Чун умр рӯ ба ғуруб меорад, гоҳо айёми бебозгашти бачагӣ ба ёд меояд.
Мо як гурӯҳ ҳамсабақон фориғ аз дарс молҳои резаи худро дар талу теппаҳои Бойназар, Дашти Мирӣ, Тубаки Ӯрун, Бобохон, дашти Мирзоҳамдам ба чаро мебурдем. Он солҳо хоҷагии мавҷуда тамоми заминҳои ин мавзеъро шудгор карда, гандуму ҷав мекорид. Айёми баҳорон чун майса рӯйи замини корамшударо мепӯшонид, маъмурияти хоҷагӣ дар ин дашту ҳомун посбонеро вазифадор мекард. Барои посбон аспи бадавро ҷудо мекард. Посбон ҳар рӯз аспсавор ба ин мавзеъҳо омада, сокинони гирду атрофро огоҳ мекард, ки майсаҳои навдамидаро нахӯронанд.
Мекӯшидем, ки ягон мол ба заминҳои корамшуда надарояд, вале баъзан бузҳо чашмони моро хато карда ба майсазор медаромаданд. Мо зуд бо чӯбдаст онҳоро пеш карда, дуртар аз рама меронидем.
Посбони дашт ҳар рӯз аспсавор дартоз меомад. Асп чун бод медавид. Чун ба назди мо мерасид, лаҷоми онро кашида, бо як нигоҳи тааҷҷубомез гирдогирди замини корамшударо аз назар мегузаронид. Ва чун медид, ки сари майсазорро моле нагазидааст, бо як авзои хушҳолӣ ба мо муроҷиат мекард:
– Бале, бачаҳо ба ҳамин тартиб моли хешро эҳтиёткорона поетон, то ки майсазорро нахӯранд, агар мол майсазорро хӯрад, убол мешавад. Дар натиҷа маъмурият аз ман мепурсад, ки чаро ҳосили таъби дил ба даст наомад.
Мо воқеан ин марди посбонро намешинохтем. Боре ному насаби ӯро аз падарам пурсидам. Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки ин мард Қурбонмурод ном дораду ҷони одам аст. Падару бобоҳояш низ одами хуб буданд. Падарам ин мардро таъриф карда гуфт, ки машғули бозӣ ба майсазор зарар нарасонетон. Боре чанд буз чашми моро хато карда, ба майсазор даромада буд. Ҳамин дам ҳамсинфам ин ҳолро ба ман хабар дод. Ба сӯйи майсазор давидам. Аз дур амаки Қурбонмурод аспсавор ба сӯйи мо меомад. Ман то омадани ӯ бузҳоро аз майсазор пеш кардам. Ӯ ба назди мо омада “ҳай-ҳай кори хуб накардед бачаҳо, наход дидаву дониста бузҳоро ба майсазор дароретон. Агар ин коратон бори дигар такрор шавад, ман шумоёнро хафа мекунам”, – гуфт ва аспро ба ҷониби дашти Мирзоҳамдам пеш ронд.
Ҳамин сон амаки Қурбонмурод дар замини хотираҳои бачагии мо чун як марди ботамкину фурӯтан, ҳалиму хоксор боқӣ мондааст.
Айёми бачагӣ ва навҷавонии Қурбонмурод Ҷумъақулов дар дараи Дарбанд ва домани кӯҳи Чӯлбаҳр ва Саримаски бағалкалон гузаштааст. Ӯ дар оилае ба дунё омада буд, ки аҳли хонадон бо обилаҳои даст пораи ноне пайдо карда, умр ба сар мебурданд. Ҳамин тариқ, фарзандони ин оила дар ҷодаи меҳнат обутоб ёфта, ҳалол кор кардану ҳалол хӯрданро пешаи худ қарор дода буданд. Баъди хатми мактаби миёна мехост ба ягон донишгоҳ шомил гашта, хониши хешро идома диҳад, вале дар пеш бародари бузургаш дар донишгоҳи шаҳри Душанбе таҳсилро идома медод. Каму кости рӯзгор ӯро имкон намедод, ки ин нияташ ҷомаи амал пӯшад. Ӯ ноилоҷ фаъолияти хешро дар хоҷагӣ ҳамчун коргар оғоз кард. Баъди як соли хатми донишгоҳ бародараш ногаҳон ба беморие гирифтор гашта, мефавтад. Ин фоҷиа ба сари оилаашон рӯзҳои сахту сангинеро пеш меорад.
Қурбонмурод Ҷумъақулов пас аз чанд соли кору фаъолият дар хоҷагӣ ба техникуми кишоварзии Шаҳрисабз (шуъбаи ғоибона) дохил мешавад. Ӯ дар се соли таҳсил дар риштаи зоотехникӣ асрори ин касбу корро меомӯзад. Пас аз хатми техникум дар хоҷагӣ ба вазифаҳои зоотехники шуъба, ёрдамчии сарзоотехник, муовини сардори шуъбаи қитъавӣ фаъолият нишон медиҳад. Ин марди заҳматпешаву фурӯтан дар ин давр бо одамони зиёд якҷоя заҳмат кашида, таҷрибаи баланди корӣ меандӯзад. Ҳамкорон муомилаи хуш, фурӯтанӣ ва таҷрибаи баланди кории ӯро меписандиданд. Қурбонмурод Ҷумъақулов дар кору вазифа марди масъулиятшиносе буд. Ҳар коре, ки аз ҷониби маъмурият ё сари худ иҷро мекард, онро бо як меҳри беандоза ба сомон мерасонид. Ва ҳамин амали некашро ҳамкоронаш меписандиданд. Чунин хислатҳои ҳамидаашро яке аз ҳамкорони собиқаш Искандар Сафарқулов ҳангоми сӯҳбат ба мо чунин нақл кард:
– Бо амаки Қурбонмурод Ҷумъақулов солҳои зиёд дар хоҷагии Дарбанд якҷоя кор кардем, – гуфт Искандар Сафарқулов. – Ин марди ботамкин хӯю хислати олие дошт. Ба ҳамкорон муомилаи хушаш писанд буд. Якеро додар, дигареро бародар мехонд. Сари мӯйе ба касе бо овози дуруште муколама намекард. Аз ин хотир ҳама ба раҳматӣ эҳтироми баланд доштанд. Хушбахтона ҳамин хӯю хислаташ ба фарзандонаш Собир, Музаффар, Холиёр кӯчидааст. Қурбонмурод Ҷумъақулов ҳалолкорӣ ва заҳматписандиро мепарастид. Кӯшиш мекард, ки бо заҳмати ҳалол ризқу рӯзии хешро ба даст орад. То охири умраш аз заҳмати ҳалол даст накашид. Ӯ солҳои охир дар лаби сойи Занговот қариб як гектар замини партовро обод карда, гирди онро сангдевор бардошта, дар он кишту кор мекард. Аз ин замин ҳосили зиёде ба даст меовард. Ҳамин амали неки амаки Қурбонмуродро дигарон низ пайравӣ карданд.
Шахси дигаре, ки ҳамроҳи ин некном солҳои зиёд дар хоҷагӣ паҳлу ба паҳлу истода заҳмат кашидааст, муҳосиби ботаҷриба Раҳмат Юсуфов мебошад. Номбурда сухани хешро бо байти пандомезе оғоз намуд:
– Хоҳӣ, ки зӣ ҳеҷ кас ба ту бад нарасад,
Бадгӯю бадомӯзу бадандеш мабош.
Воқеан ин марди дарвештабиатро дар ҷавонӣ хӯю хислати баланди инсонӣ ёр гашта буд. Ман бо ӯ зиёда аз 25 сол якҷоя кор кардам. Дар ин давр на ба ман, на бо дигарон, дар иҷрои кор бо ҳамкорон сарбасар ё сухани пасту баланд гуфта бошад. Бо одамон муомилаи хушаш писанд меомад. Аз алфози ӯ боре гапи дуруште нашунидаам, дар ин солҳои ҳамкорӣ. Аз ин хотир ҳамаи фарзандони ин марди некхӯ мисли падари хеш хубхислатанд. Кору фаъолият ва хӯйи чунин мардони асил, ман гумон мекунам, ки барои ҳама аҳли деҳа намунаи ибрат аст. Ман аминам, ки фарзандони ин марди наҷиб хислатҳои ҳамидаи амаки Қурбонмуродро дар зиндагии хеш идома хоҳанд дод ва номи накӯяшро ҳамеша ба фарзандон ва наберагон талқин хоҳанд кард. Бесабаб бузургворе нагуфтааст:
Назди арбоби ҳунар мояи имон адаб аст,
Лоҷарам пешаи мардони сухандон
адаб аст.
Одамизод, ки агар беадаб аст, одам нест,
Фарқи байни одаму ҳайвон адаб аст.
Н.РАҶАБ.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.