МАРДИ ДУРАНДЕШ

Фасли поиз ҳукми худро меронд.

Якеро, ки ном омад андар миён,
Ба некутарин ному наъташ бихон.
(САЪДӢ).
Фасли поиз ҳукми худро меронд. Боғчаи наздидаричаи Давлатбоқии деҳқон бо вуҷуди сердарахтӣ лучу урён ба назар менамуд. Ҷӯйи канори боғ акнун бо лап-лапи оби пур ноз дошт, зеро дигар гиёҳони ҳулбӯю карафшу газна ва буттаҳои настарану мармиҷони сарсабз набуданд, ки онро дар зери баргу шохаҳои беҳисоб пинҳон кунанд. Оби лаболаби ҷӯй воду ҳадди боғро лесида, аз шуои офтоб симгун ҷилодеҳон, бо рақси бемайлон ба поин, ба самти боғи ҳамсоя ҷорӣ мешуд. Дар ин миён тамоми дарахтони боровар аз самари яксола сабукдӯш гардида, баргҳои худро рехта, то мағзи реша ба хобу ғанаби навбатӣ омодагӣ медиданд. Фақат як бех анори деҳқонбобо, ки онсӯтар аз ҷӯйи об, дар бағали пешайвони боҳаво ҷо хуш мекард, бо меваҳояш тафохур дошт. Равшан аз дасти хоҳараки дусолааш Умеда гирифта боз як бор бо ҳавас ниҳоли анорро давр зада гузашт ва ба назди падараш, ки охирин қитъаи заминро побел карда, дар канори замини сиёҳхок якпаҳлу дароз мекашид, омад.  
– Додоҷон, меваҳои анорамон аз пухтани зиёд қоқ-қоқ шудаанд, – бо ноз ба китфи падар часпида гуфт ӯ, – кай мечинем? 
Давлатбоқӣ сари ҷо нишаст ва ҳар ду духтарро ба оғӯш гирифта, сару китфи онҳоро молиду ба сухан омад:
– Медонӣ духтарам, як рӯзи нек ҳаст, ҳамаамон гирди ҳам менишинему меваҳоро нӯши ҷон мекунем. Ба ҳамаамон яктоӣ мерасад. 
Чашмони Равшан дурахшиданд, бо хурсандӣ изҳор кард:
– Додоҷон, мо чор нафар апаю хоҳарем, шумою очаам ва момоҷонам Норгул – ҳамагӣ ҳафт кас! Дарахтамон бошад, ҳаштто анор дорад... 
– Гуфтаниӣ, ки яке изофа аст? – падар духтаронро сахттар дар бағал фишурд ва нигоҳе ба пас, ба самти танӯрхона, ки дар он ҷо ҳамсараш бо вуҷуди вазнинпойӣ давуғеҷ дошт, андохту афзуд: – Он як анор барои меҳмони навамон! 
Равшани заранг ҳам аз пайи нигоҳи падар ба ҷониби модари дуҷон чашм дӯхта беихтиёр ба ваҷд омад ва баргашту ду дасти нозуки худро ба гардани ӯ ҳалқа карда бо хушҳолӣ гуфт:
– Акнун фаҳмидам, ҳаштумаш насиби додарам аст! 
– Аз забони ширинат гардам, духтарҷон! – бо меҳр аз рухсори Равшан бӯса зад падар. – Мехоҳӣ додардор шавӣ? Орзуи ману очаат низ ҳамин аст!
Он гуфтугӯ ва изҳори орзуҳои нек буду пас аз се рӯз, ба ҳисоби момои Норгул, шомгоҳони ҷумъаи муборак, 21-уми ҷумодиюлаввали соли 1380 (Мутобиқ бо 11-уми ноябри соли 1960) дараи Пишох бо садои гӯшгири навзод танинандоз гардид, овози ширини тифли тозаомада аз шаху харсангҳои таскои пушти манзили Давлатбоқию Иззатбону акси садо доду дилҳоро пур аз шодию фараҳ сохт. Дар ин ҳангом соҳиби хона меҳмон дошт, дӯстони ӯзбеки ӯ аз роҳи Фориш омада, дар манзилаш шаббош монда буданд, ки яке аз онҳо гуфт:
– Узоқ кутган ӯғлинг дунёга келди, узоқ умр кӯрсин, муборак бӯлсин! Исмини Узоқбой қӯй.
Давлатбоқӣ гӯё неруманду тавонотар гардида буд, иштиёқу алоқааш ба кору зиндагӣ бештар. Бо дили пур ба пешаҳои худ, ки нахуст сандуқдорӣ мекард ва баъдан котибии Шӯрои маҳаллиро ба уҳда дошт, машғул шуда, нақшаю барномаҳои нав меандешид. Ҳамроҳ бо ҳамсари заҳматпешаю кушодадили худ Иззатбону фарзандонро неку поку ороста ба камол мерасонданд. Ба вижа, ба нахустин писари худ, ки меваи расида пас аз интизориҳои тӯлонӣ буд, таваҷҷуҳи хосса доштанд.
Узоқбой моҳи сентябри соли шасту ҳаштум ба мактаб рафт. Бо зеҳни бурро ва ақли расои худ аълохон шуд. Дар тӯли мактабхонӣ доимо пешсаф буд, омӯзгорон пайваста аз ӯ таъриф мекарданд. Падару модар бо писари хушодобу аълохони худ меболиданду бо ифтихор сарболо мегаштанд. Бо вуҷуди ин, дили падар аз ӯ комилан пур набуд. Аз лоғарӣ ва нимҷонии Узоқбой нигарон мегашт. Орзу дошт писараш низ ба мисли худи ӯ ҷавони чорпаҳлу, гуштигир, ҷисмонан бақуввату обутобёфта бошад, аммо  дар тӯли мактабхонии писар ба ин орзуяш нарасид.
Соли ҳаштодум дар канори садҳо нафар довталаб офтоби олами донишҷӯйӣ ба рӯйи Узоқбой низ хандид. Ӯ дувумин фарзанди деҳаи Эҷ буд, ки ба факултаи филологияи русии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешуд. Бо ҷидду ҷаҳд дар курсии донишҷӯйӣ илм омӯхт, асрори забону адабиёти русиро омӯхт, бо дониши хуб ва фаъолияти пешбарандаи ҷамоатӣ дар миёни ҳамдонишгоҳиён ба обрӯю иззат сазовор гашт. Айнан дар солҳои донишҷӯйӣ орзуи дерини падари бузургвор низ бароварда шуд. Дигар он Узоқбойи наҳифу нимҷон набуд, вақте ки дар таътилот ба деҳа меомад, хурду калон ба ӯ бо ҳавас менигаристанд. Дар канори донишандӯзӣ тамриноти муттасил дар толори варзишии донишгоҳ Узоқбойро ба ҷавони варзида, тануманд ва чобуку серҳаракат табдил дода буд. Ӯ ҳар гоҳ ба деҳа меомад, ғайричашмдошти қиблагоҳ, дар ҳама бозиҳои миллӣ, аз ҷумла, гуштӣ, ки намоиши асосии ҷашнҳои суннатӣ ба шумор мерафт, қувваозмоӣ мекард.
Пас аз хатми донишгоҳ дар соли ҳаштоду панҷум Узоқбой бо дипломи донишгоҳӣ ба зодгоҳи азиз баргашт. Ба падараш Давлатбоқӣ Муродов, ки он замон мудирияти ширкати пилладории совхозро ба уҳда дошт, изҳор намуд, ки мехоҳад ба шаҳр равад ва дар канори омӯзгорӣ ба пажӯҳишҳои илмӣ машғул шавад. Падар розӣ нашуд, дар асл, нахост нури дидаашро аз пеши худу оилааш дур созад. Гузашта аз ин, ба ҷойи худи ӯ, ки доимо бо кори давлат ба маъмуриятҳо мерафт, дастёре мисли писари калонӣ дар манзилаш лозим буд. 
Ҳамин тавр, Узоқбойро мактаби деҳа ба оғӯш гирифт. Нахуст аз фанни забони русӣ ба омӯзгорӣ пардохт. Маҳз ба хотири донистани забони русӣ ва огоҳӣ аз сирру усули варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ як сол баъд бо дастури мудирияти мактаб самти омӯзгориро ба тадриси фанни омодагии ҳарбӣ тағйир дод. Бо оғози ин фаъолият дарсҳои низомӣ дар мактаб ҷон гирифт, пайи ҳам шогирдони фориғуттаҳсили ӯ роҳи омӯзишгоҳҳои ҳарбиро интихоб намуданд. Аз ҷумла, Орифи Нурназар, Ҳилол Самадзода, Фурқати Нурназар, Лоиқи Абдуғанӣ, Мансури Халос бо дониши пухтаи низомӣ дар воҳидҳои низомии қувваҳои мусаллаҳи кишвар машғул ба хидмат шудаанд.
Соли 2005 ба ҳайси мудири мактаби рақами 43-юми Эҷ, ки яке аз калонтарин ва пешсафтарин мактабҳои деҳоти тоҷикнишини кӯҳпояи Нурато аст, баргузида шавад.
Мудири омили муассиса шудан кори саҳл нест. Инсони раҳбар гузашта аз роҳандозии корҳои ташкилоти худ мебояд шахси ибтикорварз бошад, мақому манзалати коргоҳи худро боло барад, дар ҷомеа ба обрӯю нуфуз сазовор гардад. Дар замони сарварии Узоқбой Муродов ҳисси масъулиятшиносии муаллимон боло рафт, чанд нафар ба унвонҳои волои омӯзгорӣ сарфароз шуданд, сафи донишомӯзоне, ки ба донишгоҳҳо дохил мешуданд, боз ҳам васеъ гардид. Аз ҳама муҳимтар, мардуми маҳаллӣ ба мактаб бештар меҳру муҳаббат варзиданд ва сатҳи забондонии бачаҳо боло рафт. Бар замми ин, шоистатарин коре, ки мудири мактаб анҷом дод, сохта шудани бинои нави муассиса аст, ки он баъд аз чанд даҳсола, бо тагурӯ кардани санадҳои зери чанг хобида муяссар гардид. Солҳои зиёд ҳам аҳли мактаб ва ҳам аҳли деҳа чандин бор ба шуъбаи таълим, ба ҳокимиятдории ноҳияву вилоят муроҷиат намуда буданд, вале ваъдаҳои хушку холӣ баён мешуду иморатҳои аз кор афтода ва тангу тори мавҷуд бо ҳоли пештара боқӣ мемонд. Узоқбой Муродов ин масъулиятро ба уҳда гирифт ва пас аз се соли қуфлу калиди талошҳо тавонист аз буҷаи давлат барои сохтмони нав маблағ ҷудо кунонад. Аз соли 2014 инҷониб донишомӯзони Эҷ низ дар бинои нави замонавӣ, дар синфхонаҳои кушоду равшан дониш меандӯзанд ва аз толори варзишии муҷаҳҳаз истифода мебаранд. 
Узоқбой Муродовро аҳли деҳаи Эҷ ва деҳкадаҳои Сойхурду Симбулоқ якдилона ба унвони раиси маҳаллаи худ – «Каттасой» гумоштаанд. Мавсуф аз соли 2019 ҳамроҳ ва дӯш ба дӯши халқ аст, ба 1848 нафар ҷамъияти маҳалла, ки аз 402 оила таркиб ёфтааст, сарварӣ мекунад. Шиори ҳамешагии Узоқбой Муродов фароҳам овардани осоиши мудовими мардум, иттиҳод ва ҳамрайъии одамон, боло бурдани сатҳи зиндагӣ ва рифоҳи ҳамдеҳагон аст. Ӯ шабу рӯз бо ёди мушкилоту дардҳои мардум мегардад, вале хастагиро намедонад. Саъй дорад коре кунад, ки роҳҳо, манзилу боғҳо, гузарҳои деҳа обод бошанд, ҷавонони корчаллон аз деҳааш бештар ҷавона зананд, расму оинҳои миллӣ, забони модарӣ таҳкиму рушд ёбад, саодати рӯзгор поянда бимонад. Номи ӯ Узоқ аст, худаш дурбину дурандеш ва бо ин тинату вуҷуди беолоиш доимо ба мақсад мерасад...
 
Юнуси ИМОМНАЗАР.
Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: