотҳое, ки алҳол дар мамлакати мо татбиқ мегарданд, ба таъмин кардани ҳуқуқ ва озодии инсон, розӣ намудани одамон, беҳтар сохтани  тарзи ҳаёти халқ нигаронида шудаанд. Агар ба таъбири Президенти кишвар гӯем, «Тамоми орзуву ниятҳо, амалҳои хуб, меҳнати пурмашаққат, саъю ҳаракатҳои мо, ки шабу рӯз ба амал татбиқ менамоем, барои халқамон мебошад, ки бо умедҳои зиёд аз мо дигаргуниҳои мусбат интизоранд».

Гулрух АГЗАМОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: