МАРҒЕЛОН — ШАҲРИ ҲУНАРМАНДОН

Сафари матбуотие, ки бо ибтикори бахши вилояти Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди дастгоҳи Президенти Ӯзбекистон ва дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилояти Фарғона роҳандозӣ шудааст, дар шаҳри Марғелон идома намуд.

Сафари матбуотие, ки бо ибтикори бахши вилояти Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди дастгоҳи Президенти Ӯзбекистон ва дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти вилояти Фарғона роҳандозӣ шудааст, дар шаҳри Марғелон идома намуд.
Дар ин сафари матбуотӣ ҳудуди 15 нафар журналистон ва блогнависони хориҷӣ ва маҳаллӣ ширкат карданд. Мувофиқи барномаи қаблан тарҳрезидаи сафари матбуотӣ иштирокчиёни он аз “Маркази ҳунармандон”-и ин шаҳри куҳан ва таърихӣ боздид карданд. Ин марказ бар асоси шарикии давлативу хусусӣ бунёд гардидааст.
Дар ин марказ бештар аз 300 нафар занону духтарон ба бофтани дусад намуди адрасу атлас, беқасам ва қолинҳои гуногунҳаҷми абрешимин машғуланд. Гуфта мешавад, ки теъдоди коргарони он дар ояндаи наздик ба як баробар афзоиш хоҳад ёфт.
Дар ошёнаи якуми ин бинои боҳашаму зебо намоишгоҳи маҳсулоти тайёри аз матоъҳои гуногун дӯхташуда, роҳрави махсуси намоиши либосҳо ё подиум ташкил кардаанд. Ҳамаи либосҳо бо дизайни хос дӯхта шудаанд. Як гӯшаи онро либосҳои арӯсон ташкил медиҳанд. Дар ин ҷо намудҳои гуногуни фаранҷиро дидан мумкин аст, ки онро арӯсон ба сар мекашанд ва дар иҳотаи дугонаҳояшон то хонаи домод мераванд.
Дар ин ошёна ҳамчунин ҳунармандон ба матоъ кашидани гулҳои рангаро низ анҷом медоданд. Як гурӯҳ ҳунармандон тарҳи гулҳои матоъҳоро меофариданд, дар шафати онҳо гурӯҳи дигари ҷавонони ҳунарманд рангҳои матоъҳоро тайёр мекарданд.
Дар ошёнаи дувуми маркази ҳунармандон маҳсулоте тайёр карда мешуданд, ки танҳо ба воситаи даст истеҳсол мегарданд. Ҳамаи ин маҳсулотро аз абрешим тайёр мекарданд.
– Шаҳри Марғелон аз қадим шаҳри ҳунармандон унвон гирифтааст. Дар солҳои касби истиқлоли кишварамон шароиту имкониятҳои кор барои аҳли ҳунари мардумӣ боз ҳам фарохтар шуд ва теъдоди ҳунармандон ба садҳо нафар афзоиш ёфт, – мегӯяд ҳунарманди номии марғелонӣ, узви Сенати Олий Маҷлис Иброҳимҷон Султонов.
Ба гуфтаи ӯ ин марказ ба ивази 35 миллиард сӯм сохта шудааст ва дорои 14 дӯкони савдо низ мебошад. Зимни ташрифи Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Фарғона вай аз ин маркази ҳунармандон боздид намуд.
Қарор аст, ки соли 2020 дар вилояти Фарғона 43 ҳазор оилаи камбизоат ба воситаи ташкилу таъсиси корхонаҳои нав ба кор таъмин мегарданд ва аз дафтарҳои оҳанин хориҷ карда мешаванд.
Дар идомаи сафари матбуотӣ журналистону блогнависон бо шароите ошно шуданд, ки дар “Хонаи соҳибкорон”-и ин шаҳр фароҳам оварда шудааст. Ин бино низ ба наздикӣ сохтаву муҷаҳҳаз гардидааст ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Дар ин маскан рӯзона даҳҳо нафар мардуми шаҳр бо саволу масъалаҳои гуногун ба ходимони он муроҷиат мекунанд.
– Ҳоло шумо дар Биржаи молу ашё қарор доред. Дар саросари ҷумҳурӣ даҳ ҳазор чунин биржаҳои мо фаъолият мекунанд. Ин ҷо дар айни ҳол даҳ нафар ходимони мо машғули кор мебошанд. Маҳз ба воситаи ҳамин биржаҳо маҳсулоти корхонаҳо ба фурӯш бароварда мешаванд. Соҳибкорон аз рӯи рақами хусусии худ ба мо муроҷиат мекунанд ва брокерони мо маҳсулоти онҳоро ба фурӯш мегузоранд. Ба ибораи халқӣ мо даллолон ҳастем, ки раванди савдои маҳсулоти истеҳсолкардаи соҳибкоронро ба танзим медарорем, – гуфт роҳбари ин биржа Муҳаммадҷон Собиров.
Вай афзуд, ки маҳсулот ва нақлиёти мусодирашуда низ аз тариқи ин биржа ба фурӯш мерасанд. Ҳамчунин соҳибкорон бо кӯмаки ин биржа барои сохтмони корхонаҳо замин ҷудо карда мегиранд, ташкилоту муассисаҳо бо маҳсулоту маводи мавриди эҳтиёҷашон таъмин карда мешаванд.
Ҳокими шаҳри Марғелон Адҳамҷон Зиявиддинов аз он нукта ёдовар шуд, ки ҳар як корманди идораҳои ҳокимияти ноҳия ва ниҳодҳои худидоракунии маҳаллӣ дар ташаккул додани “Дафтари ҷавонон” ва “Дафтари занон” саҳм гирифтанд. Ин иқдом бар асоси ташаббуси сарвари давлат ҷиҳати ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон ва занон пиёда карда шуд.
– Мо талош ба харҷ медиҳем, ки иҷрои қарору фармонҳои Президенти мамлакат ва ҳукумат сари вақт таъмин гарданд. Дар се-чаҳор соли охир барои ривоҷи соҳибкорӣ таваҷҷӯҳи хос дода мешавад, зеро соҳибкор мардуми моро бо маҳсулоту ашё таъмин мекунад. Ба ин васила мардуми зиёд ба кор низ таъмин карда мешаванд ва зиндагиашон фаровон мегардад, – гуфт Адҳамҷон Зиявиддинов.
Зикр гардид, ки дар давраи пахши пандемия роҳбарони шаҳр аз утоқҳои кории худ баромада ба назди мардум сафарбар карда шудаанд, то ки аҳволи иҷтимоии онҳоро омӯзанд ва ба оилаҳои эҳтиёҷманд саривақт кӯмакҳои лозимаро расонанд.
– Дар “Хонаи соҳибкорон” намояндагони ҳамаи ташкилоту корхона мардумро қабул мекунанд, муроҷиатҳои онҳоро мешунаванд ва барои ҷиҳати рафъи мушкилоти онҳо чораҷӯӣ мекунанд. Ба таври мисол, ходимони идораҳои газтаъминкунӣ, барқ, оби нӯшокӣ, кадастр ва амсоли он дар ин ҷо ба мардум хизмат мерасонанд, – изҳор кард ҳокими шаҳри Марғелон.
Бино ба гуфтаҳои Адҳамҷон Зиявиддинов ҳоло 132 қитъаи замин ба ауксион гузошта шудааст. Зеро ҳукумати шаҳр ҳақ надорад, ки ба ниёзмандон худсарона қитъаҳои заминро ҷудо карда диҳад. Зимни ташрифи Президент ба вилояти Фарғона ҳокимияти шаҳр талаб кардааст, ки барои сохтмони корхонаҳо ва гармхонаҳо дар минтақаи шаҳр замин боқӣ намондааст. Сарвари давлат дастур додааст, ки 700 гектар майдон ба тасарруфи шаҳри Марғелон дароварда шавад.
– Ин майдонҳо ба соҳибкорон тақсим карда мешаванд ва онҳо бо татбиқи лоиҳаҳои худ дар он объектҳои истеҳсолӣ месозанд, онро ба минтақаҳои хурди саноатӣ табдил медиҳанд. Имкониятҳои мо барои ба кор таъмин кардани ҷавонон ва занон боз фарохтар мегарданд. Зеро дар заминаи пуштибонии ҳуқуқӣ ва равонӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани онҳо масъалаҳои зиёди иҷтимоиву иқтисодии ин қишри ҷомеа ҳаллу фасл мегарданд, – гуфт ҳоким.
Ба таъкиди ҳокими шаҳр дар 54 ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо корҳои таҳқиқу омӯзишӣ анҷом дода шуданд. Аксари бекорон ба кор таъмин гардиданд. Дар ҳамин ҳол тақрибан 280 нафар ба ҷои шуғл ниёз доранд. Дар моҳҳои наздик, бо тавлиди корхонаҳои нави саноатӣ, барои онҳо низ ҷои кор фароҳам оварда хоҳанд шуд.
— Омӯзиш ва ба рӯйхатгирӣ маълум намуд, ки аз шаҳри мо 4 ҳазору 359 нафар барои кор ба хориҷ  рафтаанд, 99 нафар ба хизмати аскарӣ ҷалб шудаанд, 21 нафар муҳлати ҷазои маҷбуриро сипарӣ мекунанд, 96 нафар ба шаҳру ноҳияҳои дигар кӯч бастаанд, 916 нафар бо сабабҳои гуногун дар хонаҳои худ зиндагӣ намекунанд. Ин афрод ба рӯйхати дафтарҳои оҳанин ворид карда нашуданд, – тазаккур дод Адҳамҷон Зиявиддинов.
Ногуфта намонад, ки дар як соли охир бо саъй ва кӯшиши ҳокимияти шаҳри Марғелон 18 ҳазору 345 нафар аҳолӣ ба кор ҷалб гардиданд. 8 ҳазору 916 нафар дар секторҳои ғайрирасмӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. 2 ҳазору 537 нафар хоҳиш кардаанд, ки бонкҳо ба онҳо қарзҳои имтиёзнок ҷудо намоянд ва ба соҳибкории хусусӣ шуғл варзанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: