МАРҒЕЛОН ФЕСТИВАЛИ ЧОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИДИ АТЛАС»-РО БАРГУЗОР КАРД

Ин фестивали байналмилалии бофандагии анъанавӣ бо ибтикори ҳокимиятҳои вилояти Фарғона ва шаҳри Марғелон, Маркази рушди ҳунармандии Марғелон ва Намояндагии ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон роҳандозӣ гардид.

Дар баргузории фестивали «Иди атлас» ҳамчунин, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Хазинаи иҷтимоии ҷумҳуриявии хайрия ба номи Ислом Каримов, Иттиҳодияи «Ҳунарманд»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти байналмилалии Осиёи Марказӣ, Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ривоҷи сайёҳӣ, Агентии миллии воситаҳои ахбори электронӣ ва як қатор созмонҳои иҷтимоӣ саҳм гирифтанд.
Дар нишасти хабарие, ки қабл аз ифтитоҳи фестивал баргузор шуд, узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳокими вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев меҳмононро хайра мақдам гуфт. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки ин фестивал бори нахуст соли 2015 баргузор шуд ва тибқи анъана ҳар сол бо кумаки дафтари тошкандии намояндагии ЮНЕСКО дар шаҳри бостонии Марғелон роҳандозӣ мегардад.
– Ин фестивал тараннумгари дӯстиву рафоқати мардуми зиёд, баҳамоварандаи аҳли ҳунари волои бофандагӣ, хоссатан устоҳои ҳунарманди атласу адрасбофӣ унвон гирифтааст. Дарвоқеъ, иди атлас чеҳра, қадрият ва инъикосгари фазилатҳои неки мардуми Фарғонаи мо низ мебошад. Бовар дорам, ки ин фестивал таассуроти бой ва хотирмонеро дар ҳамаи шумо боқӣ мегузорад, – гуфт Шуҳрат Ғаниев.
– Мақсади асосии баргузор намудани фестивали «Иди атлас» ҳифз ва оммавӣ гардонидани мероси бойи ғайримоддии фарҳангӣ ва аз насл ба насл интиқол додани он, ҳамчунин, таъмини дастгирии ривоҷи ҳунармандии анъанавии мардуми Ӯзбекистон аст. Фестивал дар мавриди болоравии сифат ва дизайни маҳсулоти анъанавӣ нақши муассир бозида, дар кашфи минтақаи мазкур ва ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони зиёд омили муҳим шуда хизмат менамояд,– гуфт роҳбари дафтари Намояндагии ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон Дендев Бадарч.
Ба таъкиди ҷаноби Бадарч фестивал барои кумак ба ҷавонон ва занҳое, ки ба ҳунармандии анъанавӣ шавқу рағбати зиёд доранд, онро меомӯзанд, азхуд мекунанд, дар мавриди гирифтани донишҳо ва малакаҳои нав хеле мусоидат мекунад. Мавсуф боз тазаккур дод, ки ба ин васила болоравии сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолӣ низ таъмин мегардад.
– Як ҷиҳати хоси фестивалро наметавон нодида гирифт. Он одамони гуногунро аз минтақаҳои мухталифи ҷаҳон гирди ҳам овардааст ва фестивал, бидуни шакк, барои ҳамкориҳои минбаъдаи ҳунармандону рассомон ва дизайнерҳо заминаҳои доманфарохеро фароҳам хоҳад овард. Гузашта аз ин, дар минтақае, ки фестивал баргузор мешавад, сайёҳӣ низ ривоҷу равнақ хоҳад ёфт,– қайд намуд Дендев Бадарч.
Гуфта шуд, ки ҳифз, оммавигардонӣ ва рушди ҳунари анъанавӣ ҳам барои Осиё ва ҳам барои Аврупо ҳамсонанд. Барои ҳамин фестивали «Иди атлас» марзҳои ҷуғрофии худро сол аз сол тавсеа мебахшад. Дар айни ҳол барои ширкат дар он намояндагони қариб сӣ кишвар, аз ҷумла, Испания, Қазоқистон, Чин, Муғулистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Русия, Фаронса ва амсоли он ба шаҳри бостонии Марғелон омадаанд.
– Ҷойи шубҳа нест, ки ширкати ҳунармандон, рассомон, дизайнерон ва коршиносони маъруф дар фестивали Марғелон мунҷар ба он хоҳад шуд, ки байни якдигар табодули таҷриба намоянд ва дастаҷамъона аз тариқи ҳамкориҳои фарҳангӣ ба пешрафту тараққии ҳунармандӣ саҳми худро гузоранд, – мегӯяд мутахассиси бофандагӣ ва ҳунармандии анъанавӣ, дизайнери машҳури бангладешӣ Биби Рассел.
Маълум шуд, ки вай аз оғози соли 2018 то ин муддат барои дизайнерҳои ҷавони ӯзбекистонӣ тренингҳо гузаронидааст ва маҳз натиҷаҳои он дар фестивали мазкур ба намоиш гузошта шуданд. Вай дар ин бора ба мухбири «Овози тоҷик» чунин гуфт:
– Ман бо камоли мамнуният дар кишвари шумо ин корҳоро анҷом медиҳам. Аз натиҷаҳои тренингҳое, ки барои ҷавонон пиёда мекунам, хушҳолу қаноатманд мебошам. Ин анъанаро минбаъд низ давом хоҳам дод.
Маросимҳои асосии фестивали «Иди атлас» дар «Боғи эҷодкорон»-и шаҳри Марғелон ба номи Эркин Воҳидов баргузор шуданд. Рӯзҳои 11-13 сентябр дар чаҳорчӯби фестивал барои ҳунармандон ва дизайнерҳои ҷавон тренингҳои амалӣ гузаронида шуд. Ин тренингҳо санъати гулдӯзӣ, намадбофӣ, ҳамчунин тавассути истифодаи бофандагии анъанавӣ дизайни либосҳоро фаро гирифтанд. Дар ин тренингҳо беш аз шаст нафар ҳунармандон ва дизайнерҳои ҷавони кишварамон ва меҳмонони фестивал такмили касб намуданд, соҳиби дониш ва маҳорату малакаҳои нав шуданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни фестивали «Иди атлас» дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Атласи интерфаъоли ЮНЕСКО аз рӯи Роҳи бузурги абрешим» 12-13 сентябри соли ҷорӣ ҷамъомади доманфарохи коршиносони ҳунари анъанавӣ баргузор гардид. Гуфта мешавад, меҳмонон бо даъвати дафтари ЮНЕСКО, воқеъ дар Тошканд ба шаҳри Марғелон даъват шудаанд.
14 сентябр маросими расмии ифтитоҳи фестивали «Иди атлас» ба вуқӯъ пайваст. Дар он дастандаркорони фестивал ба иштирокчиёни тренингҳои омӯзишӣ сертификат супурданд. Дар ин маросим роҳбари Намояндагии ЮНЕСКО Дендев Бадарч эълон кард, ки Маркази ривоҷи ҳунармандии Марғелон ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дохил гардид ва ба раиси он Расулҷон Мирзоаҳмедов сертификати узвият ба онро супурд.
Баргузории конференсияи байналхалқии илмӣ дар мавзӯи «Ҳамкории фарҳанги Шарқ ва Ғарб дар Роҳи бузурги абрешим: Ханчҷой, Марғелон, Валенсия» ва роҳандозии намоишгоҳи бофандагии анъанавии «Роҳи бузурги абрешим: анъанаҳоро идома дода...» низ дар чаҳорчӯби ин фестивал баргузор гардид.
Сайругаштҳои мардумӣ, намоиши консертҳои дастаҳои ҳунарӣ, баромади аскиячиён, роҳандозии мусобиқаҳои гӯштии тарзи «Кураш», ярмаркаи «Шаҳрчаи ҳунармандон» ва монанди он аз чорабиниҳое маҳсуб меёбанд, ки мувофиқи барномаи қаблан тарҳрезишудаи ЮНЕСКО имрӯз  дар доираи фестивали мазкур баргузор мешаванд.
Маросими пӯшидашавии фестивали «Иди атлас» шоми имрӯз баргузор мегардад. Он бо ташкили консерти дастҷамъии аҳли ҳунару фарҳанг ба фарҷом мерасад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: