МАҚСАДИ МО ЧУНИН АСТ, ТО КИ ХАЛҚ РОЗӢ БОШАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 июн бо ҷараёни корҳои бунёдкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги шаҳри Тошканд шинос гардид.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 июн бо ҷараёни корҳои бунёдкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги шаҳри Тошканд шинос гардид.
Бо ташаббуси роҳбари давлат ва дар асоси ғояҳои ӯ дар пойтахт корҳои доманфарохи бунёдкорӣ роҳандозӣ гардида, дар ҷанбаҳои муҳими иқтисодиёт лоиҳаҳои бузурги молики аҳамияти стратегӣ татбиқ мегардад, ки ба рушди дараҷа ва беҳсозии сифати ҳаёти аҳолӣ, ба бузургшаҳри замонавӣ табдил додани Тошканд мусоидат менамоянд.
Дар ҷараёни сафари навбатии роҳбари давлат ба ноҳияҳои пойтахт ба иҷрои нақшаҳои мадди назар ва лоиҳаҳои бузург дар ин самт эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Президенти мамлакат аз фурудгоҳи бунёдгарданда барои авиатсияи тиҷоратӣ, ки дар пойгоҳи аэродроми «Тошканд-Восточний» ба вуҷуд оварда мешавад, боздид ба амал овард.
Шавкат Мирзиёев бо ин лоиҳа 2 декабри соли 2017 шинос гардида, дар бобати ба вуҷуд овардани авиатсияи тиҷоратӣ ва инфрасохтори замонавӣ супориш дода буд, ки он ба хидматрасонии зарурӣ дар ин соҳа қодир бошад.
Фурудгоҳи тиҷоратӣ дар Осиёи Марказӣ навгонӣ хоҳад гардид ва ба парвозҳои индивидуалӣ ва корпоративӣ ихтисос хоҳад ёфт. Авиатсияи тиҷоратӣ зарфияти нақлиётӣ ва транзитии мамлакатро ба таври назаррас афзуда, ба меҳмонони олиқадр, ҳайатҳои хориҷӣ, шахсони корчаллон ва сайёҳон хидмати босифат хоҳад расонд.
Ҳоли ҳозир дар ҷойи хатҳои парвозу фурудоии куҳна хати нави чоркилометрӣ сохта мешавад. Сохтмони терминале ба нақша гирифта мешавад, ки соате барои 250 мусофир хизмат расонда,  марҳалаи баъдӣ аз сохтмони объектҳои инфрасохтори иловагӣ, маҷмӯи меҳмонхона иборат мебошад.
Дар ин ҷо аллакай корҳои заминӣ дар ҳаҷми қариб 20 ҳазор метри мукааб иҷро гаштааст. Ба корҳои сохтмону монтаж беш аз 100 воҳид техникаи махсус ҷалб гаштааст.
Дар ҳудуди аэродром перрон, ки дар як вақт ҳам ба қабул ва ҳам гусел намудани 20 ҳавопаймо муқаррар гаштааст, ба вуҷуд оварда шудааст. Ба вуҷуд овардани сохтмони посгоҳҳо, нуқтаҳои алоқа ва бехатарӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи лоиҳа инчунин маркази хидмати техникии киштиҳои ҳавоӣ, ангари замонавӣ барои самолёт ва вертолётҳо, депои бехатарӣ аз сухтор, маркази ҳамоҳангсозӣ ва нуқтаҳои хӯрокворӣ бунёд хоҳанд гардид.
Анҷом додани марҳалаи аввали лоиҳа ба соли 2020 муқаррар гаштааст.
– Барои он ки фурудгоҳи тиҷоратӣ аз ҳар ҷиҳат барои соҳибкорони хориҷӣ муносиб бошад, бояд лоиҳаи амиқ андешидашуда вуҷуд дошта бошад. Мусофире, ки аз самолёт пиёда мегардад, ҳангоми аз назар гузарондани аэропорт меҳрубонӣ ва меҳмондории халқамонро бояд эҳсос намояд. Аз ин рӯ институти замонавии лоиҳакашӣ бояд ташкил гардад, аз Ҷопон, Олмон ва кишварҳои дигар мутахассисони баландмалака ҷалб гарданд. Ҳамин тариқ аэропорт солҳои зиёд ба халқамон хизмат хоҳад кард, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент бо лоиҳаи чорраҳаи муаллақи замонавии сезинагӣ шинос гардид, ки дар бурриши кӯчаҳои Махтумқулӣ ва Оҳангарон бунёд мегардад, ки яке аз самтҳои хеле тирбанди пойтахт ба шумор мераванд. Дар ин ҷо бунёд намудани чорраҳаи нав миқдори тирбандиро кам намуда, бехатарии ронандагон ва пиёдагардҳоро таъмин месозад.
Дар зинаи аввали чорраҳаи муаллақ тоннел ба дарозии беш аз 500 метр барои убур кардан аз кӯчаи Паркент ва шоҳроҳи Оҳангарон сохта мешавад. Дар марҳалаи дуюм бошад, дар болои тоннел роҳгузари шафат сохта мешавад, ки он имкон медиҳад мавҷи нақлиёт аз мавзеи Қарасув ба кӯчаҳои Махтумқулӣ, Паркент ва Оҳангарон гардиш намоянд. Зинаи сеюми роҳи муаллақ кӯчаҳои Махтумқулӣ ва Темур Маликро мепайвандад. Ғайр аз ин ба нақша гирифта шудааст, ки роҳгузари алоҳида барои самолёт бунёд гардад, ки онҳоро ба фурудгоҳ барои авиатсияи тиҷоратӣ пас аз таъмир дар Заводи механикии Тошканд мерасонанд.
Бояд қайд кард, ки пеш дар мамлакатамон чорраҳаи муаллақи сезинагӣ сохта нашудааст, татбиқи ин лоиҳа дар Ӯзбекистон таҷрибаи нав ба шумор меравад. Корҳои сохтмонро моҳи августи соли 2019 анҷом додан ба нақша гирифта шудааст.
– Роҳи муаллақи мазкур барои Тошканд шиносномаи ба худ хос хоҳад гардид, – гуфт Президент. – Ин иншооти  барои Ӯзбекистон нав барои рушди минтақаҳои Чорбоғ ва Чимгон шароит ба вуҷуд меорад. Ҳаракати нақлиёт ҳангоми сохтмони роҳгузарҳо боздошта намешавад.
Ин роҳҳои нави муаллақ роҳро аз Тошканд то Чорбоғ 22 километр кӯтоҳ менамояд. Инчунин пули нав дар рӯйи дарёи Чирчиқ сохта мешавад то ки аҳли пойтахт ва сайёҳони хориҷӣ то Чорбоғ ва Чимгон ба осонӣ ва тез рафта расанд.
Шавкат Мирзиёев дар бобати таъмини сохтмони сифатноки роҳҳои нав, ҷойгирсозии шабакаҳои коммуникатсионӣ бо назардошти технологияи замонавӣ супоришҳои ногузир дод.
– Аз ҳама муҳимаш корҳои сохтмон ба ҳаракати нақлиёт набояд халал расонад. Ҳозир аллакай дар бораи дар се баст ташкил намудани кори сохтмон ҷиддан бояд фикр кард, – гуфт Президент.
Дар ҳамин ҷо ба роҳбари давлат дар бораи корҳои ҷорӣ дар бобати сохтмони хати метрои рӯизаминии Тошканд маълумот дода шуд.
Баъд аз он роҳбари давлат бо сохтмони қасри яхи муқаррароташ гуногуни «Ҳумо арена» дар бурриши роҳҳои Афросиёб ва Бешёғочи ноҳияи Чилонзор шинос гардид.
Тарҳи ин маҷмӯи варзишӣ ақидаҳои меъмории навро дар асоси технологияи пешқадам ва унсурҳои маданият ва меъмории миллӣ ба таври зебанда омезиш додааст. Маҷмӯи мазкур дар шакли паррандаи Ҳумои болҳояш кушод – рамзи бахт ва озодӣ қад меафрозад.
Шавкат Мирзиёев зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони арсаи мазкур 3 феврали соли 2017 ба аҳамияти чунин иншоотҳои замонавии варзишӣ барои тарбияи насли комили мутаносиб эътибори алоҳида нигаронда, ба роҳбарони масъул дар бобати таъмини сифати баланди корҳои сохтмон супоришҳо дода буд.
Маҷмӯи шашошёна аз ду арса – асосӣ ва машқгоҳ иборат аст. Ҳадди баланди иншооте, ки дар майдони 82 ҳазору 250 метри мураббаъ сохта мешавад, 40 метрро ташкил медиҳад.
Қаср, ки бо курсиҳои сайёр муҷаҳҳаз мегардад, ҳангоми бозиҳои хоккей 12,5 ҳазор тамошобинро фаро гирифта, зимни дигар мусобиқаҳои варзишӣ 14 ҳазор ва ҳамчунин ҳангоми ташкили консерт ва дигар барномаҳои шод 10 ҳазор бинандаро метавонад ба оғӯш бигирад. Дар ин маҷмӯа дигар чорабиниҳоро низ созмондиҳӣ кардан мумкин аст. Аз он ҷумла ба ғайр аз мусобиқаҳои байналхалқии хоккей, кёрлинг, рақси рӯйи ях, шорт-трек дар арсаи варзишӣ бозиҳои баскетбол, волейбол, гандбол, футзал, бокс, таэквондо, шамшербозӣ ва ғайраро ташкил намудан мумкин. Барои ташкили чорабиниҳои тантанавӣ, консерт, намоишгоҳ ва анҷуманҳо шароит ба вуҷуд овардан имконпазир мегардад.
Зимни истифода аз маҷмӯа низомҳои муҳандисии автоматӣ, зидди сӯхтор, василаҳои рӯшноӣ, шамолдиҳӣ, гармиву сардӣ дар асоси технологияи сарфакунандаи энергия ба кор бурда мешаванд. Дар шафати ин маҷмӯа парки панҷошёнаи автомобилӣ барои 1375 автомобил сохта мешавад.
Президент таъкид кард, ки имрӯз аллакай ташкил намудани ҷамоаҳои хоккей, рақси рӯйи ях ва дигар намудҳои варзишро бояд шурӯъ кард, ки дар ин арсаи варзишӣ машғул хоҳанд гардид, масъалаи ташкили мусобиқоти бузурги байналхалқиро дар ин ҷо низ бояд омӯхт.
Ба баҳрабардорӣ супурдани маҷмӯа то охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Имрӯз Тошканд ба майдони бузурги бунёдкорӣ табдил ёфт. Маркази байналхалқии тиҷоратии «Tashkent city», ки дар қитъаи 80 гектар бунёд мегардад, нафақат дар байни соҳибкорони ватанӣ, балки дар сармоягузорони хориҷӣ низ таваҷҷӯҳ бедор месозад. Ин дар ҷараёни шиносоии Президент бо рафти сохтмони маркази тиҷоратӣ махсус таъкид гардид.
Ҳоли ҳозир қитъаи сохтмон ба 7 лот тақсим гардидааст, ки дар он ҷо фаъолона кор пеш меравад. Дар ин ҷо ба ҳаҷми 42 ҳазор метри мукааб корҳои заминӣ анҷом дода шудааст. Насби қафасҳои монолити қасри анҷуманҳо ва меҳмонхонаи панҷситорагӣ анҷом ёфтааст.
Роҳбари давлат ҷараёни сохтмонро муоина намуда, бо бинокорон ва мутахассисони хориҷӣ суҳбат намуд.
То ҳоли ҳозир аз ҷониби маъмурияти «Tashkent city» лоиҳаҳое собит гаштаанд, ки сармоягузории ширкатҳои Британияи Кабир, Олмон, Италиё, Куриёи Ҷанубиро ба сохтмони иншоотҳои замонавии иқоматӣ, идора ва маҷмӯаҳои савдо, муассисаҳои таълимӣ, ду маркази бистошёнаи тиҷоративу шод, бинои чилошёнаи муқаррароташ гуногун ва иншоотҳои дигарро пешбинӣ менамоянд.
Президент бо лоиҳаи тарҳи даҳлез ва василаҳои дохилии меҳмонхона ва толори анҷуманҳо, толорҳои анҷуманҳои байналхалқӣ шинос гардида, дар бобати муҷаҳҳазсозӣ ва ороиши онҳо бо усули миллӣ тавсияҳои ногузир дод.
Барои таъмини бехатарии ҳаракати роҳ, бартарафсозии тирбандӣ дар пойтахт бисёр пул ва гузаргоҳҳо сохта мешаванд. Аз он ҷумла гузаргоҳи замонавӣ дар бурриши кӯчаҳои Бунёдкор ва Чӯпонатои ноҳияи Чилонзор.
Дарозии умумии пул 676 метр, аз он ҷумла қисми эстакада 488,5 метрро ташкил менамояд. Баландии иншоот 8 метр буда, бараш 24,5 метр аст. Ҳаракати нақлиёт дар пул шаштасмагӣ хоҳад гардид. Ҳамзамон боз ду гузаргоҳи пиёдагардӣ ба дарозии ҳар яке 124 метр сохта мешавад. Барои қулаии ногироҳо ва солхӯрдагон гузоштани лифт ва эскалаторҳои махсус ба нақша гирифта шудааст.
Роҳбари давлат бо ҷараёни корҳои сохтмон шинос гардида, бо бинокорон суҳбат кард.
– Пулҳои нав бояд босифат ва эътимоднок бошанд. Барои ин ба кор бо масъулият муносибат намуда, таҷрибаи пешқадами байналхалқиро дар соҳаи пулсозӣ бояд омӯхт, – таъкид кард Президент.
Ҳангоми лоиҳакашии иншоот ба низоми равшанидиҳӣ эътибори алоҳида нигаронда шудааст. Гузаргоҳ бо чароғҳои сарфакунандаи энергия муҷаҳҳаз мегардад, ки ҷавобгӯйи стандартҳои байналхалқианд. Дар объект техникаи замонавии Олмон истифода мегардад. Ҳоли ҳозир аз 256 сутун 234-тоаш гузошта шуда, 276 сутуни он рехта шуда, инчунин сутунҳои такягоҳии гузаргоҳҳои пиёдагардон насб гаштааст.
Дар ин ҷо дар бораи пулҳои нав, таъмир ва истифодаи пулҳои мавҷуда, дар бораи он ки гузаргоҳҳо боз дар 15 маҳалли Тошканд сохта мешаванд, маълумот дода шуд.
Роҳбари давлат ба аҳамияти масъалаи таъмир ва истифодаи пулҳо эътибор нигаронда, супориш дод, ки коллеҷҳое ташкил карда шаванд, ки дар онҳо мутахассисони дахлдор тарбия карда мешаванд.
Дар мамлакатамон ба баланд бардоштани дараҷаи ҳаёти аҳолӣ, ба вуҷуд овардани шароити замонавӣ барои одамон эътибори алоҳида нигаронда мешавад. Дар ин самт чандин ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардида, барномаи «Деҳаи обод» ба амал татбиқ мегардад. Ҳоло акнун барномаи «Маҳаллаи обод» барои шаҳрҳо таҳия мегардад.
Ба сифати озмоиш бино бар консепсияи мазкур маҳаллаи Хирмонтеппаи ноҳияи Чилонзор обод карда мешавад. 24 иморати бисёрошёна таъмир мегардад. Барои ходимони ҷамоати шаҳрвандон ва инспекторони профилактика, қабули пардохтҳои коммуналӣ, майдончаи бачагона ва варзишӣ  ҷой омода карда мешавад.
Президент бо фаъолони маҳалла, сокинони биноҳои бисёрошёна ва бачагон суҳбат намуда, аз ташвиш ва орзуҳои онҳо пурсон шуд.
– Мо бояд ҳар як маҳалларо дар мисоли маҳаллаи «Манас»-и Ҷиззах обод намоем. Дар замири ҳар як кори мо мақсади розӣ намудани одамон нуҳуфтааст. Барои ин тамоми кӯшиши худро харҷ менамоем, – гуфт роҳбари давлат.
Шавкат Мирзиёев инчунин аз маҳаллаи Тирсакободи ноҳияи Чилонзор боздид намуда, бо корҳои ободонии ин ҷо шинос шуд.
Дар ҳудуди ин маҳалла 9 иморати бисёрҳуҷра ва 864 ҳавлӣ вуҷуд дошта, беш аз 5,2 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад.
Дар ин ҷо корҳои ободонӣ бино бар Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи чорабиниҳои минбаъдаи такомули институти маҳалла» аз 3 феврали соли 2017 ба амал оварда мешавад. Якҷоя бо ҶММ «Sherobod building» дар маркази маҳалла чойхона, нонвойхона, сартарошхона, мағозаҳо, майдонҳои варзишӣ ва бачагона бунёд мегарданд, ки ба шарофати онҳо маҳалла боз ҳам замонавитар гардида, барои аҳли он қулаиҳо ба вуҷуд оварда мешаванд.
Бино бар барномаи «Маҳаллаи обод» сохтмони маркази маҳалла бо коргоҳҳои он барои раиси маҳалла, мушовирони он, котиб, инспектори профилактика, фароғатгоҳи куҳансолон, китобхона, маҷлисгоҳ, майдончаи бачагона, маҷмӯи варзишӣ, насби фаввора, курсиву василаҳои рӯшноидиҳии кӯча фаъолона идома дода мешаванд.
Роҳбари давлат бо фаъолони маҳалла суҳбат намуд. Ба шахсони масъул дар заминаи сохтмони марказҳои замонавии маҳалла дар тамоми ноҳияҳои пойтахт ва мамлакат, гуфтугӯи доимӣ бо аҳолӣ, таъмини ҳаёти осуда ва обод супоришҳо дод.
Худи ҳамон рӯз зери раёсати Президент Шавкат Мирзиёев бо иштироки ҳокимони шаҳри Тошканд ва ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони масъул ҷамъомад баргузор гардид.
Дар он, ки дар рӯҳи таҳлили танқидӣ ба вуқӯъ пайваст, чорабиниҳои минбаъда оид ба рушди саноат ва тиҷорати хурд, зиёд намудани шуғли аҳолӣ, беҳсозии шабакаҳои муҳандисиву коммуникатсионӣ муайян карда шуданд.

Матназар ЭЛМУРОДОВ,
Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,
Умар АСРОРОВ
,хабарнигорони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: