МАРАФОНИ ҶАВОНОН

Назар ба гуфти мутахассисон давидан ба масофаи гуногун (билхоса ҳар субҳи содиқ) ба кас болидахотирӣ мебахшад.

Машқҳои мунтазами ҷисмонӣ, хусусан, саҳарӣ бо давидан шуғл варзидан  боиси солимӣ гардида, нирӯ ва қувваи танро меафзояд. Бар замми ин, шуғл варзидан ба ин навъи варзиш давоми рӯз кайфияти одамро хуш медорад. 
Дар арафаи Иди умумихалқии Наврӯз бо ташаббуси Садорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, шӯрои ҳудудии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон дар шаҳри Ҷиззах «Пойгаи ҷавонон» ташкил карда шуд. Дар ин пойга қариб 200 нафар ҷавонони синну солашон гуногун иштирок намуданд. Онҳо ба масофаи ҳафт километр давиданд.
Натиҷаи пойгаи марафонӣ нишон дод, ки муҳассили соли чоруми омӯзишгоҳи ҳарбии олии авиатсионии Ҷиззах Муродҷон Исҳоқов аввалин шуда ба марраи мусобиқа расида омад ва ҷойи якумро гирифт. Аз байни духтарон толибаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ҷиззах Дилором Нишонова ғолиб гардид. Ба онҳо туҳфаи хотиравии пойгаи марафонӣ тақдим гардиданд. Ин қабил мусобиқаҳо барои оммавӣ гардидани варзиш хидмат хоҳад кард.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: