МАРДИ ФАРЗОНАВУ РАВШАНЗАМИР

Расул Ҳодизодаро аз замони донишҷӯиям, ки хонанда ва дилбастаи осораш будам, хуб мешиносам.

 Ӯ он солҳо дар муҳити адабӣ аллакай ҳамчун адабиётшинос ва мунаққиди шинохта ном бароварда буд. Баъдтар, бо тақозои қисмат ва эҳтиёҷоти касбӣ бо ӯ бевосита қаробат пайдо кардам ва аз шефтагони дидору суҳбатҳову осораш  шудам. Ба Самарқанди қандманд, ки зодгоҳаш буду дӯсташ медошт, зуд-зуд сафар мекард. Бештарини вақт, ба ифодаи худаш «рӯзҳои самарқандияш»-ро  дар ҳавлии язнааш Шавкат Беҳбудӣ ва хоҳараш Ҳумоюнхон мегузаронд. Ҳавлии онҳо «тамоми шароити иқоматро ба тарзи навин» дошт, вале дилаш ба «ҳавлии куҳнасохти падар» гум мезад ва он ҷоро маҳалли буду бош ихтиёр мекард. 
Осмон, фазо ва ҳавои Самарқанд барояш бӯйи таърих мекарданд. Ҳамеша бо ифтихор, бо фараҳу шодӣ, бо ёди гузашта ва шукронаи имрӯз дар кӯчаҳои Самарқанди азизаш қадам мезад... Бо аҳли зиёи Самарқанд самимона мулоқот мекард, ҳарфҳое дар боби адабиёту фарҳанг радду бадал мешуданд. Аз он мулоқоту суҳбатҳо бо ин марди бузург ва дидаву шунидаҳо чизҳои гуфтание дар ёд аст, ки мебояст гуфту навишт. Вале ҳоло суҳбат  аз дигар боб аст...
Дар замоне, ки донишҷӯ будам, тамоми осори чопшудаи Расул Ҳодизодаро бо шавқ хондаам. Ин ошноӣ аз мутолиаи мақолаҳои «Тадқиқоти илмии Садриддин Айнӣ оид ба таърихи адабиёти тоҷик», «Ҳаётро мукаммалтар ва амиқтар нишон диҳем» ва «Як пайравии номаълум ба «Шоҳнома» (дар мақола сухан аз таъсирпазирии шоири садаи XV Соҳиб аз Фирдавсӣ мерафт) оғоз гардида буд. 
Баъдтар ӯ ба таҳқиқ ва арзёбии ҳаёту эҷодиёт ва муҳити адабии замони зиндагии Аҳмади Дониш пардохта, рисолаи пурарзиши «Адабиёти тоҷик дар нимаи дуввуми асри XIX»-ро таълиф кард. Таҳқиқи таърихи адабиёти ин давраро идома дода, нахуст дар мавзӯи «Адабиёти тоҷик дар нимаи дуввуми асри XIX» рисолаи номзадӣ ва баъдтар зери унвони «Аҳмади Дониш ва адабиёти маорифпарварии тоҷик» рисолаи докторӣ ҳимоя кард. Минбаъд ҷустуҷӯҳояшро идома бахшида, мақолаи «Гуфтор дар бораи Ҳайрат», рисолаҳои «Шоҳин» ва «Аҳмади Дониш»-ро таълиф намуд, ки саҳифаи тоза дар илми адабиётшиносии он давра буданд.
Кори дигаре, ки дар ибтидои солҳои шастум Расул Ҳодизода ба анҷоми он шавқманд буд ва дар ин замина талошҳои зиёде ҳам кард, таълиф ва  нашри китоби бисёрҷилдаи «Таърихи адабиёти тоҷик» буд. Мутаассифона, бо сабабҳои номаълум ин таърих дар шакли пуррааш чоп нагардида, баъзе ҷилдҳои онро, ки А.Абдуллоев, С.Саъдиев, А.Афсаҳзод, У.Каримов ва худи Р.Ҳодизода таълиф кардаанд, нашр гардиду бас.
Имрӯз вақте ки феҳристи осори Расул Ҳодизодаро аз назар гузаронда, миқдори асарҳои чопшудаи илмӣ, бадеӣ, илмиву оммавӣ, тарҷумаҳо ва драмаҳову киносенарияҳояшро пеши назар меоварем,  пеши чашмамон чеҳраи донишманди фақиди фарзона, инсони тавонои заҳматписанд ва дӯстдори миллату Ватан бо тамоми шарофату ҷалоли инсонӣ намоён мегардад. Рисолаҳои илмӣ, роману повестҳо, мақолаву ҳикояҳо, осори матншиносиву киносенарияҳо ва песаҳо гувоҳи хидматҳои бедареғи ин донишманди фақиди фидокор дар роҳи пешрафти илму адабиёти тоҷик аст. Дар ин ҳол як байти Одамушшуароро, ки мувофиқи шаъну шарафи он кас аст, иқтибос мекунам:
Тан-т якеву ҷон якеву чандин дониш,
Эй аҷабо! Мардумӣ ту ё дарё?!
Роҳи тайкардаи Расул Ҳодизода то даргоҳи илму адабиёт дар асл осон набудааст. Ӯ ибтидои солҳои панҷоҳ дар аспирантураи Академияи улуми Тоҷикистон таҳсил ва дар Маскав зиндагӣ мекард. Ба Институти шарқшиносии Академияи улуми Шӯравӣ вобаста шуда буд. Ба шуъбае алоқамандӣ дошт, ки ба он эроншиноси машҳур Е. Бертелс раҳбарӣ мекард. Роҳбари расмиаш устод Айнӣ буд ва бо маслиҳатҳои устод ҷустуҷӯҳои илмиашро мустақилона идома дода, баъд ба Душанбешаҳр омад ва то охирин рӯзҳои зиндагиаш дар хидмати мардум буд.
Мақолаҳои «Горкий ва адабиёти тоҷик», «Иди адабиёт ва санъати ӯзбек», «Повест дар бораи қувваи ҷавонӣ», ки аз ҷумлаи нахустин навиштаҳои ӯ буданд, аз маданияти баланд, дониши фаровон, ҷасорат, ташаббус ва маҳорати баланди адабиётшинос ва мунаққиди ҷавони фозил мужда медоданд. 
Аз оғоз дар муҳити адабиву фарҳангии халқи худ маҳдуд намонда, аз дастовардҳои илму адаби ҷаҳон низ ба хонанда огоҳона мужда медод. Дар ҳамин замина  ҳанӯз солҳои аспирантиаш ба тарҷумаи осори адибони ҷаҳон пардохта, ҳикояи Ф.Кноре «Модар», повестҳои Гогол «Помешикони қадима», В. Гюго «Рӯзи охирини каси маҳкумшуда», И.С. Тургенев «Хотираҳои шикорчӣ» ва «Арафа»-ро ба тоҷикӣ гардонд ва нашр намуд.
Дар давоми фаъолияти бисёрсола ва босамараш муҳимтарин масъалаҳои таърихи адабиёту фарҳанги тоҷик, аз ҷумла, таҳқиқи ҳаёт ва осори Рӯдакӣ мавриди таваҷҷӯҳи ин донишманд будааст. Дар ин замина ӯ мақолаҳои зиёде, аз ҷумла «Сардафтари назми классикии тоҷик устод Рӯдакӣ», «Пеш аз Рӯдакӣ», «Рӯдакӣ ва муҳити адабии ӯ» ва  «Дар тадқиқи осори Рӯдакӣ» навишта, ҳамчунин матни интихобии осори Рӯдакиро бо ҳамкории Ансор Афсаҳов  ба чоп расонидааст, ки ҳар кадоме ҳарфи тозае дар рӯдакишиносианд. 
Расул Ҳодизода дар таҷрибаи илмиаш ҳеҷ гоҳ ба омӯхтани эҷодиёти як адиб ва ҳатто як аср маҳдуд нашудааст. Доираи замон ва макони тадқиқоти ӯ васеъ буда, тамоми таърихи адабиёти гузаштаи форсу тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва пайвандҳои адабии халқҳои Иттиҳоди Шӯравиро дар бар мегиранд. Вале ӯ дар доираҳои илмии худиву бегона, пеш аз ҳама, ҳамчун муҳаққиқи пуркор ва донандаи забардасти адабиёти асри XIX  тоҷик шинохта шудааст. Бахусус, хидматҳои ӯ дар таҳқиқи масъалаи манбаъшиносии адабиёти садаи XIX, рӯзгор ва осори нависанда ва мутафаккири бузурги ин давра Аҳмади Дониш бузург буда, аз ҷониби донишмандони соҳа эътироф шудааст.
Дар яке аз нахустин тадқиқоти фарогираш — «Манбаъҳои омӯзиши адабиёти тоҷики нимаи дуввуми асри XIX» собит карда буд, ки манбаъшиносӣ василаи муассир дар барқарор намудани воқеияти ҳаёти адабӣ ва ҷараёнҳои адабӣ мебошад. Ин равияи таҳқиқ, ки бунёдгузораш ӯ буд, минбаъд заминаро барои таҳқиқ ва нашри тазкираҳои зиёди асрҳои XVII-XX муҳайё сохт. 
Муҳаққиқ бо мақолаҳои  «Равияи пешқадам дар адабиёти нимаи дуввуми асри XIX», «Аҳмади Дониш», «Аҳмади Дониш ва эҷодиёти ӯ», «Нусхаҳои хаттии тазкираи Возеҳ», «Дар бораи номи як устоди Аҳмади Дониш», «Ҳуҷҷати пураҳамият аз тарҷумаи ҳоли Дониш» ва ғайра собит кардааст, ки Аҳмади Дониш воқеан ҳам пешвои ҷараёни равшангароии тоҷик дар он замон буд. 
Дар таҳқиқ ва тафсири илмии Расул Ҳодизода  асарҳои   Аҳмади Дониш, бахусус «Наводир-ул-вақоеъ» ва «Рисолаи таърихӣ»-и ӯ як навъ қиёми рӯҳи озод ва ақли солими мубориз ба муқобили муҳити мутаассиб ва ҳокимони ҷоҳилу золим аст. 
Маҳз дар ҳамин давра Расул Ҳодизода, ки солҳои ҷавонӣ бо тахаллуси Ҷаҳдӣ шеър менавишт ва дар даврони аспирантиаш ба тарҷумаи бадеӣ машғул буд, бо ангезаи ҳунарӣ ба эҷоди осори бадеӣ шурӯъ кард ва муваффақ ҳам шуд. Очерку қисса ва ҳикояҳои таърихии ӯ «Танбӯри дилкаш» ва «Бӯйи  ҷӯйи Мӯлиён» роҳи ӯро ба насри бадеии ҳадафманд боз карданд. Нақди адабӣ аз ин асарҳо истиқболи хуш карда, муаллифашонро савқ дод, ки ҷиддан ба эҷоди осори бадеӣ машғул шавад. Ҳосили ҷустуҷӯҳои бадеии ӯ дар мавзӯъҳои таърихӣ ва ҳозиразамон повести «Сапедадам», ҳикояҳои «Дар он шаби борон», «Масофаи роҳ», «Парвози Шоҳин», «Мактаб», «Кӯчаҳои ошно», «Роҳи ағба» ва ниҳоят романи «Ситорае дар тирашаб» буд, ки муаллифро ҳамчун нависандаи боҳунар миёни хонандагон шуҳратёр намуд.  Дар вақташ нақди адабӣ дар қатори ин асарҳо қиссаи таърихии «Ишқи духтари Рум»-ро аз дастовардҳои хуби муаллиф шинохта буд, ки шоиста аст. 
Романи «Ситорае дар тирашаб», ки намунаи хуби насри ҳамосаи тоҷикист, натиҷаи тамоми осори таҳқиқӣ, мутолиаҳо, бозёфтҳо, рисолаҳо, повести «Сапедадам», киносенарияи «Ситорае дар зулмот» (бо ҳамқаламии В. Максименков) ва ҷамъбасти андешаҳои муаллифро роҷеъ ба Аҳмади Дониш, муҳит ва замони зиндагии ӯ фаро мегирад. Аҳмади Дониш қаҳрамони марказии роман буда, нависанда дар матни воқеияти замони зиндагии қаҳрамонаш сарнавишти инсонӣ ва ҳунарии ӯро бо камоли диққат ва ҳунар нишон медиҳад. 
Расул Ҳодизода симои Аҳмади Донишро на чун ошӯбгар, балки чун фарди хоксор ва ба амалу омоли созанда салоҳиятдор тасвир карда, ба ин васила нақш ва ҷойгоҳи инсони ормонгаро ва ҳақиқатҷӯро дар тағйири сарнавишти инсонҳо таъкид мекунад. 
Расул Ҳодизода худ, ки мунаққид ва нависанда буд, дар арзёбии осори бадеӣ ва ҳунарӣ низ дидгоҳҳои хоси илмӣ ва ҳунарӣ дошт. Мақолаҳои ӯ ва иштирокаш дар баҳсҳо мароми мунаққидӣ, ҳадафҳои эҷодӣ ва рисолати ҳунарии ӯро  нишон медиҳанд. Мақолаҳои «Дар бораи эҷодиёти нависандагони ҷавон», «Ҳаётро мукаммалтар ва амиқтар нишон диҳем», «Насри ҷавони тоҷик», «Танқиди адабӣ ва масъалаи бадеияти адабиёт», «Мавқеи танқиди адабӣ дар инкишофи адабиёт», «Анъана ва навоварӣ», «Насли сеюм дар майдони эҷод аст», «Гуле, ки дар шеър шукуфтааст» ва ғайра масъалаҳои муҳими ҳаёти адабиро дар матни воқеияти замон ва ҳақиқати зиндагӣ бо маҳаки таърихӣ таҳлил ва арзёбӣ кардаанд.
Таҷрибаи матншиносии  ин донишманд низ барои наслҳо намунаи ибрат ва садоқат ба мероси маънавии миллат аст. Расул Ҳодизода осори Аҳмади Дониш, Рӯдакӣ, баёзи «Адибони Тоҷикистон» (ҳамроҳи Раҳим Ҳошим), «Мухтасари девони Анварӣ, «Ҳикояҳои халқӣ аз «Маснавӣ» ва ғайраро бо сарсуханҳо ва тавзеҳот ба табъ расонд, ки дар матни онҳо хонанда бо лағжише рӯбарӯ намешавад. 
Ҳамчунон ки дар боло ишора кардем, Расул Ҳодизода зодгоҳаш Самарқандро фарзандвор дӯст медошт. Ин муҳаббати ӯ дар бисёре аз навиштаҳояш ошкор аст. Бинобар ин,  яке аз охирин навиштаҳояшро  «Самарқанднома» унвон кард. Тазкираи «Суханварони сайқали рӯйи Замин», ки ҳамроҳи С.Саъдиев таълиф ва нашр намуд, низ гувоҳи садоқат ва самимияти бемонандаш ба ин шаҳри қадима аст. Китоби  «Худоё, худро бишиносам», ки хотироти муаллифро фароҳам овардааст, ёдномаи пурарзишест аз сарнавишти соҳибаш ва робитаи ӯ бо Самарқанд ва аҳли илму фарҳанги он. Гуфтугӯ ва арзёбии муфассалро дар бораи ду китоби охир ба вақти дигар монда, бо зикри байти зерини устод Рӯдакӣ суханамро ба поён мебарам, зеро бовар дорам, ки қаробати маънавӣ ва шинохти комили ин марди фарзона ва фидокори миллат
Марди адабро хирад физояду ҳикмат,
Марди хирадро адаб физояду имон.

Ҷумъақул ҲАМРОЕВ,
доктори илмҳои филологӣ, 
профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: