Мулоқоти рӯ ба рӯ бо аҳолӣ имкон медиҳад, ки роҳбарон аз орзую умед ва мушкилоти мардум огоҳ гардида, баҳри ҳал намудани мушкилоти онҳо ҳарчӣ бештар кумак расонанд.
Қабули навбатии ҳокими вилоят Шавкат Абдураззоқов, ки дар ноҳияи Косонсой баргузор гардид, қариб 7 соат давом кард.
Муроҷиаткунандагон аз 200 нафар зиёд буда, оиди ҳалли масъалаҳои таъминоти энергияи электрикӣ, таъмири роҳҳои дохилӣ, бартарафкунии бекорӣ, кӯмаки тиббӣ ва моддӣ, масъалаи кадастр, кредит, хонаву ҷой ва соҳибкорӣ кӯмак пурсиданд.
– Аз ноҳияи Чуст омадам, – мегӯяд Бобурмирзо Зарипов. – Имсол Донишкадаи муҳандису сохтмони Намангонро хатм намудам. Хоҳиш дорам, ки дар соҳаи худ кор кунам. Дар ин хусус ба ҳоким гуфта будам, муаммоям ҳал шуд.
Масъалаи дуюм ин буд, ки аз кӯпруки маҳаллаи мо 3 маҳаллаи дигар низ истифода мебурд. Кӯпрук 16 сол пеш дар натиҷаи обхезӣ талафот дида буд. Роҳбари вилоят дар хусуси таъмири он ба мутасаддиён супориш дод. Онҳо барои зудтар иҷро кардани ин масъала ваъда доданд.
Дар ҷараёни қабул бисёр масъалаҳо дар ҷояш ҳал карда шуд. Баъзе муроҷиатҳое, ки ҳаллаш вақт талаб мекунад, ба назорат гирифта, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.