Мо дар сайёрае зисту зиндагӣ дорем, ки шоир онро ба сифати «анори Қува», ки метавон дар кафи як даст дошт, таърифу тавсиф намудааст.
Мо дар сайёрае зисту зиндагӣ дорем, ки шоир онро ба сифати «анори Қува», ки метавон дар кафи як даст дошт, таърифу тавсиф намудааст. Замин, об, ҳаво, ҷангалу саҳро, кӯҳу биёбонамон ба ҳамдигар пайвастаанд. Решаашон як аст. Эҳсос гардидани латмаи шамоли як қитъа дар қитъаи дигар, асари ғубори аз қаъри баҳри Арал бархостаро аз тариқи Сибир дар боғҳои Ҷопон дидан далели ин пайвандӣ мебошад. Фарзанди инсон бояд ба Парвардигор шукронаҳои беадад гуфта, дар замин орому осуда, аҳлу тифоқ зиндагӣ кунад, фарзандонашро ба воя расонад, аз худ номи нек, амалҳои нек гузорад, бо корҳои пурсавоб имони худро пок нигоҳ дорад, дар рӯзҳои гарму сард ба якдигар ҳамдилу ҳамроҳ бошад.
Ин неъмати бузургу илоҳии қисмат ба халқу миллатҳои гуногун, ба наслҳои имрӯзу фардо аст. Роҳи дигаре нест. Кӯҳҳои пурвиқореро, ки моро вобаста кардаанд, ҷою мавзеи қуллаҳои баландро дигаргун карда намешавад, маҷрои оби дарёҳоро наметавон дигар кард. Боди вазон мевазад, дарёи равон ҷорист. Суннатҳои маданиву маърифатӣ, милливу динии хоси Шарқи куҳанро наметавон тағйир дод, урфу одатҳоро наметавон дигар кард, анъанаҳои чандинҳазорсоларо наметавон бозсозӣ намуд. Фазилатҳое чун дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягии нек, меҳру оқибат ҳамчун оби равон, бидуни шак, соҳили асливу қадимии худро меёбанд, монеаҳои сунъиро паси сар карда, ҷониби боғҳои некӯӣ мешитобанд. Ҳосили ин боғҳо ба тамаддуни нав, ба зинаи нави пешрафт асос мегарданд.
Мутаассифона, солҳои тӯлонӣ рӯйи ин ҳақиқати кул ва бузургро чангу ғубор гирифт. Ба дӯстӣ ва меҳру муруввате, ки дар осори бузургоне чун Алишери Навоӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абай, Махтумқулӣ, Чингиз Айтматов сурудаву сутуда шудаанд, соя афтод. Мо ба сухани якдигар камтар гӯш додем, дарк накардем, ки аз ҳамдигар, аз решаҳои таърихии худ, аз ҳуввиятҳоямон, ки ҳусну ҷилои тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд, дур мешавем, идрок карда бошем ҳам, ба онҳо эътиборе надодем. Мо бисёр чизҳоро бохтем, ки «бартар аз дидори дӯстон» мебошанд. Ҳамчун пойгачиёни бетаҷриба ба ҷонибҳои гуногун асп рондем ва аз ин хаста нашудем. Хушбахтона, се сол муқаддам ин вазъият бо иродаи неки роҳбарони панҷ давлати ҳамдину ҳамсоя ба хубӣ тағйир ёфт. Дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии панҷ кишвар даврони нав, айёми бедории нав оғоз гардид. Самараи хуби сиёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро бинобар ҳамсоягии нек, меҳру муҳаббат, пойдор сохтани муҳити эътимоди тарафайн, аз нав эҳё кардани робитаҳои маданӣ, илмӣ, иҷтимоиву сиёсие, ки аз имтиҳони солҳову асрҳо гузаштаанд, бо мазмуну муҳтавои нав саршор кардани онҳоро алҳол нафақат дар Ӯзбекистон, балки дар ҳаёти кишварҳои ҳамсоя низ метавон равшан эҳсос кард.
Ҳангоми аз тирезаи самолёти «Боинг», ки аз бандаргоҳи байналмилалии «Тошканд» ҷониби Душанбе – пойтахти Тоҷикистони ҳамсоя парвоз кард, пиряхҳои ҳанӯз қадами инсон нарасида, силсилакӯҳҳои чун сурати аз ҷониби мусаввири моҳир кашидашуда зеборо бо меҳру ҳавас тамошо мекардам, чунин мулоҳизаҳо аз дилам гузаштанд.
Мо як гурӯҳ эҷодкорон бинобар таклифи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба тадбире, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Шоири халқии Ӯзбекистон, устод Эркин Воҳидов бахшида шудааст, ба сафар баромадем. Бояд гуфт, ки робитаҳои байналмилалии эҷодии иттифоқи нависандагони мо алҳол басо хуб ба роҳ монда шудаанд. Ҳамқаламони тоҷикистонӣ, қазоқистонӣ, қирғизистониамон солҳои охир як не, чандин бор ба кишварамон меҳмон шуданд. Дар навбати худ эҷодкорони ӯзбекистонӣ низ борҳо ба шаҳрҳои Душанбе, Бишкек, Ӯш, Алмаато, Нур-Султон сафар карданд. Чорабиниҳои бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти адиби дӯстдоштаи халқамон Мирзо Турсунзода, оқини маърифатпарвар Абай, Махтумқулӣ, Чингиз Айтматов хеле пурмазмун гузаштанд. Ноширонамон асарҳои ин адибони бузургро чоп мекунанд. Бо ташаббус ва иродаи неки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳое, ки дар онҳо пайи қадами бузургону ниёгонамон ҳастанд, аз нав кушода шуданд, монеаҳои сунъӣ бартараф гардиданд. Ба ҷойи «ситод»-ҳо дарвозаҳои дӯстӣ арзи вуҷуд карданд. Аъзои як оила, як авлод, ки солҳои дароз ба дидори якдигар нарасида, дар тӯю маъракаҳои ҳамдигар иштирок карда натавониста, аз дарди пазмонӣ, эҳсоси алам дилхун буданд, ҳамчунин дӯсту ёрон, устоду шогирдон ба дидори ҳам расиданд. Оё он лаҳзаҳои ба дидору васли якдигар расидани онҳоро дар ёд доред? Он замон гӯё сардии ба миён омада анҷом ёфта, рӯзҳои равшан, умедҳои нав, баҳори нав фаро расида буд. Ин лаҳзаҳоро бо сухан, бо кафкӯбӣ наметавон ифода кард, ин хурсандиҳоро метавон танҳо аз сиришки шодии ҷавонон, рақси шукронаи падару модароне, ки дар умри худ бори аввал мерақсиданд, идрок намуд.
Танҳо хешу ақрабо, одамони оддӣ не, балки аҳли маданияту санъат, шоиру нависандагон, арбобони кино ва театр, рассомону ҳофизон низ пазмони якдигар будаанд. Ин аст, ки имрӯз, дар замони озодии нав ҳар як тадбир, ҳар як вохӯрии дӯстона ба ҷашни бародарӣ, ба тантанаи аҳливу тифоқӣ табдил меёбад.
Истиқболи гарми мо аз ҷониби дӯстон – шоиру нависандагони тоҷикистонӣ низ аз ҷумлаи чунин чорабинии самимӣ буд.
Дар ҷамъомади илмиву адабие, ки дар Китобхонаи миллии муҳташами шаҳри Душанбе баргузор шуд, олими шинохта Муртазо Зайниддинзода маърӯза кард ва басо амиқ будани решаҳои иртиботи адабии шоиру нависандагони ӯзбеку тоҷикро махсус таъкид намуд. Мавсуф дар бораи эҷодкороне, ки барои ҳар ду халқи бародар қадрдону азиз мебошанд, ҳарф зад, номи беш аз сад нафар аҳли қаламро ба забон гирифт. Дар бораи нишоллои устод Садриддин Айнӣ, ки дар хонаи Ғафур Ғулом пухтааст, меҳру муҳаббати устод Мирзо Турсунзода нисбат ба халқи ӯзбек сухан низ рафт. Шоҳасарҳое, ки ба мероси маънавии ду адабиёт табдил ёфтаанд, зикр гардиданд. Дар чорабинӣ шеъри «Тоҷик бародаримга» («Ба бародари тоҷикам»)-и Шоири халқии Ӯзбекистон Эркин Воҳидов ба ду забон қироат шуд.
Бар мардумони ҳамхон,
Ду халқи хешу ҳамсон,
Ҳаммазҳабу ҳамимон,
Фарзанд мо, бародар!
Якрешаему яктир,
Тяншанему Помир,
Аз лутфи бахту тақдир,
Якчанд мо, бародар!
Бар Берунӣ, ба Сино,
Бар Ҷомӣ – Пири танҳо,
Бар чун Навоӣ Мавло
Дилбанд мо, бародар!
Ширу шакари мо беш,
Нӯшина з-он ба мо неш,
Чун байти некандеш,
Пайванд мо, бародар...
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, шоир Сайидалӣ Маъмур, олим Масрур Абдулло дар бораи хусусиятҳои ба худ хоси эҷодиёти шоири ӯзбек, тарҷумони бомаҳорат Эркин Воҳидов бо ҳиссу ҳаяҷони зиёд сухан гуфтанд. Донишҷӯён аз ғазалиёти Эркин Воҳидов намунаҳоро қироат карданд. Узви гурӯҳи мо шоир ва тарҷумон Паймон, ҳангоме ки шеърҳои Эркин Воҳидов ва Сироҷиддин Саййидро ба забони тоҷикӣ қироат кард, толор ба ваҷд омад.
Дар шаби назму наво, ки дар бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба вуқӯъ пайваст, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Ато Мирхоҷа шеъри «Дӯстии абадӣ»-ашро хонд, сармуҳаррири рӯзномаи «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати» шоир Салим Ашӯр шеърҳои нави ҳангоми сафар эҷодкардаи худ, аз ҷумла шеъри зеринро қироат кард:
Лутф ба гуфтугӯ як,
Маслаку орзу як,
Иззату обрӯ як,
Нони ба суфра рӯ як,
Ӯзбеку тоҷиконро.
Созу таронаҳо як,
Козаву хонаҳо як,
Киштаву донаҳо як,
Ному нишонаҳо як,
Ӯзбеку тоҷиконро.
Манзилу роҳу кӯ як,
Ранг якеву рӯ як,
Боғ як, оби ҷӯ як,
Булбули нағмагӯ як,
Ӯзбеку тоҷиконро.
Бахт гувор бодо,
Бар хушӣ ёр бодо,
Пур бару бор бодо,
Мисли баҳор бодо,
Ӯзбеку тоҷиконро.
Шеърхониро Паймон ва Ҳасан Ғоиб идома доданд. Сурудҳои ба забонҳои ӯзбекиву тоҷикӣ садодода собит намуданд, ки забон, дил, суруду оҳанг, изҳори меҳру муҳаббат ва орзуву ниятҳои ин ду халқ ба якдигар шабеҳу пайванд мебошанд. Суҳбатҳои мо бо мухлисону ҳаводорони рӯзномаву маҷаллаҳои «Ҷаҳон адабиёти», «Шарқ юлдузи», «Тафаккур», «Ёшлик», «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати» басо мароқангез буданд.
Аз он ки ҳамкорону ҳампешаҳои тоҷикистонии мо як шумораи рӯзномаашон – «Адабиёт ва санъат»-ро ба эҷодкорони ӯзбекистонӣ бахшидаанд, сарамон ба осмон расид.
Рӯзи сеюми сафар моро ба шаҳри Норак ҳидоят карданд. Нерӯгоҳи барқи обии дар ин ҷо бунёдгардида бинобар шаҳомат ва иқтидори худ дар шумори беҳтарин чунин иншооти нодири ҷаҳон қарор дорад. Дар ҳуҷҷатҳои бахшида ба таърихи ин сохтмони бузург дӯстии халқҳо, иқтидори бемисли мардонагиву ҳамҷиҳатӣ ифода ёфтаанд. Сарбанди баландиаш сесад метр чандин миллиард метри мукааб обро нигоҳ медорад.
Дар китобхонаи нодири ин шаҳраки нурофарон дар қатори китобҳои бо соядаст супурдашудаи шоиру адибони маъруфи ҷаҳон мо, аз ҷумла, осори адибони ӯзбек Ҳамид Ғулом, Зулфия, Иброҳим Раҳим, Шуҳрат, Гулчеҳра Нуруллоева ва бисёр дигаронро дидем, ки низ бо соядаст туҳфа кардаанд. Ҳамсафари мо Хуршед Воҳидов ба китобхонаи мазкур китобҳои нави падари бузургвораш, устод Эркин Воҳидовро туҳфа намуд.
Ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии ин кишвар дар Душанбе китобҳои зиёде, ки дар ширкати саҳҳомии табъу нашри «Шарқ», ҳамчунин таҳти рукни «Адиб ва ҷамъият» чоп шудаанд, эҳдо гардид.
Аз Душанбеи зебо ба Хуҷанди бостонӣ парвоз кардем. Дар ин ҷо моро дӯстони эҷодкорамон таҳти сарварии раиси шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод самимона истиқбол карданд, ба ду забон шеъру ғазалҳо қироат шуданд, барои интишори китобҳои нав нақшаҳо пешбинӣ гардиданд...
Ҳангоми бозгашт ба Ватан ҳамроҳи бародарони хуҷандӣ сатрҳои зерини шоир, Қаҳрамони Ӯзбекистон Эркин Воҳидовро тараннум мекардем:
Макру нифоқи ағёр,
Бар дӯши мо бишуд бор.
Растем аз он, ба ду ёр
Монанд мо бародар!
Аҳмадҷон
МЕЛИБОЕВ,
сармуҳаррири маҷаллаи «Ҷаҳон адабиёти».