МАРҒЕЛОН БА МАРКАЗИ БУНЁДКОРИҲОИ АЗИМ МУБАДДАЛ МЕШАВАД

Дар шаҳри Марғелон сохтумони корхонаҳои гуногуни саноатӣ ва биноҳои хушсохту замонавии муассисаҳои таълими томактабӣ ва амсоли он босуръат идома дорад.

Дар шаҳри Марғелон сохтумони корхонаҳои гуногуни саноатӣ ва биноҳои хушсохту  замонавии муассисаҳои таълими томактабӣ ва амсоли он босуръат идома дорад. Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Наврӯз” се минтақаи хурди саноатӣ бунёд мегардад. Масоҳати он аз 3 то 7 гектарро ташкил мекунад ва дар он 45 лоиҳа таҳти иҷро қарор гирифтааст ва 2 ҳазору 400 нафарро бо кор таъмин хоҳад кард.
Зимни ташриф ва шиносоӣ бо ҷараёни кори соҳибкорони маҳаллӣ ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров дастур дод, ки онҳо ба суръати кор суръат зам намоянд ва дар вақтҳои муқарраршуда корхонаҳои хурди ин минтақаи саноатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. 
– Дар айни ҳол ман аз раванди корҳои иҷрошуда чандон қаноат ҳосил нанамудам. Барои бунёди минтақаи саноатӣ вақти кофӣ сипарӣ гардид, аммо ҳанӯз баъзе соҳибкорон бидуни дарки масъулият ва ба таври лозим наандешидани чораҳо мавриди истифода қарор додани корхонаҳоро ба таъхир мегузоранд, – гуфт ҳокими вилоят.
Хайрулло Бозоров ба бархе аз соҳибкорон ҳушдор дод, ки дар сурати зам накардани суръати кор майдонҳои барои сохтумон ҷудокардашуда пас гирифта хоҳанд шуд. Инчунин аз дастандаркорони ҳокимияти шаҳр тақозо намуд, ки таъмини шабакаҳои барқ, газ ва об барои ин минтақаҳоро дар фурсатҳои фаврӣ анҷом диҳанд.
Дар ин минтақаи саноатӣ соҳибкор Фахриддин Қосимов ба ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Bfl Shoes Artiolli” сарварӣ мекунад, ки бо маблағи умумии 3 миллиард сӯм истеҳсоли таги пойафзолро ба роҳ мондааст. То кунун ин соҳибкор танҳо 20 нафарро ба кор таъмин намудааст. Фахриддин Қосимов ваъда дод, ки дар муддати як моҳ корхонаро пурра муҷаҳҳаз мекунад ва ба истифода месупорад. 
Ҳокими вилоят дар ин ҷамоати шаҳри Марғелон бо фаъолияти корхонаи асфалтбарории соҳибкор Баҳромҷон Қурбонов низ ошно шуд. Ин соҳибкор 20 ҷойи корӣ таъсис додааст ва дар доираи лоиҳа бо маблағи 228 ҳазор доллар истеҳсоли асфалтро ба роҳ мондааст. Бо ин асфалт як қатор роҳҳои дохилии маҳаллаҳо мумфарш хоҳанд шуд. 
Ҳамчунин ин соҳибкор бар асоси як лоиҳаи дигар дар кӯчаи Чаманзори шаҳр корхонаи коркарди равғанҳои гуногуни мотори мошинро ба кор дароварданист. Барои бунёди ин корхона 3 миллиард сӯм маблағ сарф намудааст. Ба гуфтаи Баҳромҷон Қурбонов арзиши умумии лоиҳааш 6,5 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. 
– Бо аз нав кор карда баромадани 30 тонна равған 27 тонна равғани соф ба даст овардан мумкин аст, – мегӯяд ин соҳибкор.
Дар корхонаи марбути ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Марғелон Умар Текс» вазъияти куллан дигар ба мушоҳида мерасад. Корхонаи мазкур бар асоси дизайни замонавӣ дар панҷ ошёна бунёд гардидааст. Дар ин ҷо коргарон калобаҳоро ранг мекунанд ва аз он ҷуробҳои гуногун мебофанд. Гуфта мешавад, ки маҳсулоти истеҳсолнамудани онҳо аллакай ба хориҷи кишвар содир мегардад. 
Соҳибкори маҳаллӣ Абдусамад Маъруфов лоиҳаеро бо маблағи 3 миллион доллари амрикоӣ таҳти татбиқ қарор додааст ва барои 100 нафар ҷои кор фароҳам овардааст. Корхонаи мазкур соли 2022 бо иқтидори пурра ба кор медарояд. Дар айни ҳол таҷҳизоти иловагиро ин соҳибкор аз Чин овардаву машғули насби он мебошад. 
Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Тошкесар”-и шаҳри Марғелон ба кор даромадани сехи истеҳсоли маҳсулоти трикотажии марбути ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Milano tex” барои аҳолии он шодиву фараҳ бахшидааст. Дар ин ҷамоат 3 ҳазору 560 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Соҳибкори маҳаллӣ Ҷалолхон Муҳаммадхонов бо харҷи 5 миллиард сӯм ва истеҳсоли 55-60 хел маҳсулоти трикотажӣ як теъдоди онҳоро шомили кор намудааст. 
Хайрулло Бозоров якҷо бо роҳбарони идораҳои вилоят рафти сохтмони маҷмааи 4-ошёнаи замонавии савдо ва хизматрасонии маиширо дар ҷои собиқ истгоҳи мошинҳо аз назар гузаронид, ки дар кӯчаи Бурҳонуддин Марғилонии шаҳр воқеъ гаштааст. Дар ин ҷо бар асоси як лоиҳа мағозаҳои хӯрокворӣ, либос, инчунин майдончаҳои бачагона, пунктхои омӯзишӣ ва таълимӣ сохта мешаванд. Соҳибкор Ӯткир Аҳмедов мегӯяд, ки ин корҳои сохтумонии лоиҳаи «Марғилон гипермаркети»-ро моҳи сентябри соли оянда ба итмом хоҳад расонд. Гуфта шуд, ки арзиши умумии ин лоиҳа 40 миллиард сӯмро фаро мегирад.
Корхонаи “Ёдгорлик”-и шаҳри Марғелон ба истеҳсоли маҳсулоти абрешим ихтисос дода шудааст. Ба гуфтаи роҳбари он Аъзамхон Абдуллоев ин корхона соли 1924 бо номи «Хон атлас» дар шакли дӯкони дӯзандагӣ ташкил ёфтааст. Соли 1981 ба корхона табдил ёфта, соли 1991 аз ҷониби ЮНЕСКО ба ҳайси маскани сайёҳӣ эътироф шудааст. Ин корхона корро дар самтҳои классикӣ ва муосир ташкил намудааст. 
– Дар хориҷа бисьёр одамон ба рӯймолҳои риштаю пашмин, матоъҳои рангҳои табиӣ, либосҳои аз ин матоъҳо духташуда шавқу ҳаваси зиёд доранд. Мо ба ин ҷиҳат низ таваҷҷӯҳ мекунем ва боқимондаҳои абрешимро барои тайёр кардани қолинҳо низ самаранок истифода мебарем, – мегӯяд Аъзамхон Абдуллоев.
Дар ин корхона, ки замоне то 600 нафар коргар доштааст, ҳоло 80 нафар кор мекунанд. Вазъи пандемия дар ҷаҳон ва коҳиши ҷараёни сайёҳон низ ба ин таъсири ҷиддӣ расонидааст. 
Хайрулло Бозоров зимни боздид аз он зикр кард, ки ба туфайли таваҷҷӯҳи хоси сарвари давлат ба рушди ҳунарҳои миллӣ, тарғибу ташвиқ дар сатҳи байналмилалӣ, дастгирии ҳунармандон, фароҳам овардани шароит барои онҳо аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Бар ҳамин асос барои рушди корхонаи «Ёдгорлик» расонидани ёрии заруриро таъкид намуд. 
Маъмурияти корхонаи мазкур бо шарикони хориҷӣ робитаҳои зич барқарор намудааст ва  саъй дорад, ки туризми саноатиро дар шаҳри Марғелон инкишоф диҳад. Дар посух ба шароити ба бор овардаи пандемия маъмурияти корхона тасмим гирифтааст, ки маҳсулоти тайёри худро аз тариқи онлайн низ ба фурӯш мерасонад.
Дар шаҳри Марғилон  ширкати “Golden Valley Fasteners” ба истеҳсоли болт, гайка ва винтҳои гуногун ихтисос дода шудааст. Сардори корхона Эркинҷон Юнусов мегӯяд, ки ҳоло дар кӯчаи “Янги ҳаёт” аз ҳисоби худаш барои боз ҳам афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ дар асоси лоиҳа ба маблағи 35 миллиард сӯм ин корхонаро бунёд мекунад. Корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизот то охири соли 2022 ба итмом мерасанд. Гуфта мешавад, ки қабл аз ҳама афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва сифати он мадди назар мебошад.
– Арзиши умумии лоиҳаи дуюм 31 миллиард сӯмро ташкил мекунад. Ман аз раиси вилоят дархост кардам, ки барои тавсеаи корхона боз 2 миллион доллар қарз ҷудо кунад. Дар сурати роҳандозии лоиҳаҳои нав боз 80 ҷойи корӣ таъсис хоҳам дод, – афзуд Эркинҷон Юнусов.
Ба гуфтаи ҳокими вилоят ин дархости соҳибкор ҳатман ба иҷро хоҳад расид.
Дар шаҳри Марғелон истеҳсоли гиёҳҳои шифобахш ва меваю сабзавоти хушк низ ба роҳ монда шудааст. Раванди коркарди дӯлона, наъматак, барги тут, решаи ширинбия, ки дар шароити табиӣ чун нӯшокии шифобахш мерӯянд, давраи санҷишии худро паси сар намудаанд. Ҳоло ин маҳсулот ба хориҷа, асосан ба мамлакатҳои ИДМ фиристода мешавад. Дар ин корхона 15 ҷои кори доимӣ, наздики 200 ҷои кори мавсимӣ ташкил карда шудааст. 
Ба ин кор соҳибкори маҳаллӣ Фарҳод Нишонов машғул мебошад. Вай оид ба тайёр кардани маҳсулот, ҷамъоварии ашьёи хом, коркарди он аллакай соҳиби таҷриба гаштааст. Ба ин соҳибкор дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Оқбилол»-и ноҳияи Фарғона тақрибан 30 гектар замини азхуднашуда ҷудо карда хоҳад шуд, то ки киштзори кооперативии наъматак бунёд намояд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: