МАРГИ СОҲИБДИЛ

Ё худ дар сӯгвории барандаи мукофоти миллии «Олтин қалам», ду карат дорандаи дараҷаи якуми ордени «Шараф», соҳиби ордени «Дӯстӣ» Аваз Йӯлдош.

Ману акаи ягонаи Аваз – Неъматулло ваъдагӣ будем, ки даҳуми феврали соли равон дар маъракаи соли Саттор Турсун иштирок намуда (дар ҷанозаи нависанда низ ҳамроҳ будем) бозгашт бо Аваз ҳамроҳ меоем. Афсӯс, дареғу дард, ин хел нашуд. Баръакс, он рӯз хабари марги нобаҳангоми Аваз Йӯлдош ба сари ҳама рафиқону пайвандон, аҳли деҳа бори ғусса овард. Аҷаб тасодуфҳои гарону сангин: рӯзи маросими соли устодаш, амаки решапайвандаш Саттор Турсун ба хоки носераму ҳарис супурда шуд Аваз...
Аслан талафоти гароне шуд марги се марди нотакрори фарҳангӣ аз деҳа, ки номбардори миллат буданд дар дуриҳои дур (Саттор Турсун, Аваз Йӯлдош, Эркин Муқим). Ин ҷудоӣ, хусусан, барои ман сангину вазнин буд. Банда бо ҳар се нафар пайваста дар суҳбату мусоҳибаю мунозираҳои адабию фарҳангӣ будем. Имрӯз қариб танҳоем дар майдони мубоҳисаҳои адабӣ...
Бояд гуфт, Аваз Йӯлдошу Эркини Муқим (Шоҳид) то хатми мактаб дар як синф, дар як парта нишаста, мактаби миёнаро бо медали тилло хатм намуда, боз ҳар ду таҳсилро дар якҷоягӣ дар гурӯҳи журналистии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон давом дода, ҳамроҳ хатм намудаанд.
Даҳуми октябри соли сипарӣ ба муносибати аъзои Академияи фахрии Тӯрон гардидани марди маҳфилорову фавқуззикр Адҳам Сафар дар бинои мактаби президентии ноҳияи Сариосиё бо ташаббуси ҳокимияти ноҳия ҷамъомади бошукӯҳе баргузор гардид. Дар он аз ноҳияи Бойсун банда, Неъмат Йӯлдош, Шароф Карим ва шодравон Аваз Йӯлдош даъватӣ будем. Баъди суханронии ҳокими ноҳияи Сариосиё садри маҷлис сухани табрикиро аз номи намояндагони Тоҷикистон ба Аваз Йӯлдош дод. Он рӯз ӯ бо салобати хоса чун пайвандгари дӯстии халқҳои бародар – ӯзбеку тоҷик як баромади пурмазмуне кард, ки ба тамоми меҳмонони дуру пеш хуш омад.
Шодбошиҳои мардуми Тоҷикистонро аз сиёсати оқилонаи сарони кишварҳо Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси қаноатмандӣ иброз медошт. Баъди анҷоми ҷамъомад сари як пиёла чой дар хонаи соҳибҷашн суҳбати мо хеле гарму ҷӯшон буд, атрофи адабиёту шеъру шоирӣ. Бо фахр ёд мекард аз муаллимони айёми мактабиаш. Хусусан, аз муаллими адабиёташ Салим Атоев. Бисёр афсӯс мехӯрд, ки аз китоби хотироти интишоршуда «Дар ёди падар» бехабар мондааст. Ӯ меафзуд, бисёр гуфтаниҳое доштааст, чун арзи сипос нисбати муаллими адабиёташ. Баъди зиёфат ман, Неъматуллоака ва Аҳмадҳоҷӣ шодравон Авазро то сарҳади Тоҷикистон гусел кардем. 
Дар вақтҳои нобасомонии мамлакати ҳамсоя низ ба ҷое фирор накард, баръакс вазъи сиёсии минтақаро чун журналисти таҳлилкор ба воситаи расонаҳои ахбор холисона баррасӣ намуд.
Ӯ таҷрибаи кориро пеш аз ҳама ҳангоми  кор дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» («Тоҷикистони Советӣ») таҳти раҳнамоии устоди сахтгиру ҳалолкор Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев омӯхта буд. Аз ин рӯ, ҳамеша зери назорати ҳукумат буд ва вазифаҳои баланду муҳими давлатиро бо боварии комил ба ӯ месупориданд ва аз ӯҳдаи ҳамааш садоқатмандона мебаромад.
Ӯ аз рӯйи вазифаи журналистӣ барои таҷрибаомӯзию сафарҳои корӣ дар мамлакатҳои Туркия, Афғонистон, Амрико, Венгрия, Покистон шуда дар муносибатҳои байниҳамдигарии давлатҳо ҳиссаи арзанда гузоштааст. Чун васлгари дӯстии халқҳо дар сафи пеш буд.
Вақте ки раиси Созмони Милали Муттаҳида Кофи Анан ба Тоҷикистон сафар намуда, аз кӯли Сарез дидан мекунад, Аваз Йӯлдош дар ҳамроҳӣ бо гуруҳи корӣ барои ҳалли холисонаи масъалаҳои атрофи кӯл ҳамчун намоянда фаъол иштирок менамояд.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми сафари дӯстонааш дар Тоҷикистон рафти ҷамъомади тантанавӣ дар шаҳри Хуҷанд соли 2022 махсус аз хидматҳои шоёни Аваз Йӯлдош дар таҳкими дӯстии халқҳо ёдовар шуда, бо мукофоти «Олтин қалам»сарфароз гардонида шуданашро эълон менамояд. Бояд гуфт, он рӯз сарвари давлат боз номи як марди фозилу оқил, собиқ вазири таълими олӣ Абдуқодир Тошқуловро бо некӣ ба забон овард, ки ҳамдеҳаи Аваз Йӯлдош мебошад. Ҳарду ҳам зодаю парвардаи деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсун мебошанд.
Хидматҳои фидокоронаи Аваз Йӯлдош аз тарафи ҳукумати ҳар ду давлати бо ҳам дӯсту бародар қадр шудааст. Аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ордени дараҷаи якуми «Шараф» ва худи ҳамон сол бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонида шудааст.  
Аваз вақтҳои охир дар парастишу нигоҳубинии махсуси акаи ягонааш Неъматулло ва ҷиянҳои ҳимматпешаи меҳрубонаш Ҷӯрабеку Ҷонибек буд. Ҳама шароит фароҳам оварда буданд, дар шаҳри Тирмиз, зеро ин ҷо ба саломатию кайфияташ мусоиду мувофиқ буд. Аммо гурги аҷал марди соҳибдилро аз дасти онҳо бо сад ҳила рабуд.

Салом АТОЕВ,
омӯзгори тоифаи олии мактаби рақами 5-уми 
ноҳияи Бойсуни 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: