МАРАФОН ДАР БАЙНИ КӮДАКОНИ СИННИ ТОМАКТАБӢ

Ин чорабинӣ дар доираи ҳамкориҳои Агентии таълими томактабӣ бо Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамоҳангсози Дафтари САҲА дар Ӯзбекистон ба ҳайси лоиҳаи озмоишӣ амалӣ гардид.

Он ҷорӣ намудани таълиму тарбияи экологӣ дар системаи таълими томактабӣ ва усулҳои ҳаракати кӯдакон дар дучархаҳои мувозинавӣ ё беговелро мадди назар гирифтааст. Чорабинӣ дар шаҳри Хива 31 майи соли равон гузаронида шуд ва якуним соат давом кард.
Қобили зикр аст, ки масъалаҳои ҷалби оммавии кӯдакону наврасон ба тарбияи экологӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маркази таваҷҷуҳи доимии ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доранд. Барои ҳамин татбиқи ин гуна чорабиниҳо ба мақсад хеле мувофиқ мебошанд.
– Барои кӯдакони синни томактабии 18 муассисаи озмоишии таълимии кӯдаконаи шаҳри Хива аз тарафи ҳамоҳангсози Дафтари САҲА дар Ӯзбекистон 500 дучархаи мувозинавӣ харидорӣ гардид. Дар ин замина нимаи дуюми моҳи майи соли 2023 дар базаи таҷрибавии шаҳри Хива барои 36 нафар муаллимону инструкторони тарбияи ҷисмонӣ таҳти унвони «Омӯзиши дучархасаворӣ ва пиёда кардани тамрин дар байни кӯдакон» тренинг гузаронида шуд, – гуфт сухангӯи Агентии таълими томактабӣ Мавлуда Асқархӯҷаева. – Мақсад аз роҳандозии ин чорабинӣ баланд бардоштани салоҳияти ҷамоаи омӯзгории Муассисаи давлатии таълими томактабӣ дар ҷодаи ба дучархасаворӣ тайёр кардани кӯдакон, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби кӯдакон ба фарҳанги дучархаронӣ мебошад.
Мо ҳанӯз соли 2021 дар пойгоҳи Экопарки шаҳри Тошканд дар байни кӯдакони синни томактабӣ марафони якуми дучархарониро баргузор карда будем. Соли 2022 дар шаҳри Самарқанд  марафони II баргузор гардид. Баргузории марафони мазкур бар асоси ташаббусе сурат гирифт, ки кӯдакон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул шаванд, дучархаронӣ дар байни аҳолӣ шакли оммавиро касб намояд, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим пешравиҳо дида шаванд, таълиму тарбияи экологӣ ва технологияҳои сарфакунии саломатӣ дар раванди таълиму тарбия ҷойгоҳи худро соҳиб бошад – изҳор намуд Мавлуда Асқархӯҷаева.
Гуфта шуд, ки ба ин васила кӯдакони синни томактабӣ аз қоидаҳои ҳаракати роҳ бохабар мешаванд, аз кӯдакӣ барои тамрини бадан одат мекунанд, дар онҳо шавқу рағбати инкишоф додани маҳорат, ҳаракат, фаъолият, заковат ва шуурнокӣ пайдо мешавад.
Дар поёни марафон кӯдаконе, ки бо дучархаҳои мувозинавӣ авввалин шуда ба нуқтаи финиш расиданд, бо медалу туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар баргузор намудани ин марафон саҳми аъзои тими Федератсияи велосипедронии Ӯзбекистон хеле беназир арзёбӣ гардид.

Шаҳноза ТӮРАЕВА,
шаҳри ХИВА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: