МАҚСАДИ МО — ҲИФЗИ САЛОМАТӢ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ НЕКӮАҲВОЛИИ ХАЛҚ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 май бо мақсади шиносоӣ бо корҳое, ки оид ба фароҳам овардани шароит барои аҳолӣ, беҳбудии зиндагӣ ва баланд бардоштани некӯҳолии шаҳрвандон амалӣ мегарданд, ба ноҳияи Сергелии пойтахт ва ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд ташриф овард.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 29 май бо мақсади шиносоӣ бо корҳое, ки оид ба фароҳам овардани шароит барои аҳолӣ, беҳбудии зиндагӣ ва баланд бардоштани некӯҳолии шаҳрвандон амалӣ мегарданд, ба ноҳияи Сергелии пойтахт ва ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд ташриф овард.
Аввал Президент бо сохтмони беморхонаи махсуси бисёрсоҳавии ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд шинос шуд.
Пандемияи коронавирус, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, ба ҳаёти инсон хатари ҷиддӣ эҷод менамояд. Чораҳои саривақтии дар мамлакатамон андешидашуда, огоҳии васеъи мардум ва риояи босаброна ба карантин имкони пешгирӣ намудани паҳншавии оммавии инфексияро фароҳам меорад. Дар ин бобат бунёди муассисаҳои табобативу профилактикӣ ва минтақаҳои карантинӣ омили муҳим гардид.
Арзиши умумии лоиҳаи беморхонаи махсуси ноҳияи Зангиота 504 миллиард сӯм аст. Дар масоҳати 33 гектар 2 маҷмӯъ сохта мешавад. Хусусияти табобати  бемориҳои сироятӣ ва талаботи тибби муосир ба инобат гирифта шудаанд.
Аз ҷумла, ҳамаи катҳои доимӣ ба боксҳо ҷудо карда шуда, ҳар як утоқ бо вентилятсияи алоҳида автоном аст. Ҳар як палата даромадгоҳ ва баромадгоҳи алоҳида дорад. Ҳангоми қабул мизоҷон мустақиман ба палата тавассути шлюз ҷойгир карда мешаванд. Ҳамаи корпусҳо, шӯъбаҳо тавассути долонҳои тамъизшуда ва тамъизнашуда пайваст карда шудаанд.
Аз долонҳои «тоза» танҳо духтурон барои иҷрои вазифаҳои худ истифода мебаранд. Онҳо аз нуқтаҳои назорати санитарӣ мегузаранд. Ҳамаи ин бехатарии ҳам шахсони ташхисашон тасдиқнашуда ва ҳам духтурону кормандони дигарро таъмин мекунад.
Роҳбари давлат бо шароити дар беморхона муҳайёгардида шинос шуд. Дар суҳбат бо шахсони масъул аҳамияти истифодаи самараноки иншооти нав, ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи тиб қайд карда шуд.
— Бунёди чунин беморхонаҳои замонавӣ — душвор аст, истифодаи самараноки онҳо боз ҳам  мушкилтар аст. Аз ин рӯ, набояд духтур, балки ташкилотчии ботаҷриба роҳбарӣ кунад. Бояд низоми бонусии пардохти музди меҳнат ҷорӣ карда шавад. Агар онҳо хуб кор кунанд, бигзор музди худро бигиранд, — пешниҳод кард Шавкат Мирзиёев.
Беморхона барои 2000 кат пешбинӣ шудааст. Агар лозим шавад, он метавонад тағйир ёфта, то 4000 беморро ғунҷонад.
Президент шуъбаи қабул, минтақаи карантинӣ, утоқҳои лабораторӣ ва табобатӣ, биноҳои санитариву гигиениро бодиққат аз назар гузаронд.
Тавассути алоқаи видеоконфронс бо духтурон дар Қароқалпоқистон ва вилоятҳо гуфтугӯ баргузор гардид. Оид ба созмон додани низоми маҷмӯъгии телетиббиёт, имкониятҳо барои пайвастани ноҳияҳо ба беморхонаҳои вилоятӣ ва минбаъд ба марказҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, васеъ гардондани омӯзиш ва табодули таҷриба байни кормандони соҳаи тиб дастурҳо дода шуданд.
Дар шӯъбаи терапияи интенсивии дорои 72 ҷой ҳар як кат бо таҷҳизоти барои вентилятсияи сунъии шуш ва аппаратураҳои дигари табобатӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Шӯъба метавонад таҳти зарурат ба ёрии кардиологӣ, неврологӣ, педиатрӣ аз нав таҷҳизонида шавад.
Ҷараёни ҳаво дар утоқҳои ҷарроҳӣ бинобар тамоюли яксамта, бидуни ба вуҷуд овардани турбулентнокӣ ташкил карда мешавад. Ба туфайли ин ҳаво тамъиз мешавад.
Роҳбари давлат бо кормандони соҳаи тиб, ки дар клиника ба фаъолият оғоз менамоянд, суҳбат кард.
— Бо бунёди беморхонаҳои нав ва рушди тибби хусусӣ, мо муҳити рақобатро фароҳам меорем. Ҳоло мо ба духтурон ва ҳамшираҳои замонавӣ ниёз дорем. Шумо бояд пайваста дар болои худ кор карда ва комёбиҳои ҷаҳониро азхуд намуда, ба халқамон хидмат кунед, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Лаборатория бо навтарин таҷҳизот дар соҳаи вирусология, биохимия ва иммунология, микробиология ва паразитология муҷаҳҳаз шудааст. Ҳамин тавр, агар дастгоҳҳои реаксияи занҷири полимеразҳо, ки дар ҷойҳои дигар истифода мешаванд, дар 5 соат ба ҳисоби миёна 40 таҳлилро санҷида тавонанд, ин техника метавонад 90 намунаро дар 2 соат озмоиш кунад.
Инчунин дар ин ҷо маросими тақдимот дар бораи имконоти муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, инчунин ҳамкории онҳо баргузор гардид.
— Бисёр беморхонаҳо, марказҳои ташхисӣ пароканда ҷойгир шудаанд. Сифати ташхис ва табобат ба талабот ҷавобгӯ нест. Маблағ бошад, сарф мешавад. Дар ҳама гуна корҳо бояд меъёр мавҷуд бошад —  халқи мо аз ҳар гуна маблағи аз ҷониби  давлат харҷгардида чӣ гуна нафъ ба даст меорад, — таъкид кард Президент.
Дар шароити мураккаби эпидемиологӣ ин беморхона бо назардошти хусусияти бемориҳои сирояткунанда чун муассисаи махсус хидмат менамояд, ки ба тамоми талаботи марбути санитариву эпидемиологӣ ҷавобгӯ аст. Пас аз суботнок гардидани вазъияти эпидемиологӣ муассиса ба сифати клиникаи тиббии бисёрсоҳа фаъолият хоҳад кард.
Аз он ҷумла дар ин ҷо бо кӯмаки технологияи замонавӣ муоинаҳои фосилавии тиббӣ ва консилиум баргузор гардида, муассиса ба сифати майдони пойгоҳи клиникӣ барои баланд бардоштани малакаи хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои тиббии олӣ ва миёнаи махсус хидмат хоҳад кард.
Сарвари давлат  бинои 16-ошёнаи истиқоматиро, ки дар ноҳияи Сергелии пойтахт қад афрохтааст, аз назар гузаронд.
Бино, тибқи стандартҳои замонавӣ, бо риояи талаботи муқовимат ба заминларза сохта шудааст. Маводҳои девории сарфакунандаи энергия истифода шуданд. Манзил ба шабакаи интернет пайваст буда,  бо назорати видеоӣ ва таҷҳизоти зидди сӯхтор таъмин карда шудааст. Он аз 80 хонаи дуҳуҷрагӣ ва сеҳуҷрагӣ иборат буда, ба оилаҳои камбизоати ниёзманд ба манзил дода шудааст.
Президент дар меҳмонии оилаи Шарофиддин ва Шаҳноза Ҷӯрабоевҳо шуда, бо онҳо суҳбат орост.
Оила дар тӯли 14 сол дар хонаи иҷора зиндагӣ мекард.
Дар се соли охир дар ноҳияи Сергелӣ 460 манзили бисёрошёнаи дорои 19 522 хона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. 26 гузари маҳаллаи намунавӣ сохта шуд. Оид ба сохтмони кӯдакистонҳо, мактабҳо, дармонгоҳҳо ва дигар иншоот, фароҳам овардани шароити мусоид  барои аҳолӣ корҳо идома доранд.
Имрӯз дар тамоми соҳаҳо, ҳам таҷриба ва ҳам таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ заруранд. Ин барои системаи таълим махсусан муҳим аст, зеро сифат меъёри афзалиятнок мебошад. Бепарвоӣ ба ҳеҷ ваҷҳ дар тарбияи насли ҷавон қобили қабул нест.
Инро ислоҳоте, ки дар заминаи мустаҳкамсозии пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои таълими халқ, ба вуҷуд овардани шароити иловагӣ барои таълими ҷавонон, таҳияи механизмҳои оҷилона бартарафсозии мушкилот ва камбудиҳои низом зери роҳбарии Президент ҷорӣ мегардад, пешбинӣ менамояд.
Ҳамзамон сохтмони муассисаҳои намунаи нави таълимоти ҳамагонӣ, такомули зина ба зинаи  биноҳои қаблан бунёдгардида бинобар талаботи замонавӣ, истифодаи технологияи замонавии педагогӣ дар ҷараёни таълиму тарбия тақозои давр ба шумор меравад.
Чанде пеш дар мавзеи Сергелӣ-5А-и шаҳри Тошканд мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 329 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти ин муассисаи таълимӣ шинос шуд. Дар ин ноҳия манзилҳои бисёрошёна қад афрохта, мавзеъҳои нави истиқоматӣ бунёд ёфта, шумораи аҳолӣ мутаносибан зиёд мегардад. Дар соли 2019 дар ин ҷо сохтмони чор мактаби нав оғоз ёфт. Дутои он аллакай сохта шудааст. Онҳо барои фарзандон ва волидони ноҳия тӯҳфаи арзанда гаштанд.
Одатан мактабҳои калон метавонанд 700 донишандӯзро қабул кунанд. Мактаби миёнаи таълими ҳамагонии № 329 барои 1680 ҷой пешбинӣ шудааст. Ҳангоми бунёди он таҷрибаи мактабҳои президентӣ, ки ташкили онҳо дар соли 2019 оғоз ёфтааст, мавриди истифода қарор гирифт.
Бинои чорошёнаи мактаб дорои 48 синфхона, аз ҷумла 20 утоқҳои фаннӣ, 14 барои синфҳои ибтидоӣ ва 14 барои таълими забонҳои хориҷӣ мебошад. Дар лабораторияҳо, маҳфилҳо, китобхонаи электронӣ, пункти тиббӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва майдончаҳои варзишӣ шароити муосир фароҳам оварда шудааст.
Мавриди тазаккур аст, ки дар мактаб утоқҳои интихоби касбу ҳунар мавҷуданд, ки бо таҷҳизот, асбобҳо, дастгоҳҳо, матоъҳо ва маводҳои зарурӣ барои тарбияи фарзанд дар рӯҳи муҳаббат ба меҳнат, ҳунар ва касбҳои замонавӣ таъмин карда шудаанд.
Ба мақсади таъмини сифати таълим директор дар асоси озмун ва муаллимон аз рӯи натиҷаҳои озмоишҳои тестӣ таъин карда шуданд.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки сатҳи китобҳои дарсии мактабӣ ба талабот ҷавобгӯ нест, зарур аст, ки барномаи таълимӣ дар асоси таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ такмил дода шавад. Оид ба таъмини таълими босифат, ташкили интихоби касб аз синфи 7 дастурҳо дода шуданд.
— Вақте писарон ва духтарон касбро меомӯзанд, эътимоди онҳо ба худ меафзояд, ҷаҳонбиниашон  васеъ мегардад, волидон мамнун мегарданд. Мо бояд маблағҳои фардо ба бартараф намудани мушкилоти иҷтимоӣ харҷмекардаамонро имрӯз ба мактабҳо сарф кунем. Агар мо фарзандони худро ҳамчун шахсиятҳои ватандӯсту ба ҷамъият фоидабахш тарбия накунем, пас мо ба оянда хиёнат хоҳем кард, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Чӣ хеле ки маълум аст, бо ташаббуси Президент ба барномаи таълимии мактабҳо дарсҳои шоҳмот дохил карда шуданд. Боз як пешниҳоди муҳим дар вақти шиносоӣ бо синфи мусиқӣ дода шуд.
— Ман мехостам, ки ҳар як писару духтар, камаш дар як асбоби мусиқӣ навохта тавонанд, — гуфт сарвари давлат.
Дар ҷамъомад аз 23 августи соли 2019 Президент Шавкат Мирзиёев таъкид карда буд, ки рушди таълими мактаб бояд ҳадафи миллӣ, як ҳаракати оммавӣ гардад. Дар тӯли се соли охир дар кишвар беш аз 160 мактаби таҳсилоти умумӣ сохта ва даҳҳо мактабҳои махсус таъсис дода шуданд. Музди муаллимон ба ҳисоби миёна 2,5 маротиба зиёд шуд. Ҳамаи ин ба баланд шудани сифати таълим, тақвияти нуфузи омӯзгорон дар ҷомеа хидмат мекунад.
Вақте ки моҳи сентябри соли 2016 Шавкат Мирзиёев эълон кард, ки пас аз панҷ сол дар ноҳияи Сергелӣ 500 иморати бисёрошёна сохта мешавад, бисёриҳо ба ҳайрат омада буданд. Моҳи декабри соли 2018 роҳбари давлат бо ҷараёни татбиқи ин нақша шинос гардид.
Имрӯз дар ин ҷо мавзеи калони замонавӣ ба вуҷуд омадааст. Дар се соли охир дар ноҳия 460 иморати бисёрошёна бо 19522 хона ба баҳрабардорӣ супурда шудааст.
26 гузари намуди намунавии маҳалла қад афрохтааст. Ба ин ҷо беш аз 100 ҳазор нафар кӯчида омад, ки дар натиҷаи он теъдоди умумии аҳолии ноҳия аз 276 ҳазор гузашт.
Президент Шавкат Мирзиёев бо мақсади баланд бардоштани фараҳмандии аҳли мавзеъҳои нав, босамар ташкил намудани инфрасохтор ташкил намудани микрорайони «Ҳаёти нав»-ро бо тобеияти бевосита ба ҳокимияти шаҳри Тошканд пешниҳод намуд.
Дар бобати гузоштани маҳсулоти кишоварзӣ ба аҳолии Тошканд бо нархи арзон ва бидуни воситачӣ чорабиниҳо андешида мешаванд. Дар марҳалаи аввал дар бозорҳои деҳқонӣ 256 пештахтаи махсус устувор карда шуд. Дар доираи марҳалаи дуюм дар 514 маҳаллаи пойтахт 2316 ярмаркаи сайёр ва 634 мағозаи собит ташкил карда шуд.
Дар ноҳияи Сергелӣ вилояти Қашқадарё вобаста карда шуда буд. Пештахтаи махсуси контейнер омода карда шуд, то ки фермерон маҳсулоти худро оварда, фурӯшанд.
Роҳбари давлат бо чунин пештахта дар ҳудуди маҳаллаи «Ташаббус» шинос гардид.
– Агар ба фермерон кӯмак расонда шароит офарида шавад, то ки онҳо маҳсулоти худро озодона оварда фурӯшанд, нархи маҳсулоти хӯроквориро дар Тошканд то 15-20 фоиз поён овардан мумкин. Дастрасӣ ба маҳсулоти арзон ва сифатнок барои одамҳо шароити хуб ба вуҷуд меорад, вуҷуд доштани харидорони доимӣ кори деҳқонро осон мегардонад. Акнун вилоятҳои аниқро ба дигар ноҳияҳо вобаста кардан ва ба вуҷуд овардани чунин пештахтаҳои ихчам бо яхдонҳои худ дар маҳаллаҳо зарур аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент инчунин бо фаъолияти ҶММ «Madena collection» дар мавзеи Сергелӣ-5А шинос гардид. Ин корхона соле 150 ҳазор воҳид либосвории махсус барои кормандони тиббиёт истеҳсол менамояд. Дар ин ҷо 100 нафар занон – сокинони ноҳия меҳнат мекунанд.
Роҳбари давлат бо кормандон суҳбат намуда, аз шароити ҳаёт ва меҳнаташон пурсон шуд.
Президент Шавкат Мирзиёев аз экопарки наве, ки дар ноҳияи Сергелӣ ба вуҷуд оварда шудааст, боздид ба амал овард.
Ҳангоми боздид аз ноҳияи Учтеппа 21 майи соли гузашта роҳбари давлат дар шаҳри Тошканд ба вуҷуд овардани боғҳои зиёд ва васеъ гардондани шароитро барои истироҳати аҳолӣ супориш дода буд.
Ҳамин тариқ дар ноҳияи Сергелӣ Flowers garden park дар майдони умумии 10 гектар ба вуҷуд оварда шуд, ки ба он 5 гектар боғ ва маркази замонавии гул дар ҳамин қадар ҳудуд низ дохил мегардад.
Дар боғ беш аз 30 намуди 6 ҳазор дарахти манзаравӣ кошта шуда, магнолия, фотиния, санавбари сиёҳ, коҷ, чанори «Кримсон кинг» ва ғайра аз ҷумлаи онҳо буда, инчунин 20 хели 60 ҳазор бута шинонда шуд. Ресторан ва мағозаҳо фаъолият доранд.
Дар маркази маданият ва истироҳате, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати туркии «Natural peyzaj» сохта шудааст, 200 ҷойи кор ба вуҷуд омадааст. Агроном ва энтомологҳои баландмалака ҷалб гаштаанд.
Роҳбари давлат бо шароите, ки дар боғ ба вуҷуд оварда шудааст, шинос гардида, дарахтҳои манзаравӣ ва мағозаҳои гулфурӯширо тамошо кард. 
Дар экопарки нав бо роҳбарон ва сокинони ноҳияи Сергелӣ вохӯрӣ ба вуқӯъ пайваст.
– Имрӯз ман ба ин ҷо омадам, то ки аз ташвиши одамон дар шароити мураккаби имрӯза, ки ба туфайли пандемияи коронавирус ба вуҷуд омадааст, шинос гардам ва якҷоя барои беҳтар намудани ҳаёти онҳо боз чӣ бояд кард, машварат намоям, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Лоиҳаҳои сармоягузорие, ки дар ноҳияи Сергелӣ ташаккул ёфтаанд, аз назар гузаронда шуданд.
Аз он ҷумла, соли ҷорӣ татбиқи 61 лоиҳаи сармоягузорӣ ба миқдори 1,8 триллион сӯм, ба вуҷуд овардани беш аз 5 ҳазор ҷойи кор ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин 22 лоиҳа бо иштироки сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми 83 миллион доллар ба амал татбиқ гардид.
Барои мисол, дар корхонаи трубасозии Тошканд якҷоя бо шарикони Чин соле истеҳсоли 500 ҳазор тонна оҳани лист ба кор андохта хоҳад шуд. Ба ин лоиҳа дар соли ҷорӣ 85 миллион доллар сармоя харҷ мегардад.
Аз ҳисоби то 65-80 метр танг намудани маҷрои дарёи Чирчиқ дар қитъаи 16 километрии он дар ноҳияҳои Бектемир ва Сергелӣ захираи 565 гектар замин ба вуҷуд меояд. Дар ин ҷо лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ ҷойгир намуда, 160 ҳазор ҷойи нави корӣ ба вуҷуд овардан мумкин аст. Ба шахсони масъул мӯшикофона таҳия намудани ин масъала супурда шуд.
Роҳбари давлат ногузирии рушди тиҷорати хурд, баланд бардоштани шуғли аҳолӣ ва коҳиш додани қашшоқиро бо роҳи дастгирии ташаббусҳои аҳолӣ таъкид намуд.
Дар заминаи инкишофи инфрасохтори нақлиётӣ ва коммуналӣ чандин лоиҳа ба амал татбиқ мегардад. Аз он ҷумла аз ҷониби ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» сохтмони метрои рӯизаминии Сергелӣ дар тӯли 7 километр ба қимати умумии 83 миллион доллар пеш бурда мешавад. Моҳи сентябри соли ҷорӣ ба баҳрабардорӣ супурдани ин хат чун вазифа гузошта шудааст.
Дар заминаи беҳсозии шабакаҳои канализатсия ва гармидиҳӣ, такомули гармидиҳии марказонидашуда бо роҳи ба низоми сарбаст гузарондани он супоришҳо дода шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: