МАЪРИФАТ АЛАЙҲИ ҶАҲОЛАТ

Маърифат вожаи арабӣ буда, маънои илму дониш, дарки воқеият ба воситаи ҳис, шинохти чигунагии олам, омӯзишу парвариш, таълиму тарбия мебошад.

Ҷаҳолат низ калимаи арабӣ буда, маъноҳои нодонӣ, бехабарӣ ва ғафлатро дорад.
Мафҳумҳои маърифат ва ҷаҳолат аз қадим бо ҳам муқобил буда, маърифат башариятро ба омӯхтан, таълиму тарбия ҳидоят намуда, аз нодонию ғафлат худдорӣ карданро талқин менамояд.  Соҳибмаърифат будани фарзандон дар гузашта ва имрӯз ҳамчун орзуи ягонаи волидайн, давлату ҷомеа боқӣ хоҳад монд.
Мавзӯи мубориза алайҳи ҷаҳолат бо маърифат имрӯзҳо дар маркази диққати аҳли ҷомеа қарор гирифтааст. Зеро мо дар замони басо пуршиддату пуртаҳлука, фарогири ғояю ҷараёнҳои гуногун ва таҳдидҳои маънавӣ умр ба сар мебарем. Аз ин хотир моро зарур аст, ки ҳушёрию огоҳиро аз даст надода, танҳо тавассути аслиҳаи ягона – «маърифат алайҳи ҷаҳолат» муборизаи беамон барем.
Хушбахтона, дар мамлакати соҳибистиқлолу навбунёди мо баҳри соҳиби илму маърифат гардидани мардум шароити мусоид муҳайё карда шудааст. Исботи фикрҳои хешро дар мисоли кӯдакистонҳо, муассисаҳои таълимии умумӣ, донишкадаву донишгоҳҳо ва марказҳои илмию тадқиқотӣ баръало хоҳем дид. Ин ҷо, бахусус, заҳматҳои устодони илму маърифатро дар роҳи босавод намудани насли наврас ва ҷавонон дар алоҳидагӣ бояд таъкид намуд. Чунки танҳо шахси соҳибмаърифат метавонад ҷомеаро аз гумроҳию ғафлат ва нестшавӣ наҷот бидиҳад.
Бояд қайд намуд, ки Нахустпрезиденти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дар китоби пурмуҳтавои хеш «Маънавияти воло – нерӯи мағлубнопазир» айнан ғояи «алайҳи ҷаҳолат бо маърифат» мубориза бурданро хотиррасон намуда буд.
Бо ин мақсад чанде пеш таҳти шиори «Маърифат алайҳи ҷаҳолат» дар мактаби таълимоти ҳамагонии рақами 56 бо ташаббуси ҷонишини директор оид ба корҳои маънавӣ ва маърифӣ Сурайё Хӯҷаева ва омӯзгори забону адабиёти тоҷик Дилфуза Маҳмараҳимова озмунҳои иншои беҳтарин, рассомони ҷавон бо роҳбарии муаллимаи санъати тасвирӣ Саодат Хӯҷаева баргузор гардид.
Ёдрас менамоем, ки иншоҳои эҷоднамудаи шогирдон Юлдуз Иброҳимова, Шабнам Рафиқова, Сабрина Мақсадова, Шаъбона Ёқубова, амали рассомии Гулсевар Хуррамова беҳтарин дониста шуданд. Шогирди синфи XI таълимгоҳи мазкур Юлдуз Иброҳимова ва шогирди синфи VIII Гулсевар Хуррамова ғолиби озмуни номбурда дониста шуда, барои иштирок дар озмуни ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
Гузаронидани чунин озмуну чорабиниҳои муфид баҳри ғанӣ гардонидани мафкураи шогирдон хидмат менамояд.

Юнус МАҚСАДОВ, 
омӯзгори мактаби рақами 56,
ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: