МАРДИ НАКӮНОМ

Рӯи олам дидан одам дидан аст,

Неку бадро дар ҷаҳон санҷидан аст.
Ба қарибӣ ба тӯйи тағодухтарам, ки дар маҳаллаи Мунчоқтепаи ноҳияи Қумқӯрғон зиндагӣ дорад, меҳмон шудем, ки ӯ писарчаашро тӯйи хатнасур мекард. Вай моро ба хонае даъват намуд, ки дар пешгаҳи он марди нуронии тахминан 65-70-сола бо либоси сафеду ришу мӯйлаби ба худ зебанда менишаст. Маълум буд, ки зиёрати Каъбаро ба ҷо овардааст. Баъд аз салому алейк ва пурсупоси хешовандону наздикони хонадон маълум гардид, ки он шахси нуронӣ Ҷӯра Ашӯрқулов буд. Аз суҳбати ҳоҷибобо ва наздикон маълум гардид, ки мардуми Мунчоқтепа номи Ҷӯра Ашӯрқуловро бо эҳтиром ба забон меоранд ва аз корҳое, ки барои халқи худ кардааст, хеле мамнунанд. Мардум бесабаб ба ӯ «Ҳоҷии халқ» ном нагузоштаанд. Ягон тӯю маърака бе маслиҳати Ҳоҷибобо намегузарад, мегӯянд мардуми маҳалла.
– Шукри Худои меҳрубон, ки дар Ватани гулгулшукуфони мо – Ӯзбекистони офтобрӯя сулҳу амонӣ пойдор аст, – мегӯяд Ҳоҷибобо. – Мардум осудаанд. Яке бо сохтани 2-3 хонаҳои боҳашамату баландошёна андармону дигаре дар ҳавлии худ 3-4 мошинро қатор мегузорад. Вале инсон бояд кори хайр карданро ҳам фаромӯш накунад. Аз кори хайр касе кам нашудааст. Камина дар айни ҳол дар таги поям мошин ҳам надорам, вале аз зиндагии фақиронаи худ шукрона мекунам.
Ҳоҷӣ Ҷӯра Ашӯрқулов дар яке аз маҷлисҳо, ки маслиҳати роҳро мекарданд, ба майдон баромад ва сангфарш кардани роҳи деҳаро аз ҳисоби худаш ба ӯҳда гирифт. Ба ин васила мардуми Мунчоқтепа аз машаққати роҳ раҳо ёфтанд.
Оби нӯшокии маҳалла шӯр баста ба талаб ҷавоб намедод. Обро аз тарафи дигари роҳи оҳан аз чоҳе кашида оварда ба минора пайваст намуданд, ки ҳамаи хароҷот ба дӯши Ҳоҷибобо буд. Инак, аз соли 2002 инҷониб мардуми Мунчоқтепа бо оби нӯшокии тоза таъминанд.
Ҳоҷӣ Ҷӯра боз ба як кори хайр даст зада мардуми худро хушнуд намуд. Мардуми деҳаҳои гирду атроф, ки аз истгоҳи марказии роҳи оҳани ноҳия хеле дур зиндагӣ мекунанд, аз рафту омад ба шаҳри Тирмиз ё худ Деҳнаву Сариосиё хеле азият мекашиданд. Бояд барои ба қатораи байни шаҳрӣ савор шудан одамон ба маркази ноҳия омада баъд ба поезд савор мешуданд. Ҷӯра-ҳоҷӣ ин мушкили мардумро низ осон намуд. Бо раҳбарони калону хурди роҳи оҳан суҳбат ороста, дар дили онҳо роҳ ёфта, иҷозат гирифт, ки аз ҳисоби худ як истгоҳи кушоди 50-метраи зинапоядор сохта ба истифода супорад. Ин кори хайри ӯ низ сазовори таҳсин мебошад.
Мардуми маҳаллаи Мунчоқтепа, ки аз корҳои хайри Ҳоҷибобо руҳбаланд буданд, боз ба назди ӯ омада барои гузарондани гази табиӣ маслиҳат намуданд.
Мавсуф ин корро низ ба ӯҳда гирифт. Аз ҳисоби худ 200 метр қубури оҳанин сарф намуда, 15 январи соли 2008 гази табииро ба деҳа овард ва сазовори таҳсину офаринҳо гардид. Пеш аз ҳоҷӣ  шудан «Ҳоҷии халқ» ном гирифтани Ҷӯра Ашӯрқулов беҳуда набуд. Марди оқилу накӯном боз аз ҳисоби худ як кӯпруки 30-метра сохта ба истифодаи ҳамдеҳагон супорид.
Ҷӯра-ҳоҷӣ соли 1950 дар деҳаи «Ёлти»-и ноҳияи Шӯрчӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби ҳаштсола таҳсилро дар мактаб-техникуми механизатсия ва мелиоратсияи хоҷагии деҳот идома додааст. Соли 1970 дар комбинати «Сурхон»-и ноҳияи Қумқӯрғон ба кор даромад. Дар он ҷо ҳамчун коргари оддӣ, усто, сарвари сех кор кард. Сехи консерв, сехи истеҳсоли шифер, сехи орд сохт ё дар сохтани онҳо ёрӣ дод.
Фарзандони ӯ Анварҷон, Алишер ва Акрамҷон низ аз қафои падар рафта истодаанд. Онҳо соҳиби маълумоти олӣ ва миёна буда, бо касбу корҳои гуногун шуғл меварзанд. Духтарҳояш Малоҳат дар мактаби рақами 6-и ноҳияи Музработ, Муяссар дар пункти тиббии Мунчоқтепаи ноҳияи Қумқӯрғон ҳамшира шуда кор мекунанд. Мунаввар ба тарбияи фарзандон машғул аст. Ҳоҷибобо ва оилаашон 6 нафар фарзандро бо хулқи накӯ тарбия намуда, хононданд, ки ҳар яке ҳоло барои хидмати халқу Ватан камарбастаанд.
Ҷ. Ашӯрқулов барин мардони саховатпеша кош бисёртар мешуданд. Бояд ҳар як ҳамдеҳаи мо аз чунин мардони накӯном ибрат гирад.

Зайнаб БАХШИҚУЛОВА,
сокини маҳаллаи Дарбанди 
ноҳияи Музработ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: