МАРҒЕЛОН ШАҲРИ ҲУНАРМАНДОНУ САНЪАТКОРОНИ МУМТОЗ АСТ

Солҳои охир шаҳри Марғелон беш аз пеш ободу зебо мегардад.

Солҳои охир шаҳри Марғелон беш аз пеш ободу зебо мегардад. Аммо аз давраҳои пеш он ба сифати шаҳре муаррифӣ шудааст, ки дар баробари косибону бофандагони зиёд, зиёиёну маърифатпарварон дар канори худ як идда устодони ҳунари волои овозхонӣ, ҳунармандӣ ва аскиячигиро низ парвардааст. 
Вақте ки дар ин шаҳри куҳану тозабунёд Театри мусиқии мақом арзи вуҷуд намуд, мардуми зиёд аз ин навид хеле хурсанду хушҳол шуданд. Алҳол ин маскани ҳунар дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳр воқеъ гардидааст.  Ногуфта намонад, ки театри мусиқии мақоми шаҳри Марғелон дар Осиёи Марказӣ ягона маскани ҳунари волои санъати мақомхонӣ мебошад, ки кулли он аз тариқи саҳна ба муштариён дастрас мегарданд. Маҳз барои ҳамин мардуми зиёд аллакай ба ин театр ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд.  
– Арзи вуҷуд намудани Театри мусиқии мақом маҳз дар шаҳри Марғелон маъноҳои рамзиро низ касб хоҳад кард. Зеро дар ин шаҳр чеҳраҳои зиёди фарҳангӣ камол ёфтаанд.  Он 5 сентябри соли 2019 бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи ташкил намудани фаъолияти театри мусиқии мақоми шаҳри Марғелон дар назди маркази миллии санъати мақоми ӯзбек” таъсис ёфт. Моҳи августи соли 2020 театри мо ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳоло тайи ин муддат ҳунармандони театр ба мардум ғизои маънавӣ мебахшанд, – гуфт  директори ин театр Таваккал Султонов. 
Вай афзуд, ки дар он ҳунармандоне фаъолият мекунанд, ки дар равияи иҷрогарии анъанавии Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон, Донишкадаи санъат ва маданият ва Академияи давлатии хореография кор кардаанд. Ҳамчунин як идда ҷавонон ба кор пазируфта шуданд, ки коллеҷҳои санъати Тошканд, Фарғона, Намангонро  хатм кардаанд. Ҳамаи ҳунармандон овозхонҳои мақом, навозандагон, актёрҳо ва ҳунармадони балет мебошанд. 
Дарвоқеъ, дар ин театр аз субҳ то шом садои суруду мусиқиро шунидан мумкин аст. Ҳунармандон ҳамеша машғули машқу тамрин ҳастанд.
– Театри мо фаъолияташро аз намоишномаи мусиқии мақоми “Шашмақом”и Туроб Тӯла оғоз намуд. Ин намоишномаро студияи театри “Тӯрон” таҳти роҳбарии коргардони бомаҳорат С. Мелиев рӯи саҳна овард. Дар ин намоишнома асарҳое мавриди истифода қарор гирифтанд, ки аз гузашта ба мо мерос мондаанд, – мегӯяд Таваккал Султонов.
Қисми мушкилоти “Мухаммаси Насруллоӣ”, ғазали “Насруллоӣ”-и Навоӣ, “Гардуни рост”, таронаҳои “Сарахбори наво”, “Муғулчаи дугоҳ”, “Мушкилоти сегоҳ”, мақомҳои равияҳои Фарғонаву Тошканд – “Сегоҳ”, “Мискин”, “Ушшоқ” ва амсоли он дар намоишномаҳои театрикунонидашуда ва рақсҳои ҷаззоби рӯи саҳна хеле моҳирона ба намоиш гузошта шудаанд. Гуфта шуд, ки қаҳрамони асосии ин асар Академик Юнус Раҷабӣ буда, симои ӯро ҳунарманди беҳамтои театр Кимсанбой Собиров иҷро кард.
– Соли 2020 мо чанд намоишномаро ба саҳна гузоштем. Намоишномаҳои “Муноҷот”-и Х. Расулов, «Бӯстони муҳаббат»-и Ш.Муродов, “Навоӣ”-и Н.Аббосхонов аз ҳамин зумра мебошанд. Дар давраи пандемия низ ҷамоаи мо аз тариқи онлайн намоишномаҳои худро ба тамошобинон пешкаш намуд. Зеро мо барои тамошобинон эҷоду талош мекунем. Онҳо ҳарчи бештар ба театр оянду толори моро пур кунанд, ҳунармандонамон ҳамон қадар бо шавқу завқ нақшҳои худро иҷро хоҳанд кард, – иброз намуд Т. Султонов. 
– Театр барои ҳунарманд даргоҳи хеле муқаддас маҳсуб меёбад. Чунин маъниро ҳар як ҳунарпешаи мо бо ҷисму ҷони худ эҳсос менамояд. Мо қадриятҳои миллии худро тараннум месозем ва ба анъанаҳое содиқ мемонем, ки то ин замон ба мо ниёкон ба мерос мондаанд. Ҳоло ширкати миллии садову симои ҷумҳурӣ ва Вазорати фарҳанг “Сеҳри мақом” ном як озмуни телевизиониро эълон кардаанд. Мо ҷиддан барои ширкат дар он омодагӣ мегирем. Интизор меравад, ки моҳҳои марту апрел дар ин озмун фаъолона ширкат мекунем ва ба чӣ қодир буданамонро намоиш медиҳем, – мегӯяд Таваккал Султонов. – Иштироки мо дар озмунҳои байналхалқии мусиқӣ-фолклории “Роҳи бузурги абрешим”, ки дар шаҳри  худамон ба вуқӯъ мепайвандад, ҳамчунин фестивали байналмилалии ҳунармандӣ, ки имсол дар шаҳри Хӯқанди латия баргузор мегардад, масъулиятамонро дучанд гардонидааст. Ҳоло чанд намоишнома таҳти унвони “Навоӣ”, “Шашмақом”, “Бӯстони муҳаббат”, “Муноҷот” ва амсоли онро ба тамошобинон тақдим карда истодаем.
Маълум шуд дар ин театр ҳунармандоне кор мекунанд, ки дар фестивали байналмилалии “Таронаҳои Шарқ”-и Самарқанд ширкат намуда, ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд. Азизҷон Абдуазимов ва Улуғбек Элмуродзода ба ҳайси ҳунарпешаҳои санъати овозхонии дастаи мақом ҷойҳои сеюмро соҳиб гаштаанд ва дар айни ҳол иқтидор ва маҳорати худро дар ин театри мусиқии мақом идома медиҳанд.  
– Намоишномаҳоеро, ки мо рӯи саҳна меорем, метавон аз нигоҳи жанр ва услуб як падидаи нав тараннум кард. Ба таври мисол, дар дастаи ҳунарии “Шашмақом”-и Тоҷикистон ба воситаи рақс, дар Шинҷони Чин ба воситаи монологҳо намоишномаҳо  рӯи саҳна оварда ва ба тамошобинон тақдим мегарданд. Аммо мо ҳамаи ин воситаву усулҳоро дар намоишномаи худ муҷассам месозем ва дар шакли асари якпорча ба мухлисонамон пешкаш мекунем. Дар ин намоишномаҳо ҳунармандон, навозандагон, овозхонҳои мақом ва раққосаҳо дар дастаҷамъӣ ширкат мекунанд, – мегӯяд Таваккал Султонов.
Дар ин намоишномаҳо ғазалиёти Навоӣ, Фузулӣ, Фирӯз, Мӯнис, Огаҳӣ ва адибони дигар ба оҳангу навои тарабангези мусиқӣ омезиш дода мешаванд ва ба қаъри дили тамошобин ҳавола мегарданд. Маҳз ҳамин ҷиҳат беш аз пеш нуфуз ва эътибори жанри мақомро дар тамоми олам машҳур намудааст ва ба сифати жанри оригиналӣ муаррифӣ кардааст.
– Аммо тамошобини дар толор нишаста ба актёр қува ва рӯҳ мебахшад ва вай кӯшиш мекунад, ки нақши худро сареҳтару хубтар бибозад, ба истиқболи гарми вай сазовор шавад. Театри мо низ аз ин раванд дар канор нест. Бо вуҷуди ин мо ба воситаи рӯи саҳна овардани намоишномаҳои мавриди эҳтиёҷи мардум кӯшиш мекунем, ки теъдоди зиёди тамошобинонро ҷалб намоем ва дар ин самт ҳаргиз хастагиро эҳсос нахоҳем кард, – мегӯяд Тавакккал Султонов.  
– Барои тавсеаи ин бахши санъати мардумӣ мо Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Муҳаммадсиддиқ Шераев ва Ходими шоистаи фарҳанги ҷумҳурӣ Ҳотамҷон Ҳакимҷоновро ба кор ҷалб намудем. Онҳо аллакай фаъолияташонро оғоз кардаанд ва дар ояндаи наздик намоишномаҳои хоси онҳо ба тамошобинон пешкаш хоҳанд шуд, — изҳор кард Таваккал Султонов.
Ин театр вазифадор аст, ки дар байни мардум асарҳои мазмун ва мундариҷаашон аз ҷиҳати бадеӣ баланд, тамошоҳои театрикунонидашуда ва барномаҳои консертиро фаровон тарғиб намояд. Анъанаҳои устозу шогирдро дар равияи иҷрои мақом ривоҷу равнақ диҳад, ҷавонони истеъдоднокро тарбия кунад ва салоҳияти эҷодии онҳоро афзоиш диҳад. 
Ногуфта намонад, ки ҷалби актёрону овозхонҳои ҷавон ба ин театр аҳамияти хосаро касб хоҳад кард. Дар ин замина театри мазкур бо бахши минтақавии Донишкадаи давлатии санъат ва маданияти Ӯзбекистон дар вилояти Фарғона низ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. 
– Дар айни ҳол понздаҳ нафар хатмкунандагони ин маскани ҳунар бидуни ҷудошавӣ аз таҳсил дар театри мо амалиёт мегузаранд. Аксари онҳо дар намоишномаҳо нақшҳоро иҷро мекунанд. Пӯшида нест, ки мо ҳамеша дар такопӯ ва омӯзиш ҳастем. Бояд бештар меҳнат кунем, то ки нуфузи театри худро дар миёни мардум афзун гардонем. Зеро одамон мехоҳанд аз ин ҳаёт баҳра баранд, истироҳат кунанд ва ғизои маънавӣ бардоранд, – мегӯяд Таваккал Султонов, – соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявии коргардонҳои ҷавон таҳти унвони “Дебют” коргардони театри мо Хӯҷамбердӣ Эгамбердиев бо асари “Бӯстони муҳаббат” иштирок кард ва сазовори ҷои аввал гардидааст. Соли равон дар репертуари театр рӯи саҳна овардани намоишномаҳои хоси мақоми “Мақоми танҳо”-и Х.Расулов, “Дидаҳои гирён”-и Б.Бардош, ҳамчунин консерти мақоми “Фасли навбаҳор”, консерти “Аз бисоти устодон”-и аскиягӯён барномарезӣ шудаанд.
Ба таъкиди директори театр соли равон дар мамлакатамон 580-солагии мутафаккир ва олим, шоир ва арбоби давлатӣ Мир Алишери Навоӣ ба таври васеъ таҷлил мегардад. Аз ин раванд театри мусиқии мақоми Марғелон дар канор намонд.
– Ногуфта намонад, ки дар таъсис ва ба фаъолият оғоз кардан, ривоҷи театр, пеш аз ҳама, ташаббус ва раҳнамоии сарвари давлатамон мақоми хосаро ишғол менамояд. Дар ин росто вазири фарҳанг Озодбек Назарбеков, ҳокими вилоятамон Хайрулло Бозоров, ҳокими шаҳри Марғелон Адҳамҷон Зиявиддинов низ дасти кӯмакашонро аз мо дареғ намедоранд. Ба намояндагӣ аз театри мусиқии мақоми Марғелон, ки ба наздикӣ ба фаъолиятҳои худ ҳусни оғоз бахшидааст,  барои фароҳам овардани чунин имконият ва ҳиссашон дар ривоҷи театри мақом аз Президенти мӯҳтарам сипосгузорам, – гуфт дар хотимаи суҳбатамон директори театри мусиқии мақоми Марғелон Таваккал Султонов.
– Ҷомеае, ки аксарияти аъзои он ба қабули матолиби чунин жанр ҳавас доранд ва онро бо хушҳолӣ мепазиранд, онҳо соҳиби маънавият ва маърифати воло мебошанд. Дар ин маврид фикри дигар ё мутақобила гуфтан шояд чандон дуруст набошад. Муҳимтар аз ин, ҳунармандон низ дарк мекунанд, ки талошу заҳматҳояшон ҳаргиз зоеъ намеравад ва чунин бархӯрд барои пешкаш намудани намоишномаҳои хубтару беҳтар ҳамчун омил хизмат мекунад, – мегӯяд устоди Донишгоҳи давлатии Фарғона Фарҳод Исомиддинов.
Маълум шуд, ки дар миёни ҳунармандон як гурӯҳ донишомӯзони мақомхон низ дар намоишномаҳо ширкат доранд, ки синнашон акнун ба 14 расидааст. Бидуни иштибоҳ метавон гуфт, ки ин маскани навбунёди фарҳангӣ ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи муштариёни театри мақому рақсҳои дилошӯби водии Фарғона табдил хоҳад ёфт.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: