МАРДИ ХУДОГОҲ

Эҷ деҳаест воқеъ дар бағали қисмати шимолии кӯҳпояи Нурато.

Аз се тараф кӯҳҳо иҳота намуда, самти шимолии он ба дашти Қизилқум пайвастааст. Сеҳри табиати дилнишину дилкаш, ҳавои софу беғубор, оби зулоли чашмаҳо, боғҳои пурдарахту сермеваи деҳа ҳар як бинандаро ба ваҷд меорад.
Аз масҷиди Болои Боғҳо ба самти шимол 60-70 метр  роҳ  паймоед,  ба чашмаи Мурғобак   мерасед. Дар самти ҷанубу ғарбии Мурғобак тақрибан дар масофаи 70-80 метр чашмаи  сардоби Гулибоғ  ҷорӣ мешавад. Оби чашмаҳо боғотро шодоб гардонида, мардумро нӯши ҷон мешаванд. Қаҳрамони мо дар ҳамин маҳаллаи зебоманзар зода шуда ба камол расидааст. 
Падари Раҳим  Раҷабов —  Алимбобо назди мулло таълим гирифта, баъдан омӯзишгоҳи агрономиро хатм намудааст. Бо адабиёти классикӣ хуб ошноӣ дошт. Бештар ҳофизхонӣ намуда, ғазалҳои   зиёди  Ҳофизро  аз  ёд  медонист.
Раҳим  Раҷабов  таълими  миёнаро  дар  мактаби  он  вақтҳо  хеле  овозадори  рақами  №43-юми  ноҳияи  Нурато гирифт. Дар  хона  аз  падар асрори  боғдорӣ  омӯхт.
Солҳои  80-ум дар Афғонистон нооромии шадид идома дошт. Раҳими ҷавонро ба сафи армия  даъват намуданд. То моҳи ноябри соли 1981 дар  шаҳри Ашқободи Туркманистон курси  омодагии ҳарбӣ–ҷангиро гузашт. Аз моҳи  ноябри  соли  1981  то  моҳи  июли  соли  1983  хидмати  аскариро  дар  Афғонистон,  дар  сафи  Қувваҳои  Мусаллаҳи  шӯравӣ  адо  намуд. Ҳангоми  хидмат  дар  зиёда  аз  дусад   амалиёти  ҳарбӣ ва  агитатсионию тарғиботӣ   иштирок  намуд.
Бобои  Алим   низ   иштирокдори   ҷанги  дуюми  ҷаҳон  буд. Нақлу ҳикоятҳои падар доири  амалиётҳои ҷангӣ Раҳимро дар замону макони дигар кор дод. Ҷасуриву  ҳушёрӣ, ҳисси  ифтихори  ватандорӣ Раҳимро тавон бахшид. Вале  ҷанг-ҷанг  аст.
– Ман  дар  ротаи  разветка хидмат  намудаам, – он солҳоро ба ёд оварда мегӯяд  Р. Раҷабов. — Дарёфтем, ки  дар як гӯшаи шаҳри Ҳирот маркази омодасозии ҷангараҳо  амал мекунад. Бо гурӯҳ  рӯ ба рӯ шудем. Ҷанги  шадид ба амал омад. Дар  ин  набард  аз  дасти  рост  ва гарданам  захм  бардоштам. Шукр, зуд шифо ёфта ба иҷрои вазифа баргаштам.
Р. Раҷабов пас аз адои хидмати ҳарбӣ ба зодгоҳаш баргашт. Ӯ ба донишу ҳунаромӯзӣ  шавқи  баланд  дошт. Аввал курси ронандагиро хатм намуда, сипас ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи забон ва  адабиёти руси ДДС супорида, сазовори номи донишҷӯ гардид. Донишгоҳро соли 1990 бомуваффақият хатм намуд.
Фаъолияти  омӯзгориро  дар  таълимгоҳи  зодгоҳаш  мактаби  рақами  43-юм  оғоз намуд. Дар ин  даргоҳи муқаддас чун омӯзгори забон ва адабиёти рус ва таълими ҳарбии тодаъватӣ фаъолияти худро пеш бурд. Байни мардуми  деҳа ва ҷамоаи омӯзгорон обрӯву эътибори хосса пайдо  кард. Имрӯз  ӯ  ифтихор  дорад, ки шогирдони ӯ Лоиқ Алимов ва Ворис Халилов чун сарбозони асил  дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Ӯзбекистон сарбаландона хидмат менамоянд.
Меҳнати  пуршарафи Р. Раҷабов аз ҷониби  давлат  қадршиносӣ гардид. Бо фармони раиси Шӯрои  Олии  СССР бо медали «За  отвагу»  ва бо қарори ҳукумати Афғонистон бо нишони сарисинагии «Ташаккурномаи халқи афғон» мукофотонида шудааст.
Соли 2017 дар арафаи ҷашни истиқлолият  Р. Раҷабов бо  нишони сарисинагии «Аълочии   таълими халқ» сарфароз гардонида шуд. Ҳамон сол дар 55-солагӣ  бо  имтиёз ба нафақа  баромад.
Ислоҳотҳои соҳаи таълим маъмурияти таълимгоҳҳоро водор намуд, ки омӯзгорони соҳибтаҷрибаи  дар нафақа бударо боз ба таълиму тарбия ҷалб намоянд. Маъмурияти мактаби рақами 30-юм  Р.Раҷабовро чун сарвари «Таълими ҳарбии тодаъватӣ» ба кор даъват намуд. Аз ибтидои соли  хониши  2018-2019 фаъолияти омӯзгориро аз нав идома дод.
Барои хуб ба роҳ мондани кори таълиму тарбия аз фанни  «Таълими ҳарбии тодаъватӣ» коргоҳи махсус  ҷудо карда шудааст. Омӯзгор фаъолияти худро аз ҷиҳозонидани коргоҳ оғоз намуд. Коргоҳ мутобиқ ба талаботи стандартии таълим ҷиҳозонида шуд. Р. Раҷабов бо шогирдон, ки дар қисмҳои ҳарбии кишвар фаъолият доранд, робита пайдо намуд. Асбобу анҷоми таълимию тарбиявиро дастрас намуд. 
Дар пештоқи коргоҳи таълими ҳарбии тодаъватӣ   баннери байти машҳури Фирдавсӣ гузошта шудааст.
Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.  
Воқеан, ҳавлии Раҳим Раҷабов бо чашмаи Мурғобак девор дар миён аст. Оби чашма аз мобайни хона ва чорбоғи ӯ мегузарад. Раҳим марди заҳматӣ аст. Анъанаи падарро пос медорад. Дар боғ аз дарахтони себу нок, анҷиру анор, зардолую бодом, пистаю чормағз ҳосили фаровон мегирад. 
– Давоми сол аз бозор картошкаю пиёз, сабзию шалғам, караму булғорӣ ва баҳору тирамоҳ помидору бодиринг  ва дигар меваҳоро намехарам. Онҳо дар ҳамин боғи падарӣ мерӯянд,  – мегӯяд Раҳим.
Омӯзгори соҳибтаҷриба дар муддати кӯтоҳ тавонист ба дили хонандагон роҳ ёбад, дар қалби онҳо шарораҳои ватандорию ватанпарвариро афрӯзад, мақоми худро дар байни ҷамоаи омӯзгорон пайдо  намояд. Раҳим Раҷабов бо замон ҳамнафас, аз вазъи ҷаҳон огоҳ ва худшинос аст. Зиндагиномаи ӯ намунаи ибрат ва лоиқи пайравӣ мебошад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
омӯзгори мактаби рақами 30-юми 
ноҳияи Нурато. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: