МАРҒЕЛОН БОЗ МИЗБОНИ ФЕСТИВАЛИ АНЪАНАВӢ МЕГАРДАД

Моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Марғелон фестивали бофандагии анъанавии «Иди атлас» баргузор мегардад.

Дар ин бобат идораи матбуоти Кумитаи давлатии рушди сайёҳии кишвар иттилоъ дод. Дар эълони мазкур ҳамчунин омадааст, ки ин ҷашнвора бори нахуст соли 2015 баргузор шуд ва тибқи анъана ҳар сол бо кӯмаки идораи тошкандии намояндагии ЮНЕСКО дар ин шаҳри бостонӣ роҳандозӣ мегардад.
Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузор намудани фестивали «Иди атлас» пеш аз ҳама нигоҳ доштан, тарғиб намудан ва  ба наслҳо мерос гузоштани  ин фарҳанги мардумии мо мебошад. Саноати бофандагии анъанавии абрешим аз шумори ҳамин фарҳанг маҳсуб меёбад. Бар асоси иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ дар фестивалҳои муқаддамотӣ ҳунармандони ин соҳаи кишварҳои ҳамҷавори Ӯзбекистон,  Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат карданд.
Бино ба ин манбаъ акнун бояд ҷуғрофиёи ширкаткунандагони фестивали бофандагии анъанавӣ сол аз сол доман фарох кунад ва намояндагони соири кишварҳои дигар низ дар он фаъолона иштирок намоянд. Интизор меравад, ки дар ҷараёни фестивали бофандагии анъанавӣ якчанд тренинг низ ба роҳ монда мешавад.
Ногуфта намонад, ки матоъҳои абрешими кишвари мо — атлас ва адрас ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии инсонияти ЮНЕСКО шомил шудааст ва роҳандозии ин фестивал низ бар ҳамин асос сурат хоҳад гирифт.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: