МАРДУМ ВА ҶАМЪИЯТ – ТАШАББУСКОРИ ИСЛОҲОТ ВА ДИГАРГУНИҲО

Ҳоло дар сартосари мамлакатамон корҳои ташвиқотию таблиғотии таҳрири нави Конститутсияи ҷумҳурӣ идома дорад.

Дар ноҳияи Чуст бо ҳамин мақсад таҳти мавзӯи «Бо Конститутсияи халқӣ ба сӯйи давлати халқӣ» чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии таблиғотӣ роҳбари Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ Минҳоҷиддин Мирзо, сиёсатшинос Ҷа-мила Шермуҳамедова ва дигарон дар баромади худ оиди мазмуну моҳияти таҳрири нави Қонуни Асосӣ сухан ронда, ҷи-ҳатҳои манфиатноки онро таъкид намуданд.
— Ба ислоҳот ва тағйироти ҷамъиятӣ мо, шумо ва ҳама масъулем. Ба ин масъала беэътиноӣ нанамуда, ҳар яки мо бояд ташаббускор ва фаъолнокӣ нишон диҳем. Конститутсия аз они ҳамаи мост. Пойдевори ояндаамонро худамон бояд барпо намоем. Умедворам, ки  бахусус, дар чунин ҷараёни сиёсӣ ҷавонон фаъол иштирок менамоянд, — гуфт актёри ҷавон Р. Қодирхонов.
Ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.
Суруду рақсҳои ҷаззоби санъаткорон ба иштироккунандагон кайфияти хуш бахшид.
Меҳмонон қадамҷоҳои муқаддас, аз ҷумла, қабри Чустиро зиёрат карданд.

Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: