МАЪРИФАТ – АСЛИҲА БАРОИ МУБОРИЗА БО ҶАҲОЛАТ

25-26 декабр дар шаҳри Қаршӣ таҳти унвони “Алломае, ки ба муқобили ҷаҳолат бо маърифат мубориза бурдааст” конфронси байналхалқии илмӣ-амалӣ баргузор шуд.

Конфронс бо ташаббуси Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Маркази тамаддуни исломӣ ва дар ҳамдастӣ бо ҳокимияти вилояти Қашқадарё ба вуқӯъ пайваст. Он баррасии ҳаёт ва фаъолияти аллома Абулмуини Насафиро дар меҳвари баҳсу мунозираҳои иштирокчиёни конфронс қарор дод. 
Дар ин чорабинӣ аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Туркия, Бангладеш ва Миср як гурӯҳ олимону пажӯҳишгарон, устодону омӯзгорони донишгоҳҳо ва коллеҷу литсейҳо, мактабҳои таълимоти умумӣ ва хабарнигорони дохиливу хориҷӣ даъват шуда буданд.
Дар маросими ифтитоҳи конфронс ҳокими вилояти Қашқадарё Зоир Мирзоев меҳмононро хайрамақдам гуфт ва барои ширкаташон арзи сипос кард. Вай афзуд, ки дар қаламрави ин вилоят олимону фозилон ва муҳаддисону маърифатпарварони зиёд зодаву парварда шудаанд, ки аксари онҳо дар пешрафти тамаддуну фарҳанги ҷаҳонӣ нақши муассир бозидаанд.
– Хоссатан, дар шаҳри Насаф илму фан ҳамеша рушду ривоҷ ёфтааст. Дар феҳрасти уламову фузало бештар аз 180 нафар насафиён ба қайд гирифта шудаанд, ки аз симоҳои барҷаста ва маъруф муаррифӣ шудаанд. Аллома Абулмуини Насафӣ аз ҳамин зумра мебошад, ки тариқати Мотурудиро пайравӣ ва тарғиб кардааст, – изҳор намуд Зоир Мирзоев.
Ба таъкиди ҳокими вилояти Қашқадарё як идда олимон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти алломаҳое корҳои пажӯҳишӣ пиёда мекунанд, ки маҳз дар Насаф ва шаҳру рустоҳои дигари Қашқадарё  ба дунё омадаанд.
Раиси Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов гуфт, ки 12 декабри соли 2018 Ассамблеяи генералии СММ дар иҷлосияи умумии худ қатъномаи вижаи “Маърифат ва кушодадилии динӣ”-ро қабул кард, ки ташаббускори он Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев мебошад. Дар иҷлосияи мазкур боз гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои охир перомуни омӯзиши мероси алломаҳои Шарқ ва бузургони тамаддуни олам, аз ҷумла, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Мотуридӣ, Бурҳонуддин Марғинонӣ ва чеҳраҳои намоёни маънавият ва маърифат, тарғиби мероси онҳо корҳои шоистаеро пиёда менамояд.
Баъд вай эълон кард, ки таҳти унвони “Шамшери ҳақиқат” як филми мустанад ба намоиш гузошта мешавад, ки эҷодкорони он ба шакли мухтасар давраи кӯдакӣ, ҷавонӣ ва бузургсолии Абулмуини Насафӣ, таҳсили вай дар Самарқанду Бухороро баррасӣ кардаанд. Ба гуфтаи Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов чунин унвон гирифтани филми мустанад бесабаб нест. Зеро Абулмуини Насафӣ дар даврони зиндагӣ ва баъд аз он низ ба номи “Шамшери ҳақиқат” хеле шуҳрат пайдо кардааст.
Баъди тамошои ин филм Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов гуфт, ки бо дастури сарвари мамлакат дар ноҳияи Қаршии вилояти Қашқадарё ду сол муқаддам бунёди маҷмӯаи меъмории Абулмӯини Насафӣ ва тармими куллии мақбараи ӯ тарҳрезӣ гардид. Дар муддати кӯтоҳ корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Ду сол аст, ки ин маҷмӯа ба сифати яке аз зиёратгоҳҳои мӯътабари сайёҳони дохиливу хориҷӣ пазируфта шудааст. 
Дарвоқеъ, зимни боздид аз ин маҷмӯаи меъморӣ иштирокчиёни конфронс ба ин гуфтаҳо эътимод ҳосил карданд. Дар паҳлӯи  маҷмӯа барои 500 нафар намозгузорон масҷиди пурнақшу нигор, ҳамчунин китобхона, осорхона, чойхона, биноҳои маъмуриву маишӣ сохтаанд, ки ҳусни маҷмӯаро хеле афзудаанд.
Роҳбари Маркази тамаддуни исломӣ Шоазим Минаваров доир ба ҳаёт ва фаъолияти аллома Насафӣ сухан ронда, таъкид кард, ки соли таваллуди донишманди ҳанафимазҳаб Абулмӯини Насафӣ дақиқ нашудааст. Аммо соли вафоташро  508-и ҳиҷрӣ ё баробари соли 1114-и милодӣ муқаррар кардаанд. Вай  китобу рисолаҳои зиёд таълиф намудааст. Аз ҷумла, “Шарҳи усулҳои дин тибқи далелҳои тариқати Абулмансури Мотурудӣ”, “Муқаддимаи қоидаҳои тавҳид”, “Баҳри сухан” ва амсоли он дар миёни олимону фозилони он давра ва баъдан мавриди омӯзишу тарғиб қарор гирифтаанд.
Алӣ Саъд бинни Алӣ Саъд, профессори яке аз донишгоҳҳои Миср гуфт, ки дар илми калом Абулмӯини Насафӣ устод будааст ва сифатҳои беҳтарини инсониро низ дар худ доштааст.
– Ин зодаи Насаф, ки аз мазҳаби Ҳанафия пайравӣ кардааст, мавҷудияти Аллоҳро бо далоили раднашаванда ба одамони гумроҳу каҷраву каҷбин исбот карда додааст. Месазад, ки ин гуна чеҳраҳои илму ирфону маънавият ба мардуми тамоми олам муаррифӣ карда шаванд, – таъкид кард Алӣ Саъд бинни Алӣ Саъд. 
Дар ин замина аз тарафи иштирокчиёни конфронси байналхалқии илмӣ-амалӣ гуфта шуд, ки  мероси ғании Абӯмансури Мотурудӣ, Абулмӯини Насафӣ, Умари Насафӣ, Абӯҳафси Кабир, Имом Бухорӣ ва як идда уламову фузало тарғибу ташвиқ шаванд, то ки ҷавонон ба гумроҳӣ нараванд, бо гаравидан ба ақидаҳои ботил мавриди сайди ифротгароёни дур аз дину инсоф қарор нагиранд.
– Тамоми ҷаҳолату гумроҳӣ аз бемаърифатӣ маншаъ мегирад. Ман мехостам, ки ҳамин маъниро ҷавонони кишвари мо дарк кунанд. Банда солҳои зиёд боз ба омӯзиши мероси алломаҳои зиёд машғул ҳастам. Мо мардуми баландтолеъ будаем, ки чунин алломаҳо дар ин сарзамин зодаву парварда шудаанд. Самарқанду Бухоро, Шошу Марғелон аз зумраи ҳамин гуна шаҳрҳо ба шумор мераванд, ки зодгоҳи машҳуртарин шахсиятҳои рӯи олам мебошанд, – гуфт профессор Убайдулло Увватов.
Вай афзуд, ки як замонҳо ақидаҳои нодуруст ва равияҳои ноҷоя арзи вуҷуд кардаанд, ки аз ғализии он як қисми одамон ба кӯчаи гумроҳӣ ворид шудаанд ва аз ислом дур шудаанд. Барои ҳамин Абулмуини Насафӣ хостааст, ки алайҳи ин иллатҳо бо маърифат мубориза барад ва дар ин ҷода хеле муваффақ низ шудааст. 
Ба гуфтаи Шайх Абдулазиз Мансур дар айни замон гурӯҳҳои зиёди ифротӣ фаъол шудаанд. Аъзои ин гурӯҳҳо ҳатто аз уламо айб меҷӯянд ва онҳоро куфр эълон мекунанд. Мутаассифона, иддае аз ҷавонон ба далели гумроҳӣ ба ин гуна гурӯҳҳо мепайванданд ва ба кӯчаҳои сарбаста дохил мешаванд.
– Мо – уламову фузалои даврро лозим меояд, ки алайҳи ин иллатҳо сахт мубориза барем. Ифротгароён тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ шахсиятҳоеро наҳ заданӣ мешаванд, ки дар чаҳор гӯшаи олам маъруфу машҳуранд. Аркон, яъне сутуни имони мо бояд мустаҳкам бошад ва ҷавононро низ дар ҳамин росто бояд тарбия кунем. Ҳар як гунаҳкорро наметавон кофир хонд ва дуруст нест. Қазовати гуноҳҳои бандагонаш танҳо дар дасти Парвардигори мост, – гуфт Шайх Абдулазиз Мансур.
Дар конфронс Иброҳим Гемиҷӣ (Туркия), Аширбек Мӯъминов (Қазоқистон), Озод Мелибоев ва Илҳомҷон Юсуфов (Тоҷикистон), Бегиҷон Аҳмедов (Қирғизистон), Эргашҷон Даминов ва Музаффар Комилов (Ӯзбекистон) баромад карда, перомуни ҳаёт ва осори Абулмуини Насафӣ маълумотҳо доданд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”. 

ТОШКАНД-ҚАРШӢ-ТОШКАНД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: