МАРДОНИ ШУҶОЪ

Имсол мардуми сулҳпарвари ҷаҳон 74-солагии ғалабаро аз болои фашизм ҷашн гирифтанд.

Ин ҷангро дар таърих ҳамто набуд, он тайи шаш сол бештар аз 60 давлати дунёро ба коми оташ кашида буд. Дар ин ҷанг садҳо миллион одамон бе хонаву ҷо, бе парастор монданд. Аммо халқҳои солимфикр даст ба даст дода, ба муқобили ангезандаҳои ҷанг мубориза бурданд.
Агарчи ин ҷанг дур аз сарзамини мо рӯй дода буд, бо даъвати давлату ҳукумати онвақта, аз Ӯзбекистон 1,5 миллион нафар ҷавонмардон ба набард сафарбар шуданд. 
Аз деҳаи мо ҳам бисёр ҷавонмардон ба монанди Умурзоқ Бойматов, Абдуғаффор Абдураззоқов, Сотимбой Қосимов, Ҳусейнбой Шодиев, Исмоил Ёқубов, Раҷаббой Абдуллоев, Раҷаббой Раҳимов, Маҳмудҷон Иброҳимов, Ғаффор Абдуллоев ва дигарон дар ин ҷанги хонумонсӯз мардонагӣ нишон доданд. Бародарон Мирзоҷон ва Маҳмудҷон Эргашевҳо дар майдони набард шаҳид шуданд, бисёре аз онҳо бе ному нишон рафтанд. 
Имрӯз дар деҳаамон ду нафар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон – Нозимбойбобо ва Умарҷонбобо зиндагии бофароғат доранд. Онҳо ҳамеша дар иҳотаи эҳтироми фарзандон, набераю абераҳо ва ҳамдеҳагон мебошанд. Бо ташаббуси сарвари давлатамон соли гузашта соҳиби мошинҳои тамғаи «Дамас» шуданд.

Назирҷон ЭРГАШЕВ, 
деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: