19-21 сентябр дар шаҳри Марғелон ҷашнвораи VI байналмилалии анъанавии бофандагии «Иди атлас» баргузор мегардад.
Дафтари матбуоти Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Ҳунарманд» мегӯяд, ки дар ин ҷашнвора ҳудуди сад меҳмони хориҷӣ аз 20 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.
ЮНЕСКО эътироф намудааст, ки Ӯзбекистон бо анъанаҳои бой ва қадимаи ҳунармандӣ машҳур аст. Ин созмони бонуфуз ҷиҳати ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, мусоидат ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар намудани сифат ва ороиши онҳо ташаббусҳои зиёдеро амалӣ менамояд.
Яке аз ин ташаббусҳо баргузории ҷашнвораи байналмилалии анъанавии нассоҷӣ мебошад, ки дар шаҳри Марғелон мегузарад. Он бори аввал соли 2015 дар ин шаҳри қадимӣ баргузор шудааст.
Ҳадафи ин ҷашнвора рушди эҷодкорӣ, ҳифз ва таблиғи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, бахусус нассоҷии суннатии мардумӣ, ҳамзамон баланд бардоштани сифат ва ороиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаклҳои гуногуни нассоҷӣ мебошад. Ҷашнвора ҳунармандони миллӣ ва байналмилалӣ, коршиносони нассоҷӣ, тарроҳон, истеҳсолкунандагон ва мутахассисони мӯдро муттаҳид намуда, ба эҷодкорӣ мусоидат мекунад.
Интизор меравад, ки ҷашнвораи мазкур пас аз роҳандозии як қатор чорабиниҳо конфронси байналмилалӣ, мизҳои мудаввар, намоишҳои мӯд ва намоишгоҳҳоро низ баргузор менамояд. Дар доираи он як қатор чорабиниҳо низ барномарезӣ шудаанд, ки дар он сокинони маҳаллӣ ва меҳмонон ширкат мекунанд.
Дар ҷашнвораҳои қаблии «Иди атлас» аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, мисли Тоҷикистон, Малайзия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Туркия, Таиланд, Бангладеш, Индонезия, ИМА, Латвия, Олмон, Муғулистон, Италия, Испания, Чин, Фаронса ва амсоли он меҳмонон ташриф оварда буданд.
Дар ин рӯзҳо корҳои омодагӣ дар шаҳри Марғелон ба фарҷом расид.
Ба ҳамин муносибат дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ бо ташаббуси Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Ҳунарманд» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
– Мақсад аз баргузор намудани фестивали «Иди атлас» пеш аз ҳама ҳифз ва тарғиб намудану ба наслҳо мерос гузоштани ин фарҳанги мардумии мо мебошад, — гуфт раиси Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Ҳунарманд» Расулҷон Мирзоаҳмедов. – Саноати бофандагии анъанавии абрешим аз шумори ҳамин фарҳанг маҳсуб меёбад. Дар баробари ин беҳтар намудани шароити зиндагонӣ ба ташаккули иқтисодиёти устувори эҷодӣ хидмат мекунад.
Дар чорабинӣ академики Академияи илмҳои Ӯзбекистон Акбар Ҳакимов таъкид намуд, ки бояд ҷуғрофиёи ширкаткунандагони фестивал доман фарох кунад ва намояндагони кишварҳои дигар низ дар он фаъолона иштирок намоянд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
Далер АЗИЗОВ,
мухбирони «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.