МАРДУМИ ДЕҲ АЗ МУЛОҚОТ ХУРСАНД ШУДАНД

Ҳамон рӯз дар майдони зиёратгоҳи «Хоҷаи қулфу занҷиркушо»-и деҳ одамони зиёд гирдиҳам омаданд. Ҳокими ноҳияи Сӯх Фаррух Ӯсаров бо ҷамъи роҳбарони идораҳо бо сокинони деҳ мулоқот кард.

Пеш аз баррасии тафсилоти ин мулоқот ёдовар мешавем, ки деҳаи мо аз се маҳаллаи калон иборат аст. Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои Ҳушёр, Себзор ва Қақир  беш аз ҳашт ҳазор нафар аҳолӣ ба кору зиндагӣ машғуланд. Дар ду боғчаи кӯдакон, ду мактаби таҳсилоти умумӣ ва як мактаби ибтидоӣ ҳазору сад нафар фарзандони мардум ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. 
Дар маркази деҳа биноҳои хонаи маданият ва шӯъбаи почта қад рост кардаанд. Ду мағозаи дуошёна ва наздики даҳ дӯкони савдо дар хизмати мардуми деҳ қарор доранд. Пизишкону ҳамшираҳои шафқати шӯъбаи бемориҳои сироятии Иттиҳодияи тиббии ноҳия ба муоинаву муолиҷаи беморон машғуланд.  
 Дар як бинои дуошёнаи замонавӣ, ки ҳукумат сохтааст ва ба ҳусни деҳ ҳусн зам намудааст, аъзои якчанд оила зиндагӣ мекунанд. Деҳаи мо соҳиби варзишгоҳ низ ҳаст. Дар он мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ барпо мешаванд. Мардум дар бозори аз ҳар нигоҳ муҷаҳҳаз маҳсулоти худро бароварда мефурӯшанд ва маводи мавриди ниёзашонро мехаранд. 
 Хуллас, дар деҳаи мо пешравиҳо зиёданд. Хусусан, дар солҳои касби истиқлол деҳаи Ҳушёри мо, ки ба гуфтаи бостоншиносон таърихи беш аз дуҳазорсола дорад, сол аз сол зебову обод мегардад. Аммо мардуми деҳро солҳост, ки мушкили оби обёриву ошомиданӣ  азият медод. Дар ду-се соли охир аз зери замин тавассути насоси барқӣ ду нуқтаи оби ошомиданӣ кашиданд. Он то андозае эҳтиёҷи мардумро нисбат ба оби ошомиданӣ рафъ намуд. Соли гузашта Вазорати хоҷагии оби ҷумҳурӣ барои аз оби дарё кашидан лӯлаҳои диаметрашон хеле калон кашид. Заминро кофта, ин лӯлаҳоро хобонданд ва тавассути оби он минбаъд майдонҳои кишти зироат обёрӣ хоҳанд шуд.
Дар мулоқоте, ки бо иштироки ҳокими ноҳия ва роҳбарони идораҳо баргузор гардид, бештар масъалаи бо об таъмин шудани аҳолии се маҳалла муҳокима гардид. Мешавад гуфт, ки ҳокими ноҳия зуд-зуд деҳаҳоро давр зада мебарояд, аммо ба зиёратгоҳи «Хоҷаи қулфу занҷиркуҷо»  бори аввал омад ва ин мулоқотро баргузор кард.
– Хеле хурсанд шудам, ки дар ин зиёратгоҳ биноҳои хушсурату замонавӣ сохта шудаанд. Ин ҷо барои намозгузорон низ шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Нақшу нигори биноҳо таваҷҷӯҳи ҳар бинандаро ба худ мекашад. Ростӣ, назири чунин биноро дар деҳаҳои дигари ноҳия кам дучор шудаам, – гуфт Фаррух Ӯсаров.
 Сокини бузургсоли деҳ Мелибойҳоҷӣ Отаев изҳор намуд, ки ҳамаи ин биноҳо бо маблағ ва дастгирии мардуми деҳ сохта шудаанд. Ҳоло  аз чаҳор гӯшаи ноҳия ва вилоят меҳмонон ба зиёрат меоянд. 
Асрҳо боз мардуми деҳ  барои истеъмол ва обёрии ҳазор гектар кишти зироат ва боғу роғ аз оби чашма истифода мекарданд, ки дар нимкилометрӣ аз деҳ воқеъ гаштааст. Аммо оби ин чашмаро ба рӯи мардуми деҳа  ҳамсояҳо бастанд. Бино ба зикри ин мӯйсафед чанд муддат мардум ҷиҳати оби нӯшокӣ ва обёрии заминҳои кишт ба азият рӯ ба рӯ шуданд, дарахтони зиёд аз беобӣ хушкиданд, майдонҳо бе киштукор монданд. 
– Вай афзуд, ки ҳатто чанд муддат одамони мо дар фасли сармо яху барфро об карда хӯрданд. Аз оби он чашма, ки ҳоло мардуми деҳаи Согменти вилояти Боткент моли худ қарор додаанд, мардуми деҳаи фаромарзии Қизилқиёқ бо дуним ҳазор аҳолӣ  низ баҳра мебурданд. 
– Оқибат, ин мушкил ҳаллу фасл гардид. Минбаъд ҳавлиҳои мардум  ва кишти зироату боғи хоҷагиҳои фермерӣ тавассути оби насосҳои пурқувват обёрӣ хоҳанд шуд. Акнун бояд баъзе минтақаҳои роҳҳои дохилии деҳ мумфарш карда шаванд, – ба сӯҳбат пайваст омӯзгори собиқадори деҳ Тӯхтасин Маҳкамов.
Дар мулоқот якчанд масъалаҳои дигар низ дар миён гузошта шуданд, ки ҳаллу фасли он ҳаёти мардумро беш аз пеш хубтару гуворотар месозад. Зимнан ҳокими ноҳия ба роҳбарони идораҳои дигари ноҳия супориш дод, ки бо мардум зуд-зуд мулоқот кунанд, ҳамеша ба ҳарфи мардум гӯш диҳанд, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо чораҳои фаврӣ бинанд.   Дар мулоқот масъалаи бо гази табиӣ таъмин кардани сокинони деҳ низ дар миён гузошта шуд ва дар мавриди ҳалли он сардори идораи гази ноҳия вазифадор гардид.   

Қодирбек АМИРБЕКОВ,
сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи
Ҳушёри ноҳияи Сӯх.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: