МАҚСАДИ МО – ТАЪМИН КАРДАНИ БАРОБАРИИ ҲУҚУҚ ВА ИМКОНИЯТҲОИ АҲОЛӢ

3 декабр – Рӯзи байналхалқии ногироҳо

«Ҳар як шахс баъд аз пир шудан, гум кардани қобилияти корӣ, ҳамчунин пас аз маҳрум гаштан аз саробон ва дар ҳолатҳои дигаре, ки қонун пешбинӣ намудааст, ба гирифтани таъминоти иҷтимоӣ ҳақ дорад»
Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон, моддаи 39-ум.

Дар кишвари мо барои дастгирӣ намудани табақаи ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷи аҳолӣ, қариб 600 ҳазор нафар ҳамдиёронамон, ки ногиро мебошанд, таъмин сохтани баробарии ҳуқуқ, озодӣ ва имкониятҳои онҳо пойдевори мустаҳками ҳуқуқӣ офарида шудааст.
Соли 1992 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид 3 декабр «Рӯзи байналхалқии ногироҳо» эълон гардид. Дар кишвари мо ҳар сол аз 30 ноябр то 30 декабр «Моҳонаи меҳру мурувват» гузаронида мешавад.
Дар хонаҳои Саховат ва Мурувват таъминоти 8,5 ҳазор нафар пирону ногироҳо пурра аз ҷониби давлат амалӣ мегардад. Дар давоми 9 моҳи соли 2020 миқдори шахсони ба васоят гирифташуда 8505 нафар, шумораи онҳое, ки дар хонаҳояшон ба хидмати иҷтимоӣ вобаста карда шудаанд, муйсафедоне, ки танҳо буда, ба парвариши дигарон муҳтоҷ мебошанд, ҳамчунин ашхоси ногиро 17 ҳазор нафарро ташкил доданд.
Дар солҳои сипаришудаи 2017-2019 бо воситаҳои техникии эҳё ва асбобҳои протезу ортопедия таъмин кардани шахсони ниёзманд ва ногиро аз 27 ҳазор ба 47 ҳазор адад афзуд. Дар давоми 9 моҳи соли равон ин нишондиҳанда ба тарзи объективӣ кам шуд ва 22,8 ҳазорро ташкил дод.
Пешбинӣ мегардад, ки то охири соли ҷорӣ талаботи бо таҷҳизоти протезиву ортопедӣ ва воситаҳои техникии эҳё таъмин сохтани шаҳрвандони ниёзманд пурра қонеъ мегардад. Бинобар сабабҳои воқеӣ алҳол ройгон солимгардонии иштирокдорони ҷанг ва фронти меҳнат, нафақахӯрону ногироҳо дар марказҳои эҳё имконнопазир аст. Зеро туфайли чорабиниҳои карантинӣ шифохонаҳо ва марказҳои эҳё тӯли 6 моҳ мувофиқи самти худ кор накарданд.
Бинобар ҳамин ҳам нишондиҳандаи дар давоми 9 моҳи соли 2020 солимгардонии иштирокдорони ҷанг ва фронти меҳнат, нафақахӯрону ногироҳо 12,9 ҳазор нафарро ташкил дод. Дар чунин марказҳои эҳё нишондиҳандаи ҷалби шахсони ногиро ба эҳёи тиббиву иҷтимоӣ 8 ҳазор нафарро ташкил дод.
Мувофиқи қарори роҳбари давлат аз 20 июни соли 2018 «Дар бораи инкишоф додани истеҳсоли асбобҳои протезиву ортопедӣ ва воситаҳои техникии эҳё, ҳамчунин беш аз пеш мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои тиббиву иҷтимоӣ» дар чоряки I-и соли равон маркази эҳё ва протезкунии ногироҳо дар вилояти Сурхондарё, ки барои сад нафар, дар вилояти Қашқадарё шифохонае, ки дорои 75 ҷой буда, барои пирону шахсони ногиро пешбинӣ шудааст, бунёд гардиданд.
Дар доираи иҷрои қарор соли 2021 дар вилоятҳои Бухоро ва Хоразм ба кор супурдани шифохонаҳое пешбинӣ мегардад, ки ҳар кадом дорои сад ҷой мебошанд. Агар муассисаҳои мазкур ба кор сар кунанд, соле тақрибан 5 ҳазор нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрон, ногироҳо саломатии худро ройгон барқарор мекунанд.
То соли 2022-юм бунёди Маркази миллии эҳё ва протезкунонии дорои 300 ҷой барои шахсони ногиро пешбинӣ мегардад. Дар натиҷа имконияти гунҷоиши марказҳои эҳё ба маротиб афзуда, фарогирии шахсони ба эҳёи тиббиву иҷтимоӣ ниёзманд ду баробар зиёд мешавад ва нишондиҳандаи мазкур соле ба 40 ҳазор нафар мерасад.
Аз тариқи тадбирҳои маданӣ ва варзишӣ эҳё кардани ногироҳо, аз ҳисоби ба роҳ мондани озмун-азназаргузарониҳои гуногун барқарор сохтани иқтидори ногироён, барои минбаъд дар ҷамъият ҷойи муносиби худро пайдо кардани онҳо чораву тадбирҳои мунтазам амалӣ мегарданд.
Ҳар сол дар байни наврасони ногиро мусобиқаҳои варзишии зинаҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ), вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.
Минбаъд ҳам беш аз пеш такмил додани қонун ва ҳуҷҷатҳои дарамали вобаста ба масъалаи ногироҳо, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ сохтани онҳо, ҳифз кардан ва мустаҳкам намудани саломатии шаҳрвандон, беҳтар намудани сифати хидматҳои тиббиву иҷтимоӣ ва маишӣ, ба роҳ мондани корҳои ҳимояи иҷтимоӣ идома хоҳанд ёфт.

К. АБДУЛЛОЕВ,
раиси Ҷамъияти ногироҳои Ӯзбекистон.

(ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: