МАРДУМОНИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГАШ МУШТАРАК

Дар доираи як суҳбати мизи мудаввар мавзӯи «Ҷойгоҳи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар фазои ягонаи таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ» ба таври весеъ ва доманфарох баррасӣ гардид.

Ин суҳбат бо ташаббуси Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ дар Ӯзбекистон ва Пажӯҳишгоҳи таърихи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ташкил карда шуд. 
Дар суҳбат қайд гардид, ки ду кишвари ҳамҷаворро таърихи тӯлонии равобити фарҳангиву таърихӣ бо ҳам васл мекунад. Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамкориҳои башардӯстона ва фарҳангӣ, ки ҷузъи муҳими муколамаи тамаддунии халқҳои Осиёи Марказӣ мебошад, саҳми арзанда мегузоранд. 
– Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ду давлати Осиёи Марказӣ мебошанд, ки таърихан муҳимтарин ҳалқаи Роҳи бузурги абрешим маҳсуб меёфтанд. Ғайр аз он, ки дар чорроҳаи асосии тиҷорати ҷаҳонӣ қарор доштанд, инчунин аз қадим дар раванди таъсири мутақобилаи фарҳангу тамаддунҳо мавқеи муҳимро ишғол карда меоянд, – гуфт Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Ба гуфтаи Мурод Зикруллоев, ноиби мудири Осорхонаи давлатии Хотираи қурбониёни қатлиоми Ӯзбекистон баргузории чорабиниҳои муҳими муштараки байналмилалӣ дар чунин шакл имкон медиҳад, ки миёни коршиносони ду кишвар табодули ошкоро ва созандаи афкор сурат гирад ва ҷиҳати таҳкими робитаҳои илмию фарҳангии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мусоидат намояд.
– Халқҳои мо таърихи муштарак доранд ва тӯли асрҳо дар фазои ягонаи таърихию фарҳангӣ зиндагӣ мекунанд. Имрӯз ба шарофати иродаи устувори сиёсӣ ва сиёсати хирадмандонаи раҳбарони ду кишвари ҳамҷавору дӯст — Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон равобити ду ҷумҳурӣ ба сатҳи беназиру бесобиқа расидааст,–изҳор кард Зикруллоев.
Гуфта шуд, агар дар ин самт дар баробари ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, ба татбиқи тадбирҳои самарабахши таҳкими эътимоди байни кишварҳо низ афзалият дода шавад, натиҷаҳои босамар ба бор хоҳад овард. 
– Давлатҳо ва ҳатто бештар аз он ҳамсояҳои наздик ба мисли Тоҷикистону Ӯзбекистон наметавонанд дар алоҳидагӣ, бидуни дӯстӣ ва ҳамкории мутақобила рушд кунанд. Охир, мо аз замонҳои қадим дар як сарзамин зиндагӣ мекунем. Дар ин сарзамин ҳамсояҳои нек аз рӯи ҳар масъала бо ҳам маслиҳат мекунанд, доир ба мавзӯъҳои муҳимтарини ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ табодули назар менамоянд, – гуфт мудири Маркази тадқиқоти геополитикии Донишгоҳи Русия – Тоҷикистон, профессор Гӯзал Майтдинова.
Ба ақидаи иштирокчиёни суҳбати мизи мудаввар ҷои шубҳа нест, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ бо ҳамкориҳои наздику пурсамар ва ҳамзистии халқҳои тоҷику ӯзбек аз ҳарвақта дида нақши бузург хоҳанд бозид. Зикр гардид, ки тоҷикон ҳамон як қавми бумии Ӯзбекистони имрӯза ҳастанд ва ӯзбекҳо низ сокинони бумии Тоҷикистон будаву мебошанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: