МАҚСАДИ МО – БА ИСТЕҲСОЛОТ ҶОРӢ КАРДАНИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДА ВА МУҚОБИЛИ ЭНЕРГИЯ

Зимистони имсола тамоми мушкилоту камбудиҳои низоми энергетикиро ошкор кард.

Ин қонуни табиат аст: ҳар сол зимистон дарро мекӯбад. 
Пас оё кафолате ҳаст, ки ин мушкилот дар соли оянда такрор нахоҳанд шуд? Барои ислоҳи камбудиҳо ба чӣ диққат додан лозим аст? 
Мухбири ӮзА барои гирифтани ҷавоб ба ин ва дигар саволҳо бо директори Донишкадаи мушкилоти энергетикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Ҳакимҷон Муратов ҳамсуҳбат шуд.
– Дар назди олимони донишкада кадом мақсаду вазифаҳои асосӣ гузошта шудаанд? 
– Муайян намудани дурнамои рушди соҳаи энергетика, таҳияи стратегияҳо, баланд бардоштани самаранокии энергия, татбиқи тарҳҳои каммасраф, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршаванда ва муқобили энергия яке аз вазифаҳои асосии мост. 
Илова бар ин, тайёр намудани олимону кадрҳои баландихтисоси илмӣ, рушди заминаҳои ҳамкориҳои энергетикӣ бо кишварҳои ҳамсоя, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, таъмини ҳамгироии дурусти захираҳои энергетикӣ аз вазифаҳои асосии донишкадаи мо мебошад. 
Мо инчунин бо масъалаҳое машғул мешавем, ки бо кори соҳаи энергетика дар давраи вазъиятҳои фавқулода, татбиқи коркардҳо ба соҳаи истифодаи энергия алоқаманданд.
– Сармои ғайримуқаррарӣ ҳамаро ба парешонӣ овард. Оё ин ҳолатро ҳолати фавқулода номидан дуруст аст? 
– Сар задани сармои ғайримуқаррариро ҳолати фавқулода номидан комилан дуруст нест. Азбаски иқлими ҷумҳурии мо якбора континенталӣ аст, дар зимистон хунук шудани хаво раванди табиист. Мо шоҳиди ҳолатҳое ҳастем, ки ҳарорати ҳаво дар кишвари мо то 20 дараҷа паст шуд. Сабаби аслии мушкилоти марбут ба сармои ғайримуқаррарии имсола набудани муносибати ҷиддӣ ба фаъолияти бахши энергетика, суст будани омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон гардид.
– Дар бораи кори якҷоя бо Вазорати энергетика дар бобати тараққӣ додани соҳа нақл мекардед.
– Мо пайваста оид ба масъалаҳои мубрами марбут ба истифодаи самараноки неруи барқ, идоракунии дурусти соҳа, инчунин ҳолат ва ҷойгиршавии неругоҳҳои офтобӣ ё шамолӣ пешниҳодҳо тақдим мекардем, вале ба онҳо ягон вокунише нашудааст. Энергетика бе илм тараққӣ карда наметавонад. Якҷоя бо гидрометеорологҳо сенарияи пешакӣ бояд навишта мешуд, ки зимистони имсоларо то андозае пешгӯӣ мекард. Агар мо барои дарёфти ҷавоб ба саволи дар сардиҳои сахт неругоҳҳо ва шабакаҳо чӣ тавр кор мекунанд, саъй менамудем,  мушкилот ба қуллаҳои худ намерасид.
– Аз сабаби мушкилот дар соҳаи энергетика бисёр роҳбарон аз кор озод карда шуданд. Мушкилоти асосии соҳа нарасидани кадрҳо аст ё чизи дигар? 
– Дар асоси қарори Президент вазорати энергетика ташкил карда шуд. Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки ба рушди соҳа нигаронда шудааст, таҳия шуда, супоришоту дастурҳои дахлдор дода шудаанд. Мутаассифона, ба кор хунукназарона муносибат мекунанд. Агар Тошкандро мисол гирем, зерстансияҳои тақсимкунандае ҳастанд, ки шаҳрро бо қувваи барқ таъмин мекунанд, вале дар ягонтои онҳо дар фасли тобистон корҳои профилактикӣ гузаронда нашудааст. Ҳарчанд  ин кори муқаррарӣ аст.
Шохаҳои дарахтони назди хатҳои кушоди интиқоли электр нашъунамо ёфта, ба симҳо ламс шудаанд, онҳоро дар вақташ бурида ва ҳамин тариқ ба зимистон тайёр шудан лозим мебуд. Ба ҷо оварда нашудани ин корҳо  боиси беҳуда сарф шудани энергия гардид. Дар сармо хатҳои кушоди ҳавоӣ ба ҳам расида, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқро ба вуҷуд меоварданд, ки боиси оташгирии 80 зерстансия шудааст.
Ғайр аз ин, бисёр иқтидорҳои нав пайдо шуданд: танҳо соли гузашта 250 хонаи истиқоматӣ сохта шуд. Баробари сохтани мавзеъҳои нав ва ба вуҷуд омадани шумораи зиёди истеъмолкунандагон, сарборӣ ба иқтидорҳои мавҷуда зиёд шуд. Бояд ба  шартҳои техникӣ риоя кард ва  набояд дар ҳар ҷо бино сохт, вале калимаи «мумкин не» истифода  нашуд. Дар натиҷа нормаҳои шаҳрсозӣ вайрон карда шуданд, афзоиши сарфи энергия дар биноҳои нав ва марказҳои савдоро касе ба назар намегирад.
Масъалаҳои тайёр кардан ва такмили ихтисоси кадрҳои звенои миёнаи энергетика аз назорат берун шуданд. Дар маҳалҳо бояд  электромонтёрҳо ва газчиёни махсус тайёр кардашуда кор мекарданд. Дар звенои миёна ба масъалаҳои баланд бардоштани ихтисоси коркунон аҳмият дода нашуд. Ба мутахассисони соҳа маоши муносиб дода намешавад, шароити мувофиқ вуҷуд надорад.
– Барои пешгирии ин мушкилот дар соли оянда чӣ пешниҳодҳо дода метавонед? 
– Имрӯз оқибати бемасъулиятии мо ба мо гарон афтод. Маълум шуд, ки чӣ бояд кард: мо бояд аз имрӯз ба зимистони оянда тайёрӣ бинем. Баъди ба қайд гирифтани таҷҳизоти мавҷуда дар бораи он фикр кардан лозим аст, ки барои дар соли оянда таъмин намудани кори бенуқсони он ба таври илова чӣ бояд кард.
– Донишҷӯёни шумо дар болои кадом пажӯҳиши илмӣ кор мекунанд? 
– Дар шароити ҷумҳурии мо то 20 фоизи захираҳои энергияи истеҳсол ва истеъмолшударо сарфа кардан мумкин аст. Ин фоизи хеле калон аст. Агар дар мамлакати мо соле 60 миллиард киловатт-соат қувваи электр истеҳсол карда шавад, пас аз ҳисоби сарфа намудани 12 миллиард киловатт-соат қувваи электр чӣ қадар кор кардан мумкин аст? Донишҷӯён дар ин мавзӯъ таҳқиқот пеш мебаранд.
Дар корхонаҳое, ки қувваи барқро зиёд истеъмол мекунанд, оид ба пешомадҳои тараққиёти соҳа, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, насби неругоҳҳои шамол ва офтобӣ кори илмӣ-амалӣ бурда мешавад. Дар ин бора мақолаҳои илмӣ чоп карда мешаванд. 

Суҳбаторо
Нигора РАҲМОНОВА, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: