МАЪРИФАТИ ИСЛОМ – АСЛИҲАИ БУЗУРГ

Дар китоби «Давлатҳои дунё» Ӯзбекистон чун давлати мусулмонӣ сабт шудааст.

Оре, қисми асосии аҳолии ҷумҳурии мо худро мусулмон меҳисобанд. Вале давлат аз дин ҷудост. Ба ин ё он дину мазҳаб эътиқод кардан ё накардан дар ихтиёри ҳар як шаҳрванд, ки таҳти ҳимояи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дошта, ҳуқуқ ва озодиҳояш муҳофизат карда мешаванд. Аз ин нигоҳ Ӯзбекистон мамлакати дунёвист. Навъе раиси Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Федерик Старр дар яке аз баромадҳои худ таъкид сохта, ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон манфиати тамоми ҷомеаро ҳимоя менамояд, шаҳрвандон ба диндорону ғайридинҳо, мусулмон ва намояндагони эътиқодҳои дигар ҷудо карда намешаванд, бад-ин маънӣ метавон дар ин кишвар ташаккул ёфтани «эътидоли нодири динӣ»-ро эътироф намуд.
Навъе ба ҳамаамон маълум, баъди ба истиқлолият даст ёфтани мамлакатамон муносибатҳо ба эътиқод тағйир ёфта, бобати барқарор намудани арзишҳои милливу динӣ корҳои шоён ба амал бароварда шуданд. Вале мураккабӣ дар масъалаҳои динӣ ба назар мерасид. Бебаҳрагӣ аз маърифати исломӣ ба тавлиди каҷназарӣ ва нодурустфаҳмиҳо сабаб мегашт. Аз ногувориҳое, ки ба амал омаданд, қувваҳои нопок ва зишт чӣ дар дохили мамлакат ва чӣ берун аз он истифода бурдан хостанд. Онҳо, дар навбати аввал, ҷавононамонро, ки таҷрибаи кофии ҳаётӣ надоранд, саргум сохта ва ба доми худ кашиданд. Ба макри онҳо фирефта шуда, чӣ қадар ҳамватанҳои мо гумроҳ ва бинобар бебаҳрагӣ аз маърифати аҷдодӣ ба ботлоқи ҷаҳолат ғӯтиданд.
Президентамон Шавкат Мирзиёев дар давраи нави таърихӣ дар роҳи рушду ривоҷи маърифати исломӣ ва раҳоӣ аз нодурустандешиҳо дар масъалаҳои динӣ ташаббусҳои бузург нишон дод. Корҳое, ки ба хотири таъмини тозагии дин ва ҳифзи ормонҳои мусулмонони ҳақиқӣ пеш бурда мешаванд, ба мардуми мо, ки бо ҷадҳои бузургашон мефахранд, мамнуният мебахшанд. Роҳбари давлатамон таъкид сохт, барои даст ёфтан ба исломи ҳақиқӣ мо бояд асарҳои дар шакл ва навъ гуногуни бузургмардони олами хирад ва ситораҳои тобнок дар осмони маънавиятамон, аз ҷумлаи Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Бурҳониддин Марғинонӣ, Абӯҳафзи Кабир ва дигаронро амиқтар фаро гирем. Яъне, яке аз роҳҳои наҷот аз балои нодонӣ ва ҷаҳолат ва муваффақ шудан ба маърифати исломӣ омӯзиш аст. Барои омӯзиш бошад, дар мо кулли шароитҳо фароҳаманд. Барои он ки моҳияти аслии исломро сарфаҳм равем, бояд китоб хонем – ба алломаҳои бузургамон, ки ғояҳои нек ва оинҳои инсонпарваронаро дар тамоми дунё паҳн намудаанд, рӯй оварем.
Як вақтҳо бо номи соҳибхирадоне, ки номашон сабт гашт, олами мусулмонии Шарқ фахр менамуд. Мотрудию Баҳоваддин Нақшбанд ва даҳҳо муфассиру фақеҳони бузурги дигаре, ки аз сарзамини мо баромадаанд, дар тамоми дунё машҳуранд. Манзилу макони онҳо имрӯз зиёратгоҳи муқаддас. Вале қисме аз зиёратгароне, ки аз хориҷ меоянд, имкон надоранд қадамҷои ҳар яки онҳоро, ки дар гӯшаю канор, нуқтаҳои гуногуни мамлакати мо ҷойгиранд, зиёрат намоянд. Бо андешаи кӯмак ба онҳо дар масъалаи шиносоӣ бо осори алломаҳои бузург Маркази тамаддуни исломӣ дар пойтахти мамлакати мо барпо мегардад.
Барои маркази мазкур, ки дар  шафати маҷмӯи Ҳазрати Имом (Ҳастиимом) ҷойгир шуда, наздик 10 гектар замин ҷудо гардидааст. Мақсад ва муддао аз барпои Маркази тамаддуни исломӣ бароямон маълум: тарғиб намудани саҳми калони алломаҳои бузурги мо барои рушду ривоҷи ислом, ба таърих ва мероси маънавиамон ҷалб намудани эътибори халқҳои дунё. Ҳанӯз 1 сентябри соли сипаришуда – рӯзи Иди қурбон сарвари мамлакати мо ба маҷмӯи Ҳазрати Имом ташриф оварда, дар бораи мақсад ва вазифаҳои Маркази тамаддуни исломӣ сухан ронда буд. Вай, аз ҷумла, таъкид сохт, мурод аз барпои марказ тарғиби ғояҳои исломӣ ва тавассути дин, ки дар он ростию дурустӣ акс ёфта, ба таълиму тарбия фаро гирифтани ҷавонон, мусаллаҳсозии аҳолӣ бо маърифати исломӣ ва таъмини тозагии эътиқоди аҷдодиамон мебошад. Айни замон ба муқобили ҷаҳолат аз тариқи маърифат мубориза бурдан дар симои ин қабил ҳаракатҳои нек ва ободгариҳо дар қисмати шаҳри куҳнаи Тошканд муҷассам мебошад. Марказ бояд собит созад, ки ислом воқеан инъикосгари илму маърифат аст, бо дарк кардани моҳияти ҳақиқии он чӣ будани одоб ва ахлоқи пок, маданияту маърифати ҳақиқӣ ва инсонпарварии олиро тасаввур кардан мумкин.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: