Мактаби ҳамагонии рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд садсола шуд. Воқеан, таълимгоҳи мазкур ҳақ дорад, ки бо ин санаи таърихии пурарзиш биболад.
Мактаб соли 1919 барои маҳви бесаводӣ дар яке аз ҳуҷраҳои масҷиди ҷомеи Хоҷа Аҳрори Валӣ фаъолияти хешро оғоз намудааст. Дар ҳамон вақт ҳамагӣ ду-се нафар муаллим ва қариб 20 нафар толибилм дошту халос. Мактаби нави ҷадидӣ нахуст ба ҳафтсола, сипас даҳсола табдил ёфт. Бо гузашти айём дар деҳаи Ӯрташайх барои мактаб бинои нав қад афрохт. Аз сабаби афзудани хонандагон дар оғози солҳои 70-уми асри сипаришуда мактаб ба бинои дуқабатаи хушсохти зебо, замонавӣ соҳиб гашт.
– Агар хотираам фиреб надиҳад, – мегӯяд яке аз устодони куҳансол Абдуфаттоҳ Қаҳҳорӣ, ки собиқаи меҳнатии 48-сола дорад, – дар 60-70 соли охир ба таълимгоҳи мо М. Рауфова, С. Нарзиев, Р. Баҳриев, Ҳ. Айюбов, Н. Маҳмудов, С. Аҳророва (Худо раҳмат кунад!), С. Ғаниева, А. Маъруфӣ, З. Салоҳова ва дигарон сарварӣ кардаанд. Ҷаъфар Ҳодизода (падари адабиётшиноси маъруф Расул Ҳодизода), Энвер Рубинов, Бердӣ Ҳамроев, Анастасия Иванова, Александра Болшакова, Неъматҷон Шарифов, Барно Исмоилова, Солеҳҷон Шодиев, Азиз Остонақулов, Адаш Пӯлодов ва даҳҳо дигар омӯзгорон барои таълиму тарбияи насли наврас саҳми муносиб гузоштанд. Шогирдони онҳо дар соҳаҳои гуногун пурсамар меҳнат карда, номи мактабро на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар Тоҷикистон низ машҳур намуданд.
Мактаб бисёр соҳибони қаламро ба камол расонд. Дар байни онҳо шоиру нависандагоне чун устод Шодон Ҳаниф, Ҳамроқул Шодиқулов, Хуршед Қамар, Амриддин Ҷалолов, Маннон Розиқов (равонашон шод бод!), адибони маъруфи муосир Адаш Истад, Ҳаёт Неъмат, Нормурод Каримзода, Бахтиёри Ҷумъа, Мирсафо Камолӣ ва дигарон мебошанд, ки номаи камолро аз ин таълимгоҳ гирифтаанд. Инчунин, профессори Донишгоҳи давлатии Маскав Холмурод Ҳасанов, проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Аҳмадҷон Солеев, устоди Донишкадаи Торонто (Канада) Тоҳир Шодиев, корманди илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Новосибирск (Русия), доктори илмҳои физика-математика Тоҳир Ҳасанов, академик-мусаввир Аслиддин Исоев ва даҳҳо нафари дигар гули сари сабади ҷамъият ҳастанд.
Ҳоло 65-то дарсхона, толори варзиш, ошхона, китобхона ба ихтиёри хонандагон аст. Ба 2 ҳазору 65 нафар толибилмон беш аз 110 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба дарс медиҳанд.
– Дар ду соли охир сарвари давлатамон барои куллан тағйир ёфтани ҷараёни таълим ва ба андозаи байналхалқӣ расидани он якчанд қарору фармон қабул кардааст, ки ба дастури мо табдил ёфт. Аз ҳама муҳимаш, маоши мо афзуд ва барои нафақахӯрон имтиёзҳои калон дода шуд. Акнун онҳо ҳам нафақа ва ҳам маош мегиранд. Ҳатто муаллимон ба тарзи имтиёзнок метавонанд соҳиби манзил, нақлиёт ва кредит шаванд. Мо ҷавобан ба чунин ғамхорӣ дучанд меҳнат мекунем. Ғайрату ҷоннисории муаллимон аст, ки якбора шаш нафар хонандагон дар олимпиадаи ноҳиявӣ соҳиби ҷойи аввал шуданд. Замоне мактаби мо на танҳо дар Самарқанд, инчунин собиқ иттиҳоди шӯравӣ шуҳрати калон дошт. Се сол пеш дар Ӯзбекистон ҳамчун таълимгоҳи ободу зебо ба ҷойи аввал соҳиб гашта буд, – гуфт директори мактаб Дилсора Юсуфова.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.