МАҚСАДИ НИҲОӢ – ПЕШГИРИИ БОЛОРАВИИ НАРХ

Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва хушксолӣ дар бисёр ҷойҳо, дар ҷаҳон норасоии озуқаворӣ ба назар мерасад.

 Ғайр аз ин, бинобар вазъияти байналхалқӣ истеҳсол ва расонда додани маҳсулот душвор мегардад.
Тибқи маълумоти СММ ҳоло 840 миллион аҳолии ҷаҳон гурусна бошад, то соли 2050 ин рақам ба 2 миллиард нафар хоҳад расид. 12,9 фоизи онҳо дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода зиндагӣ мекунанд.
Солҳои охир дар кишварамон барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Алалхусус, масъалаи мӯътадил нигоҳ доштани нарх таҳти назорати доимии сарвари давлат қарор дорад.
Аз рӯйи ин масъала таҳти роҳбарии Президент якчанд ҷамъомади селекторӣ баргузор гардида, дар назди роҳбарони дахлдор ҷиҳати таъмин кардани бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти озуқа ва мӯътадил нигоҳ доштани нарх вазифаҳои муайян гузошта шуданд.
Бесабаб нест, ки ин масъала дар маҷлиси видеоселекторӣ оид ба чораҳои таъмини устувори нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва ташкили захира, ки таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 5 сентябри соли ҷорӣ баргузор шуда буд, махсус баррасӣ шуд. 
Зеро, амнияти озуқаворӣ қобилияти бо чунин маҳсулоти асосӣ худро мустақилона таъмин карда тавонистани аҳолии мамлакатро ифода мекунад. Ин, инчунин, маънои раҳоӣ ёфтан аз вобастагии  воридоти аз ҳад зиёди озуқавориро дорад.
Аз ин рӯ, дар ҷамъомад талабот ба маҳсулоти асосии озуқаворӣ дар сатҳи ҳудудҳо таҳлил карда, имкониятҳои дохилӣ нишон дода шуд. Масалан, талаботи солона ба картошка дар мамлакатамон 3 миллиону 400 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, 20-25 фоизи он аз ҳисоби воридот пӯшонда мешавад.Таъмини 25 намуди маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозори дохилӣ ба воридот алоқаманд шуда  мемонад.
Бинобар ин ба Вазорати хоҷагии қишлоқ вазифа гузошта шуд, ки  якҷоя бо ҳокимиятҳо лоиҳаи истеҳсоли ин маҳсулотро дар мамлакатамон тайёр кунанд.
Қайд карда шуд, ки соли ҷорӣ аз ҳисоби ҷудо карда шудани 20 ҳазор гектар ва дар оянда 100 ҳазор гектар майдон воридотро кам карда, майдони кишти маҳсулоти озуқаро на камтар аз 300 ҳазор гектар расонидан лозим аст.
Акнун 50 фоизи суғуртаи харидани ҳосили кластерҳои картошка, сабзавот ва зироати равғандорро давлат пардохт мекунад, ки ин дарди ҳазорҳо деҳқонон буда, онҳоро ба фаъолӣ даъват намуд.
Замини наздиҳавлӣ манбаи ризқу рӯзӣ, даромади иловагӣ буда, воситаи самарабахши таъмини шуғл ва дастрасии нарх мебошад.
Вобаста ба ин, дар маҷлис ба масъалаҳои рушди замини наздиҳавлӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иҷораи дарозмуддати замин барои яхдонҳои сайёр ва зарурати кумак дар ҳифзи  растаниҳо таъкид карда шуд.
Аз ин нуқтаи назар, афзун намудани маҳсулоти озуқаворӣ, таъмини фаровонии халқ, ҳалли мушкилоти деҳқонону фермерон дар ин бобат ва кумак ба онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мост.
Охир, ҳамаи ин барои боз ҳам баланд шудани дараҷаи некуаҳволӣ ва бо маҳсулоти озуқаворӣ пурра таъмин намудани аҳолӣ хидмат мекунад.

Равшанбек БЕГМАТОВ, 
депутати Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: