Маърифати кишоварзӣ аз дидгоҳи ИА:

МАНФИАТ БАРОИ ӮЗБЕКИСТОН

Соҳаи аграрӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии иқтисодиёти Ӯзбекистон ба шумор меравад. Он аҳолиро бо маҳсулоти озуқаворӣ, саноати мамлакатро бо ашёи хом таъмин менамояд.
Солҳои охир суръати баланди афзоиши миқдори аҳолии деҳот, аз ҷумла, аҳолии дорои қобилияти корӣ мушоҳида мегардад. Таъмин сохтани шуғли муттасил, афзун кардани даромад ва баланд бардоштани фаровонҳолии аҳолии деҳот аз бисёр ҷиҳат ба рушди соҳаи аграрӣ ва соҳибкорӣ дар  деҳот вобаста мебошад.
Соли гузашта дар анҷумани кормандони хоҷагии қишлоқи Ӯзбекистон Президент Шавкат Мирзиёев қафомонии илми ба рушди кишоварзӣ тахассусдоштаро аз ҷумлаи мушкилоти ҷиддӣ эълон кард. Ҳамчунин дар мамлакат зарурияти инкишоф додани тухмипарварӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои аграрӣ  таъкид гардид. Вобаста ба ин омӯхтани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ аҳамияти махсуси амалӣ дорад.
Ҳоли ҳозир бино бар куҳансолшавии аҳолии деҳоти Аврупо тайёр кардани кадрҳо ва фермерони ҷавон, ба онҳо бино бар истифодаи инноватсияҳои аграрӣ маслиҳат додан мушкилоти муҳимтарин мегарданд. Зеро фермерон бобати таъмин кардани бехатарии озуқавории 500 миллион нафар аҳолии Иттиҳоди  Аврупо нақши муҳими ҳаётӣ мебозанд.
Чунончи, дар Фаронса шабакаи фарогири муассисаҳои таълимӣ барои тайёркунии фермерон мавҷуданд. 806 мактаби таълими ҳамагонӣ, 371 адад майдони таҷрибаомӯзӣ, 495-то интернет-сайтҳои таълими муттасили касбӣ, 19 мактаби олӣ аз ин ҷумла мебошанд. Ҳамзамон 192 хоҷагии фермерӣ, 32 лабораторияи технологӣ амал мекунад, ки дар онҳо 465 ҳазор донишҷӯён ва таҷрибаомӯзон машғул мебошанд.
Дар як қатор кишварҳои ИА дар соҳаи аграрӣ инкубаторҳои тиҷоратӣ мавҷуданд. Ҳамчун мисол метавон инкубаторҳои тиҷоратии «Point Vert»-ро дар Белгия, шабакаҳои «PEHETA»-ро дар Фаронса, «The Kindling Trust/FarmStatr»-ро дар Британияи Кабир номбар кард.
Ин механизмҳо барои фермерон як қатор имкониятҳо, аз ҷумла санҷиши лоиҳаҳои тиҷоратӣ то оғози кор, дастёбӣ ба замин, сармоя ва вомро фароҳам меоваранд. Зиёда аз ин инкубаторҳои тиҷоратӣ барои таълим ва рушди донишҳои идоракунӣ ва банақшагирии тиҷоратии фермерони оянда, ҳамчунин пешрафти касбии онҳо дар тӯли ду-се сол шароит муҳайё мекунанд. Дар анҷоми давраи санҷишӣ таълимгирандагон лоиҳа ва мувофиқи мақсад будани татбиқсозии онро маънидод менамоянд.
Барои кадрҳои ҷавон тақрибан 50 барномаи табодули байналхалқӣ, аз ҷумла дар Британияи Кабир, Канада, ИМА, Австралия ва Туркия низ амал мекунанд. Мақсади онҳо корбурди дониш ва таҷриба дар усул ва технологияҳои мухталифи соҳаи аграрӣ ба шумор меравад.
Яке аз барномаҳои байналхалқии наздисарҳадии табодулотии Иттиҳоди Аврупо «Erasmus барои соҳибкорони ҷавон» мебошад, ки ба фермерони навкор барои оғоз кардан ва бомуваффақият ба роҳ мондани тиҷорати хурдашон дар Аврупо донишҳои зарурӣ медиҳад. Соҳибкорони нав бо корчаллонҳои соҳибтаҷриба дар тӯли аз 1 то 6 моҳ ҳамкорӣ ва таҷриба иваз менамоянд, мубодилаи фикру ақида мекунанд. Барнома қисман аз ҷониби Комиссияи Аврупо бо маблағ таъмин карда мешавад.
Эволютсияи соҳаи аграрӣ ва суръати баланди рушди донишҳои илмӣ тайёрии дараҷаи баланди техникии фермерони аврупоиро барои ҳаллу фасли вазифаҳои нав, аз ҷумла баланд бардоштани ҳосилнокӣ, идораи сарфакоронаи захираҳои табиӣ, пешниҳоди хидматҳои низоми экологӣ ва обсозиш ба тағйироти бозорҳои истеъмолиро тақозо менамояд. Дарёфти донишҳои техникӣ ва таҷриба имкон медиҳад технологияҳои пешқадами автоматикӣ, маълумотҳои компутерӣ, донишҳои дигари истеҳсолӣ самарабахш истифода шаванд.
Аз ин нуқтаи назар дар кишварҳои ИА коромӯзонӣ ба фермерон ва ҳамкории байналхалқӣ оид ба масъалаҳои инноватсия бағоят рӯзмарра мебошанд. Бино бар баҳои мутахассисони Иттиҳоди Аврупо фермерон дар бораи ихтироъҳои нав, имкониятҳо ва мувофиқсозии стратегияҳо барои баланд бардоштани самаранокӣ ва диверсификатсияи истеҳсоли маҳсулоти аграрӣ ба маълумот ва донишҳо эҳтиёҷ доранд.
Дар ин маврид ба мушкилоти ихтисосомӯзӣ аз ҳисоби коҳиш додани ҳаҷми молҳои кишоварзӣ ё худ тағйир додани навъи истеҳсолот, чунончи, маҳдуд кардани хоҷагии қишлоқ эътибори зиёд дода мешавад. Истеҳсоли мунтазами миқдори зарурии озуқаворӣ барои аҳолии рӯзафзуни ҷаҳон бо харҷҳои кам технологияҳои инноватсиониро тақозо менамояд.
Ба мақсади дастгирӣ кардани «фермерии оқилона» дар ИА низоми маслиҳатдиҳӣ, тренинг ва бозомӯзонии фермерон инкишоф меёбад. Ин воситаҳо дониши онҳоро бобати вобастагии тарафайни байни идораи хоҷагидорӣ аз як ҷониб ва аз ҷониби дигар дар бораи меъёрҳое, ки ба ҳолати хуби замин, бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, саломатии ҷамъиятӣ, саломатии ҳайвонот ва рустаниҳо дахл доранд, зиёд мекунанд.
Дар ин бобат Кумитаи иқтисодӣ ва иҷтимоии ИА амал мекунад, ки ба ҳайати он коргарон, фермерон, кормандони нақлиёт, савдогарон ва намояндагони ҷомеаҳо дохил мешаванд. Кумита ба Комиссияи Аврупо бино бар лоиҳаи ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ ва қарорҳои дигари соҳаи кишоварзӣ ва муҳити атроф маслиҳат пешниҳод менамояд.
Минбаъд Иттиҳоди Аврупо ният дорад барои татбиқ намудани хидматҳои машваратӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи аграрӣ 156,3 миллиард евро ҷудо кунад. Дар доираи барнома умуман тайёр кардани 3,9 миллион фермер ба нақша гирифта шудааст. 
Дар Ӯзбекистон тақрибан 60 мактаби олии миллӣ дар 25 лоиҳаи «Erasmus+» бино бар самтҳои гуногун иштирок менамоянд. Чунончи, барномаи «Erasmus+» дар доираи лоиҳаи «Рушди имкониятҳо дар таълими олӣ» имконияти ҷудо кардани кӯмаки молиявиро дар ҳаҷми 30 фоиз аз буҷаи лоиҳавӣ барои бозсозии пойгоҳи моддиву техникии мактабҳои олӣ, яъне хариди таҷҳизоти лабораторӣ ва адабиёти замонавии таълим, дастёбӣ ба захираҳои умумиҷаҳонии таълимӣ ва гирифтани таъминоти барномавиро пешбинӣ менамояд.
Умуман дар партави баланд бардоштани самаранокии ислоҳоти сохторӣ дар соҳаи аграрии Ӯзбекистон масъалаҳои пешбурди ҳамкорӣ бо кишварҳои пешқадами Аврупо дар соҳаи кишоварзӣ ва вусъат додани муносибатҳои шарикии байни донишгоҳҳои бонуфузи аграрии Ӯзбекистону Иттиҳоди Аврупо фаъолтар карда мешаванд. Баробари ин истифодаи фаъолонаи барномаҳои васеъмиқёси аврупоӣ, аз ҷумла «Erasmus+» ба мақсади бозсозии пойгоҳи моддиву техникии мактабҳои таълими олии аграрии Ӯзбекистон, ҳамчунин ба роҳ мондани робитаҳои шарикии байни ҷамоаҳои фермерони миллӣ ва аврупоӣ барои ҳамаҷониба ҷорӣ намудани инноватсияҳои аграрӣ дар кишвари мо мувофиқи мақсад мебошад.

Дилором МАМАДҚУЛОВА,
корманди пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: