МАҚСАДҲОИ БУЗУРГ – ОМИЛИ ПЕШРАВӢ

Ҳар ҷо, ки хуни ноф рехт, он ҷо барои инсон ватани азиз аст.

Ҳар ҷо, ки хуни ноф рехт, он ҷо барои инсон ватани азиз аст. Ватан бебаҳост. Ҳар соату ҳар лаҳза меҳри он дар дил ҷӯш зада қадру шарафи он барои ҳар яки мо чун гавҳараки чашм муқаддас аст. Баҳри тараққиёти Ватан-модар ҳамеша заҳмат кашидан, баҳри рушдёбии он омодаи хидмат будан қарзи инсонии мост. Ҳамду сано ба Аллоҳ, ки имрӯз диёри мо ба маскани ободу осоишта табдил ёфт. Албатта, ин рушду камолёбӣ, ба гӯшаи зебою фаровон табдилёбиҳо худ аз худ ба амал наомадааст. Маҳсули заҳматҳои пай дар паи оқилона, натиҷаи хидматҳои беминнати мардуми олиҷанобу фидокор ва сиёсати дурбинонаю халқпарваронаи роҳбари давлатамон аст ин. Табъи дил, бо муваффақият анҷомёбии ҳар як кор ба фаъолияти бошуурона ва нақшаҳои оқилона вобаста аст. Муроҷиати сарвари давлат ба Олий Маҷлис ҳуҷҷати муҳимест, ки дар он фаъолияти яксолаи халқи мамлакат ҷамъбаст гардида, вазифаҳои муҳимтарини соли 2021 акси ҳаматарафаи худро ёфтааст. Дар Муроҷиатнома аз ҷумла таъкид ёфт, ки «ҳоло дар кишвар 150 ҳазор нафар фарзандони то 18-сола ҳастанд, ки ба нигоҳубини махсус ниёз доранд. Кӯмак ба онҳо дар таҳсил, соҳиби касби муайян шудан, табобати беморони вазнин, кӯмак ба ятимон дар ёфтани ҷойгоҳи худ дар зиндагӣ ва бо манзил таъмин кардани онҳо на танҳо вазифаи мо, балки вазифаи инсонӣ низ мебошад».
Маълум аст, ки саёҳати зиёратӣ низ баҳри афзоиши салоҳияти иқтисодии мамлакат кӯмак мерасонад. 
Сарзамини мо бо қадамҷоҳои бузург, мероси мадании ғанӣ ва сарватҳои маънавии худ ба тамаддуни олам саҳми арзанда гузоштааст. Бо мақсади инкишоф додан ва оммавӣ гардондани саёҳати зиёратӣ мувофиқи таҳлилҳои амиқи илмӣ аз усулҳои пешқадам истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст.
Ҳар ҷо ки тамаъгирию ришвахӯрӣ бошад, он ҷо ҳақиқат нест. Беҳуда нест, ки сарвари давлат  нисбати ин иллат номуросо буданро таъкид намуда, чунин гуфтааст: «Моро зарур аст, ки аз синну соли наврасӣ ба кӯдакон дарки онро, ки тамаъгирӣ ҷинояти ҷиддӣ ба шумор меравад, талқин кунем, дар онҳо нисбати он эҳсоси оштинопазирро тарбия намоем, меҳнати ҳалол ва соҳибкории поквиҷдононаро омӯзем».
Аллоҳ таъоло дар «Қуръони карим» чунин овардааст: «Молу дунёятонро дар байнатон ноҳақ – бо роҳҳои ҳаром нахӯред! (Яъне, ҳақи якдигарро нахӯред!) Ва (гуноҳ будани амалатонро) дониста барои хӯрдани як қисм моли одамон бо роҳҳои  ҳаром – гуноҳ (моли худро ришва карда) ба ҳокимон надиҳед!» (Сураи «Бақара», ояти 188).
Аз Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят мекунанд: «Расули Худо (с. а. в.)  ҳангоми ҳукм ҳам порадиҳанда ва ҳам порагирандаро лаънат гуфтаанд. (Тирмизӣ, Ибн Ҳиббон, ривояти ҳоким.)
Аз Умму Салама (р. а.) ривоят мекунанд: «Расулуллоҳ (с. а. в.) «Ҳангоми ягон ҳукм ҳам ба порадиҳанда, ҳам ба порагиранда лаънати Худо бод» гуфтаанд. (Ривояти Табаронӣ.)
Президент Ш. Мирзиёев аз ҷумла дар бораи фаро расидани вақти ҷорӣ кардани хидматҳои исломии молия дар Ӯзбекистон чунин гуфт: «Фурсати дар мамлакати мо созмон додани асосҳои ҳуқуқии ҷорӣ намудани механизмҳои исломии молия фаро расид. Барои ин коршиносони Бонки рушди исломӣ ва дигар идораҳои байналхалқии молиявӣ ҷалб карда мешаванд. 
Дар Муроҷиат рӯшодгӯӣ ва озодии сухан ҳамчун талаби ислоҳот дар мамлакат чунин арзёбӣ гардидааст: «Дар чор соли охир мо дар муҳити ҷамъияти ошкорбаёнӣ ва рӯшодгӯии бавуҷудоянда, озодии сухан зиндагӣ ва кор карданро ёд мегирем. Танқиди адолатноки журналистон ва блогерҳои холис хато ва кӯтоҳиҳои роҳбарони ба тариқи кӯҳна коркунандаро нишон медиҳад ва онҳоро барои иваз намудани усули кор ва баланд бардоштани масъулият водор месозад».  Масъалаи таълиму тарбияи замонавии наврасон имрӯз беш аз пеш дар маркази диққати давлат аст. 

Ҷобир ЭЛОВ, 
вакили Идораи мусулмонҳои Ӯзбекистон дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: