МАРҒЕЛОН БА ШАҲРИ ҶАШНВОРАҲО ТАБДИЛ МЕЁБАД

Ин шаҳри куҳан 11-13 июли соли равон ба фестивали байналхалқии мусиқии фолклорӣ мизбонӣ хоҳад кард.

Фестивали мазкур таҳти унвони «Роҳи бузурги абрешим» роҳандозӣ хоҳад шуд. Интизор меравад, ки аз 80 мамлакати дунё сайёҳон барои ширкат дар он ташриф хоҳанд овард.
Моҳи сентябри соли гузашта шаҳри Марғелони бостонӣ мизбонии фестивали чаҳоруми «Иди атлас»-ро бар дӯш дошт. 
Фестивали «Роҳи бузурги абрешим» дар шаҳри Марғелон бори нахуст баргузор мегардад. Ба гуфтаи мутахассисон, ин фестивал дар тарғиби мусиқии фолклорӣ ва доман фарох намудани он омили муҳим хоҳад гардид. Ҳамчунин, ба ин васила гурӯҳҳои фолклории нав дар саросари кишвар кашф мегарданд, ки бо санъату ҳунар ва маҳорати худ мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳанд гирифт.  
– Бар асоси иҷрои қарори Девони Вазирон «Дар бораи ташкил ва баргузор намудани фестивали байналхалқии «Роҳи бузурги абрешим» дар шаҳри мо корҳои зиёди омодагирӣ вусъат меёбанд. Барои рамзи фестивал дар миёни дизайнерҳо озмун эълон карда шудааст. Дар баробари ин, дар шаҳри Марғелон сохтмони маркази ҳунармандон ва бозори ҳунармандон босуръат идома дорад,– мегӯяд ҷонишини якуми ҳокими шаҳр  Элёр Тӯхтаматов.
Вай изофа намуд, ки дар доираи баргузор намудани фестивал бунёд кардани 36 хонаи ҳунармандон ва ду корвонсарой низ барномарезӣ шудааст. Дар ин маврид низ ба наздикӣ корҳои сохтмон шурӯъ хоҳанд шуд.
Яке аз рукнҳои асосии баргузор намудани фестивали мазкур аз он иборат аст, ки бояд ҷиҳати ширкати гурӯҳҳо ва дастаҳои фолклорӣ марҳалаҳои интихобкунӣ низ ба фарҷом расонида шаванд. Дар барномаи дастаҳои фолклорӣ бояд суруду таронаҳои фаромӯшшудаи мардумӣ, аз ҷумлаи лапар ва намунаҳои гуногуни суруди ёр-ёр  ворид карда шаванд. Гузашта аз ин, дар фестивал намунаҳои беҳтарини санъати аския низ мавқеи хосро ишғол хоҳад кард. 
Ба гуфтаи дастандаркорон, ин фестивал дар ду сол як маротиба ва дар се марҳила баргузор мегардад. Он дар худ беҳтарин намунаҳои мусиқии фолклорӣ, суруду рақсҳои ҷаззоби мардуми минтақаҳои гуногун, иҷрои асарҳои мусиқии рангоранг ва амсоли онро фаро хоҳад гирифт. 
Ин фестивал аз баъзе ҷиҳат ба фестивали байналхалқии «Таронаҳои Шарқ» шабоҳат дорад, ки дар ду сол як маротиба дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад. Ғолибони   фестивали байналхалқии мусиқии фолклории «Роҳи бузурги абрешим» бо мукофотҳои пулӣ тақдир карда мешаванд. Барои ҷои якум 3500 доллари амрикоӣ, барои ҷои дуюм 2500 доллар ва барои ҷои сеюм 1500 доллар мукофот муқаррар шудааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: